Мафҳуми ҷиноят ва аломатҳои таркиби он

Ҷиноят ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокест, ки кодекси ҷиноятии ҶТ бо таҳдиди татбиқи ҷазо онро манъ кардааст. Ин мафҳуми ҷиноят дар моддаи 17-и кодекси ҷиноятии ҶТ омадааст.

Аз мафҳуми додашуда нишонаҳои зерини ҷиноят бармеоянд:

1) барои ҷамъият хавфнок будани кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ);

2) рафтори зиддиҳуқуқӣ будани он, яъне он бо кодекси ҷиноятӣ манъ шудааст;

3) гунаҳгорӣ;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

4) лоиқи ҷазо будани чунин кирдор.

Ҷиноят мисли дигар ҳуқуқвайронкунӣ – рафтори зиддиҳуқуқӣ аст, яъне муқобили қонун равона гашта, дар натиҷаи он нишондодҳои ҳуқуқӣ вайрон мешаванд. Кирдори ҷиноӣ дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ содир мегардад. Ҳаракат – рафтори зиддиҳуқуқии фаъолона буда, беҳаракатӣ бошад, дар шакли ғайрифаъолона амалӣ мегардад. Он дар содир накардани ҳаракати фаъолонае, ки шахс мебоист ва метавонист содир кунад, ифода мегардад. Масалан, мувофиқи қонунгузории ҶТ ашхоси алоҳида барои иҷро кардани як қатор амалҳо вазифадоранд, ки дар сурати иҷро накардан беҳаракатии онҳо ҳмчун ҷиноят эътироф мешавад. Ба монанди, аз ҷониби духтур ба бемор ёрии таъҷилии тиббӣ расонида намешавад ва ё корманди милитсия шаҳрвандро аз ҷинояткор муҳофизат намекунад.

Хавфнокии ҷамъиятӣ – ин нишонаи ҷиноят дар он ифода мегардад, ки дар натиҷаи содир кардани кирдори барои ҷамъият хавфнок ба шахсият, ҷамъият ва давлат зарари ҷиддӣ расонида мешавад ё таҳдиди расонидани чунин зарар ҷой дорад.

Лоиқи ҷазо будани кирдор чунин маъно дорад, ки кирдор он гоҳ ҷиноят эътироф карда мешавад, ки агар барои он дар кодекси ҷиноятӣ ҷазо пешбинӣ шуда бошад.

Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида аст.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ – чораи маҷбурсозии давлатӣ буда, истифодаи ҷазоҳои ҷиноятӣ ва дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро нисбати ашхоси дар содиршавии ҷиноят гунаҳгор дар назар дорад. Ҷавобгарии ҷиноятӣ ин аз номи давлат маҳкум кардани шахси ҷиноят содиркарда мебошад, ки он дар баровардани ҳукми айбдорӣ нисбати ӯ ифода мегардад. Моҳияти ҷавобгарии ҷиноятӣ бошад, дар он ифода мегардад, ки шахси ҷиноят содиркарда маҳдудиятҳои муайяни ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро бояд аз сар гузаронад. Мисол, дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, ҷарима, мусодираи амвол, маҳрум шудан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти махсус.

Кодекси ҷиноятии ҶТ танҳо як асоси ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад – таркиби ҷиноят. Яъне, танҳо ҷой доштани аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдори содиршуда асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ шуда метавонад. Таркиби ҷиноят – маҷмӯи аломатҳои субъективӣ ва объективии аз тарафи қонуни ҷиноятӣ пешбинӣ шудае мебошанд, ки кирдори мушахаси ба ҷамъият хавфнок содиршударо чун ҷиноят нишон медиҳанд. Таркиби ҷиноят аз чор унсури асосӣ иборат аст:

1) объекти ҷиноят;

2) тарафи объективии (берунаи) ҷиноят;

3) субъекти ҷиноят, яъне, шахси ҷиноят содиркарда;

4) тарафи субъективии (дохилаи) ҷиноят.

Таркиби ҷиноят – мафҳуми ягона ва тақсимнашаванда буда, унсурҳои он дар пайвастагӣ ва алоқамандӣ ҷойгиранд. Ҷой надоштани як унсур аҳамияти се унсури дигарро аз байн мебарад. Дар сурати набудани яке аз ин аломатҳо (масалан, синну соли зарурӣ) шахс (гарчанде кирдори хавфнок содир карда бошад ҳам) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.

Объекти ҷиноят – ин муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки аз тарафи кодекси ҷиноятӣ ҳифз мегарданд.

Тарафи объективии ҷиноят – ин тарафи берунаи содири ҷиноятро дар назар дошта, дар шакли ҳаракат ё беҳарактӣ зоҳир мегардад. Аксарияти ҷиноятҳо дар шакли ҳаракат содир мешаванд. Аммо ҷиноятҳое них хастанд, ки онҳо дар шакли беҳаракатӣ низ содир мегарданд. Масалан, аз тарафи корманди тиб нарасонидани ёрии тиббӣ.

