Мафҳум ва моҳияти системаи сиёсӣ

Системаи сиёсӣ – маҷмӯи институтҳои сиёсӣ, меъёрҳои сиёсӣ ва муносибатҳои сиёсиест, ки дар якҷоягӣ ҳамгироии ҷомеаро таъмин намуда, имкон медиҳанд, ки барои рушди бомароми ҷомеа қарорҳои муҳимми сиёсӣ қабул карда шаванд. Бори аввал мафҳуми «системаи сиёсӣ» аз ҷониби сиёсатшиноси амрикоӣ Дэвид Истон (1917-2014) мавриди истифода қарор дода шудааст. Ӯ бо мақсади хубтару беҳтар нишон додани моҳияти сиёсат назарияи системаи сиёсиро ташаккул додааст. Ба ақидаи ӯ, системаи сиёсӣ маҷмӯи фаъолиятҳои мутақобилае мебошад, ки ба воситаи онҳо дар ҷомеа тақсими арзишҳо ба роҳ монда мешавад. Ба андешаи Д.Истон, системаи сиёсӣ бо муҳите, ки онро иҳота намудааст, алоқамандии зич дорад. Ӯ муҳити дохилӣ ва берунии системаи сиёсиро аз ҳам ҷудо намудааст.

Дар муҳити берунии системаи сиёсӣ ангезаҳое ба вуҷуд меоянд, ки системаи сиёсӣ ба хотири нигоҳ доштани устувории худ ба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Ангезаҳои мазкурро системаи сиёсӣ ба инобат гирифта, бо назардошти онҳо қарорҳои сиёсӣ қабул менамояд. Одатан ду навъи ангезаҳои ҷамъиятиеро, ки ба системаи сиёсӣ таъсири бевосита мерасонанд, аз ҳам фарқ намудан мумкин аст. Ба ибораи дигар ангезаҳои ҷамъиятӣ дар ду шакл зоҳир мегарданд: 1) талабу дархост ва ё иддао; 2) эътироф, дастгирӣ ва ҷонибдорӣ. Системаи сиёсие, ки талабу дархости ҷомеаро ба инобат намегирад, наметавонад мавҷудияти худро нигоҳ дорад. Мавҷуд набудани талабу дархост низ ба системаи сиёсӣ имкон намедиҳад, ки ба таври зарурӣ фаъолият намояд. Аммо дар баробари талабу дархост, инчунин барои системаи сиёсӣ дастгирӣ ва ҷонибдорӣ низ хеле зарур мебошанд. Зеро устувории системаи сиёсӣ замоне имконпазир мегардад, ки он дар ҷомеа тарафдорон ва ҷонибдорони бештар дошта бошад ва ҳамзамон онро агар аксарият эътироф намуда бошанд. Дар акси ҳол системаи сиёсӣ ба буҳрон дучор мегардад. Лекин барои системаҳои сиёсии замони муосир, ки моҳиятан демократӣ мебошанд, мавҷудияти ҳам талабу дархост ва ҳам дастгирию ҷонибдорӣ зарур мебошанд.

Талабу дархост асосан дар атрофи масъалаҳои зерин зоҳир мегарданд:

– тақсими неъматҳои ҷамъиятӣ ва хизматрасониҳо (масалан, талабу дархост оид ба қабули қонун дар бораи музди меҳнат, дар бораи вақти корӣ, дар бораи таҳсилот, андозҳо ва ғ.);

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

– танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рафтори одамон (масалан, оид ба таъмини амният, назорати истеҳсолот ва истеъмолот, назорати бозор, риояи қонун ва ҳимояи ҳуқуқ);

– иттилоот ва иртибот (масалан, талабу дархости гурӯҳҳои иҷтимоӣ оид ба дастрасии онҳо ба иттилоот).

Бояд гуфт, ки талабу дархост дар ҷомеаҳои гуногун дар шакли мухталиф зоҳир мегарданд. Мазмун ва мундариҷаи онҳо аз дараҷаи рушди демократия, маданияти сиёсии шаҳрвандон, рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва монанди инҳо вобаста мебошад.

Дастгирӣ ва ҷонибдории системаи сиёсӣ бошанд, дар шаклҳои зерин мушоҳида мегарданд:

– риоя намудани қонунҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ;

– дар ҳаёти сиёсии мамлакат фаъолона иштирок намудан (масалан, дар интихобот ва дигар чорабиниҳои сиёсию идеологӣ);

– эътироф намудани ҳокимияти давлатӣ ва боварӣ доштан ба иттилооти расмӣ;

– бечунучаро ба ҷо овардани талабу дархости ҳокимияти давлатӣ (масалан, хизмат намудан дар сафи қувваҳои мусаллаҳ, саривақт ва ихтиёран супоридани андозҳо, риоя намудани тартиботи ҷамъиятӣ, итоат намудан ба қонунҳо ва ғ.).

Ҳамин тариқ, ангезаҳои ҷамъиятие, ки ба системаи сиёсӣ ворид мегарданд, дар дохили система таҳлил ва коркард гардида, ба қарорҳои сиёсӣ ва фаъолиятҳои сиёсӣ табдил меёбанд. Қарорҳои сиёсии қабулшуда ва фаъолиятҳои сиёсии дар заминаи қарорҳои мазкур бамалояндаро ангезаҳои сиёсӣ низ номидан мумкин аст. Ангезаҳои сиёсӣ дар шаклҳои зерин зоҳир мегарданд:

– ба амал баровардани танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва рафтори одамон;

– тақсим намудани неъматҳои ҷамъиятӣ ва хизматрасониҳо;

– қабули қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқӣ.

Ҳамин тариқ, ангезаҳои воридшаванда ва ангезаҳои хориҷшавандаро аз ҳам фарқ намудан мумкин аст. Шартан ангезаҳои аввалро ҷамъиятӣ ва дуюмро сиёсӣ номидан мумкин аст. Зеро ангезаҳои ҷамъиятӣ аз берун ба дохили системаи сиёсӣ ворид мегарданд, ки бавуҷудоварандагони онҳо шаҳрвандони қаторӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсии ғайриҳукмрон мебошанд. Аммо ангезаҳои сиёсие, ки баъди қабули қарор ба беруни системаи сиёсӣ хориҷ мегарданд, аз ҷониби элитаи ҳукмрон ба вуҷуд оварда мешаванд. Дар заминаи мубодилаи ангезаҳои мазкур алоқамандии муҳити беруна бо муҳити дохилӣ ва баръакс алоқамандии муҳити дохилӣ бо муҳити беруна ба вуҷуд меояд.

Дар самти рушду инкишофи минбаъдаи системаи сиёсӣ олими амрикоӣ Габриэл Алмонд (1911-2002) саҳми беандоза гузоштааст. Ба ақидаи Г.Алмонд, системаи сиёсӣ маҷмӯи институтҳое (парлумон, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти ҳокимияти иҷроя, судҳо) мебошад, ки онҳо ҳадафҳои дастаҷамъонаи гурӯҳҳои гуногуни ҷомеаро дар амал татбиқ менамоянд. Ӯ ҷанбаҳои функсионалии системаи сиёсиро мавриди омӯзиш қарор дода, вазифаҳои берунӣ ва дохилии онро нишон додааст. Ба ақидаи ӯ, вазифаҳои берунии системаи сиёсӣ аз инҳо иборат мебошанд: артикулятсияи манфиатҳо; агрегатсияи манфиатҳо; иҷтимоикунонии сиёсӣ; интихоби кадрҳо; таъмин намудани иртиботи сиёсӣ. Артикулятсияи манфиатҳо – раванди ташаккулёбӣ ва зоҳиршавии талабу дархостҳое, ки ба унвонии сохторҳои сиёсӣ ва маркази қабули қарорҳои сиёсӣ равона гардидаанд. Агрегатсияи манфиатҳо – раванди бо ҳам наздик намудани талабу дархостҳо ва манфиатҳои гурӯҳҳои гуногуни ҷомеа ва ба барномаҳои ҳизбӣ ворид намудани онҳо. Иҷтимоикунонии сиёсӣ – раванди шинос намудани одамон бо меъёрҳо ва арзишҳои системаи сиёсии ҷомеа. Инчунин, системаи сиёсӣ дар зери фишори ангезаҳои ҷамъиятӣ маҷбур мегардад, ки интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳоро ба таври зарурӣ амалӣ намояд. Иртиботи сиёсӣ бошад, раванди интиқол ва паҳн намудани иттилооти сиёсӣ чи дар миёни унсурҳои таркибии системаи сиёсӣ ва чи дар миёни система ва муҳити берунии он мебошад. Вазифаҳои мазкурро як қатор сохторҳои сиёсӣ анҷом медиҳанд: ҳизбҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои манфиатдор, мақомоти ҳокимияти қонунгузор. Вазифаҳои дохилии системаи сиёсӣ чунинанд: эҷоди қонунҳо, иҷроиши қонунҳо, қоидаҳо ва меъёрҳо, назорати иҷроиши онҳо. Вазифаҳои мазкурро мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ иҷро менамоянд.

Дар илмҳои сиёсӣ системаҳои сиёсии устувор ва ноустуворро аз ҳам ҷудо менамоянд. Дар аксар маврид устувории системаи сиёсӣ ба воситаи самаранокии он муайян карда мешавад. Самаранокии системаи сиёсӣ – ин қобилияти саривақт таваҷҷуҳ намудан ба талабу дархостҳо, қобилияти дар амал татбиқ намудани мақсадҳо ва танзим намудани муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ мебошад. Меъёрҳои самаранокии системаи сиёсӣ дараҷаи рушди қобилиятҳое мебошад, ки онҳоро ба таври зерин нишон додан мумкин аст: 1) қобилияти ба таври дуруст ва зарурӣ сафарбар намудани манбаъҳо; 2) қобилияти назорат намудани рафтори шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ; 3) қобилияти ба таври дуруст тақсим намудани манбаъҳо, хизматрасониҳо ва мавқеъҳо; 4) қобилияти нигоҳ доштани арзишҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба вуҷуд овардани арзишҳои нав.

Г.Алмонд дар асари худ «Сиёсат дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ» шарту шароитҳои самаранокии системаи сиёсиро аз мавҷудияти вазифаҳои система вобаста намудааст, ки иборатанд аз: иҷтимоикунонии сиёсӣ; интихоби кадрҳо; артикулятсия ва агрегатсияи манфиатҳо; иртиботи сиёсӣ; қонунэҷодкунӣ, иҷроиши қонунҳо ва назорати иҷроиши онҳо.

Устувории сиёсӣ бошад, пойдории системаи сиёсӣ мебошад, ки бо қобилиятҳои он асос меёбад. Яъне, қобилияти саривақт таваҷҷуҳ намудан ба талабу дархостҳо, дар робита бо онҳо қабул намудани қарорҳои натиҷабахш ва дар амал татбиқ намудани қарорҳои мазкур. Баъзан самаранокӣ ва легитимияти ҳокимият шарту шароитҳои асосии устувории сиёсӣ дониста мешаванд. Чунин шакли баррасӣ хосси тафаккури олими амрикоӣ Сеймур Липсет (1922-2006) мебошад. Ба ақидаи ӯ, системаҳои сиёсӣ бо назардошти самаранокӣ ва легитимияти ҳокимият метавонанд аз ҳам тафовут дошта бошанд. Бинобар ин, ӯ системаҳои сиёсии устувор, нисбатан устувор ва ноустуворро аз ҳам фарқ намудааст. Ба андешаи С.Липсет, системаҳои сиёсие, ки дар як вақт ҳам самаранок ва ҳам легитимӣ ҳастанд, системаҳои устувор ба шумор мераванд. Системаҳои сиёсии самаранок, аммо ғайрилегитимӣ ва ё баръакс, бесамар, аммо легитимӣ ба гурӯҳи системаҳои сиёсии нисбатан устувор дохил карда шудаанд. Аммо, системаҳои сиёсие, ки самаранокӣ ва легитимият надоранд, ба системаҳои ноустувор дохил мешаванд. Омилҳое, ки устувории системаи сиёсиро таъмин менамоянд, аз инҳо иборат мебошанд: рақобати сиёсӣ; фаъолиятҳои қонунӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ; мавҷуд набудани ҳизбҳои зиддисистемавӣ; маданияти демократии шаҳрвандон; созиши неруҳои сиёсӣ оид ба арзишҳои сиёсӣ; аз байн бурдани заминаҳои пайдоиши низоъҳои иҷтимоӣ, синфӣ, мазҳабӣ ва ғ.

Сиёсатшиноси амрикоӣ Аренд Лейпхарт устуворӣ ва ноустувории ҷомеаи демократиро асоснок намуда, ду омилеро номбар менамояд, ки онҳо метавонанд системаи сиёсии демократиро ноустувор гардонанд: коҳиш ёфтани иқтидори элитаи ҳукмрон ва дар ҷомеа ба вуҷуд омадани мухолифатҳои иҷтимоӣ, динӣ ва этникӣ.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, системаи сиёсии чомеа, системаи сиёси, системаи сиёсии ҷомеа, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, Мафхум ва мохияти системаи сиёси 

ҚаблӣБаъзе омилҳои таърихию сиёсии истиқлолияти Тоҷикистон
БаъдӣУнсурҳои таркибӣ ва вазифаҳои системаи сиёсӣ