Наср ва мавзӯю муҳтавои он (дар асрҳои XIII ва XIV)

Наср ва мавзую мухтавои он (дар асрхои 13 ва 14).


Дар асрҳои XIII ва XIV насри бадеӣ мақоми хешро аз даст надод. Вале бояд ёдовар шуд, ки дар асарҳои насрии ин давра забони арабӣ нуфузи зиёд пайдо кард, ки ин як хусусияти насри маснӯъ буда, маҳсули эҷоди адибони ҳамин давр аст.

Маҳз «Калила ва Димна»-ро Абулмаолии Насруллоҳ бо ҳамин сабк таҳрир кард. Дар он калимоту ибороти забони арабӣ фаровон истифода шудаанд.

«Тӯтинома»-и Зиёи Нахшабӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт»-и Муҳаммади Авфии Бухороӣ, «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Ах лоқ-улашроф», «Сад панд», «Рисолаи дилкушо», «Риш нома»-и Убайди Зоконӣ бо насри сода иншо гардидаанд.

Мавзӯи асарҳои ёдшуда панду андарз буда, масъалаҳои муҳимми тарбиявиро дар бар мегиранд. Ҳикоёти дилнишин ва рангини адибон барои тарбияи худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ҳисси ватандӯстии хонандагон аҳамияти бузург дорад. Гузашта аз ин, асарҳо нигоҳдори умри абадии забони адабӣ ҳастанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Инчунин, ба воситаи чунин асарҳо забони мо рушду камол ёфт ва аз тундбоди ҳар гуна ҳаводиси рӯзгор бегазанд монд, ки мову шумо бо ин забон ҳарф мезанем.

Аз ин нигоҳ хизмати адибони ин асрҳо басо арзишманд аст.

ҚаблӣШеърхо дар бораи Китоб
БаъдӣМазмун ва мундариҷаи «Бадоеъулвақоеъ»-и Восифӣ