Субъекти ҷиноят – ин шахси ҷисмонии мукаллафи ба сини муқарраркардаи қонун расидае мебошад, кирдори ҷиноиро солир кардааст. Ба ҷавобгарии ҷиноятӣ шахсе кашида мешавад, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни шонздаҳсолагӣ расидааст.

Шахсе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни чордаҳсолагӣ расидааст, барои содир намудани ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад: одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, одамрабоӣ, таҷовуз ба номус, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, муносибатҳои ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психтропӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва як қатор дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин.

Шахсе, ки ҳангоми содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок дар ҳолати номукаллафӣ буд, яъне бар асари бемории рӯҳии доимӣ, парешонии муваққатии рӯҳӣ, заъфи ақл ва ё ҳолати дигари бемории рӯҳӣ хусусияти воқеӣ ва хавфнокии ҷамъиятии ҳаракат ё беҳаракатии худро дарк ё онро идора карда наметавонист, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад.

Мукаллафӣ яке аз асосҳои ҳатмии ҷавобгарии ҷиноятӣ аст. Агар он набошад, ҷавобгарӣ ҳам нест. Яъне, агар кирдори барои ҷамъият хавфнокро шахси номукаллаф содир намояд, пас ӯ ба ҷавобгарӣ кашида намешавад.

Номукаллафӣ гуфта, чунин ҳолати носолими рӯҳиву зеҳнии шахсро меноманд, ки бар асари он ӯ хавфнокии кирдорашро дарк карда наметавонад ё онро идора карда наметавонад. Номукаллафӣ, яъне вазъи носолими рӯҳиву зеҳнии шахс бар асари бемории рӯҳии доимӣ, парешонҳолии муваққатии рӯҳӣ, заъфи ақл ё ҳолати дигари беморӣ рӯй медиҳад.

Бояд қайд кард, ки ба шахсе, ки дар ҳолати номукаллафӣ кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонуни ҷиноятӣ пешбинишударо содир намудааст, чораҳои дорои хусусияти маҷбурии тиббӣ таъин кардан мумкин аст.

Тарафи субъективии ҷиноят – ин муносибати ботинии шихсро ба кирдори содиркардааш ифода менамояд. Он асосан дар шакли гуноҳ зоҳир мегардад.

Гуноҳ – ин муносибати рӯҳии (психикии) шахс дар шакли қасдона ё беэҳтиётӣ нисбат ба кирдори содирнамуда ё оқибатҳои он мебошад, ки муносибати манфии ӯро нисбат ба манфиатҳои шахс ва ҷомеа нишон медиҳад. Танҳо шахсе дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор эътироф мешавад, ки ӯ ин кирдорро қасдан ё аз беэҳтиётӣ содир карда бошад.

Кодекси ҷиноятии ҶТ чор категорияи ҷиноятро ҷудо намудааст:

1) Ҷиноятҳои начандон вазнин;

2) Ҷиноятҳои дараҷаи миёна;

3) Ҷиноятҳои вазнин;

4) Ҷиноятҳои махсусан вазнин.

Бояд қайд намуд, ки намудҳои ҷиноят дар асоси хусусият ва дараҷаи хавфнокии барои ҷамъият доштаашон ҷудо карда шудаанд. Аз рӯи таснифоти овардашуда ҷиноятҳои қасдона ба чор категория ҷудо мешаванд. Онҳо вобаста ба андозаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ҷудо мешаванд. Ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои начандон вазнин на бештар аз ду сол, ҷиноятҳои дараҷаи миёна – на бештар аз панҷ сол, ҷиноятҳои вазнин – на бештар аз дувоздаҳ сол, ҷиноятҳои махсусан вазнин – зиёда аз дувоздаҳ сол ё ҷазои аз он ҳам сахттарро ташкил медиҳад.

Ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда ба ду категория ҷудо мешаванд:

1) начандон вазнин ва;

2) дараҷаи хавфнокиашон миёна.

Ҳангоми таснифи ин ҷиноятҳо низ андозаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба инобат гирифта шудааст. Ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршудаи начандон вазнин – на зиёда аз ду сол, барои ҷиноятҳои дараҷаи хавфнокиашон миёна – зиёда аз панҷ солро ташкил медиҳад. Бояд қайд кард, ки ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиршуда – ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро ташкил намекунанд.


Калидвожаҳо: хукуки чинояти, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҷиноят, ҷинояткорӣ дар тоҷикистон, чинояткори, хукуки чинояти дар точикистон, хукук, ҳуқуқ, donishju tj, донишчу тч, студент тч, донишҷӯ тҷ, реферат, донишҷӯ, кори курси, кори курсӣ, реферати точики, реферат бо забони точики, реферат бо забони тоҷикӣ, сайти омузиши, сомонаи омузишӣ, сайти точики, сайтхои точики, сайти тоҷикӣ

ҚаблӣМафҳум, вазифаҳо ва принсипҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ
БаъдӣШарикӣ дар ҷиноят