Оҷ гум карду забонро гум накард (Шеъри пурра)

Дар ин матлаб Шеъри забони точики, шеър дар васфи забон, шеъри забон ва шеъри Оч гум карду забонро гум накард, ки ба Бозор Собир тааллуқ дорад дар шакли пурра оварда мешавад.

Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,
Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.
Суннати волою девон дошт, дод,
Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш дониши Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт.
Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

Дод ӯ аз даст гурзи Рустаму Суҳробро,
Барбарони нотавонеро тавоно кард ӯ,
Номи худро ҳамчу гӯри Рӯдакӣ аз ёд бурд,
Қотилони хешро машҳури дунё кард ӯ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Қомати кӯтоҳи Манғит
аз манори каллаи аҳли Хуросон шуд баланд.
Пастии саҳрои Қипчоқ
аз баландии Бадахшон шуд баланд.

Халқи тоҷик,
халқи армон.
Об дар чашм,
чун ятимон.
Дар лабаш хашм,
чун ятимон.
Аз Ватан то бар кафан, ҳар буду нобудаш, ки буд,
бар кафанталбу ватанталбандаҳо бахшиду дод.

Аз Ватан то бар кафан худро адо кард,
Аз Ватан то бар кафан худро гадо кард.
Душмани дарвеши худро шоҳу доро карду худ дарвеш шуд…

Дар миёни тангчашмоне, ки чашми тангашонро,
ҳеҷ ганҷе пур намекард,
Ҳафт хони Рустамашро барҳадар густурд,
Ҳафт ганҷи қиммати Афросибашро барҳадар рехт,
Ҳафт мулкашро фидо кард.

Дар миёни тангчашмоне, ки дар чашмонашон,
солҳои тангиро медид ӯ,
гаҳ дар оташ,
гаҳ дар об,
Таҳ ба таҳ бо сӯхтанҳои манори Суғдиёнаш сӯхт-сӯхт,
Бо харобободи девору дари Афросиёбаш шуд хароб.

Лек лафзи модарияш, ҳамчу номи модараш,
дар забону дар даҳонаш монд-монд.
Ҳар сухан бо шири модар сахт шуд,
дар устухонаш монд-монд.

Худ ба худ дар гӯшаи хоки диёр,
аз ҷудоӣ, аз ғарибӣ,
ӯ гиристу гиряҳо бар обшорон ёд дод,
лафзи куҳистоние бар боду борон ёд дод.
Рӯдҳоро Рӯдакидон кард ӯ,
Бодҳоро Анварихон кард ӯ.

Оқибат, аз ҳафт иқлим
зери пояш як қадам монд,
як қадам аз мулки Ҷам монд,
Лек дар дасташ қалам монд,
бо қалам дар ҳар қадам монд.

Мағзи кӯҳистон даромад,
балки гӯристон даромад.
Тарки дунё карду тарки шоирӣ не,
тарки ин пайғамбарӣ не.
Ғорҳоро мактаби шеъру ғазал кард,
дар забони модарӣ сеҳру амал кард.
Ҷилди девони ғазалро, ҷилди девони азал кард.

То кунун аз тоқи ғоре,
аз мағоке, аз мағоре,
Аз мазору гӯшаи вайронае,
Метавон дарёфт тӯморе, баёзе,
дафтаре аз шоири гумном…

Рӯзи ноободияш тоҷик забон обод кард,
Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард,
давлате аз ҳарфи вазнин,
давлате аз шеъри рангин,
аз чунон шеъре, ки ҳар як мисрааш
ҷӯяе аз хуни сарбозони ӯст,
равзани нуре аз оташҳои зардуштони ӯст.

Гӯиё, чун сайди маҷрӯҳ
ӯ ҷароҳатҳои худро гаштаву баргашта лесид,
бо забони худ даво кард.

Дар сарояш тоҷик аз бахти нагун,
гарчи бо габру мусулмон ҳамсаро буд,
ҳамрасулу ҳамхудо буд,
дар забон аммо ҷудо буд…

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,
то наафтад аз забони хештан,
Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,
то наафтад бар замин қадри сухан.

Оҷ гум карду забонро гум накард,
Тоҷ гум карду забонро гум накард.
Бахт гум карду забонро гум накард,
Тахт гум карду забонро гум накард.
Рахт гум карду забонро гум накард…

Дар ҳаду сарҳадшиносии забон,
сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ,
Беҳисоб аст!!!
бешумор аст!!!
беҳад аст!!!…

Устод Бозор Собир.

Шеър дар васфи сухан/забон (Б. Ҳилолӣ)

ҚаблӣХоҳаракам (шеъри кудакона)
БаъдӣАфанди точики (аз суҳбати дугонаҳо ва ҷӯраҳо)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед