Мафҳум ва калима

Мафхум ва калима.


Мафҳум ва калима, дар пайдоиш ва ташаккули худ аз якдигар ҷудонашавандаанд. Калимаҳо асоси моддии мафҳумҳо буда, бе онҳо ташаккулёбии мафҳумҳо имконнопазиранд. Лекин ин маънои онро надо-рад, ки онҳо бо ҳам айният бошанд. Онҳоро аз якдигар фарқ кунонида тавонистан лозим мебошад. Якум ин, ки на ҳар гуна мафҳум тавассути як калима ифода  мешавад. Бисёр мафҳумҳо тавассути гурӯҳи калимаҳо ифод  мешаванд. Масалан «донишҷӯёни курси якуми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» «Ташкилоти  байналмилалии  политсияи ҷиноӣ» ва ғайра. Дуюм ин, ки мафҳум ва калима на ҳамеша бо якдигар мувофиқ меоянд, ки ин аз мавҷуд будани омонимҳову сино-нимҳо вобаста аст.

Омонимҳо гуфта калимаҳоеро меноманд, ки аз ҷиҳати овоз якхела буда, аммо мафҳумҳои гуногунро ифода менамоянд. Масалан, калимаи «пай» ё худ «из» панҷ маъно дорад: нақши пой ё ин ки панҷаи даст дар ягон сатҳ; натиҷаи фаъолияти ягон шахс, харошидан, натиҷаи зарба, ки дар бораи ягон амал шаҳодат медиҳад, ҷузъи ночизе, ки аз ягон чиз боқӣ мондааст, қисми поёнии пой ё ҳуд пошна.

Ба омонимҳо калимаҳое наздиканд, ки онҳоро паронимҳо мено-манд. Паронимҳо – калимаҳоеанд, ки онҳо аз рӯи овоз якреша мебошанд. Лекин аз рӯи қимат ва овоз гуногун буда, аз рӯи қиматашон қисман наз-диканд. Масалан «гуноҳ» ва «гунаҳкор», «шахси судшуда» ва «шахси судшаванда», «шахси давон» ва «шахси  гуреза».

Омехта кардани паронимҳо боиси вайрон шудани маънои калима мегардад. Ҳангоми нодуруст истифода бурдани паронимҳо хатогиҳо рӯй медиҳанд. Масалан «Судшаванда  аз ӯҳдаи боварии коллектив баромада натавонист». «Ин одамонро ман шинохта наметавонам барои он, ки рӯяшонро надидаам». Ҳамин тариқ, қобилияти мафҳумҳои гуногунро ифода карда тавонистани калимаҳо баъзан муҳокимаю мулоҳизаҳоро ноаниқ, ё норавшан менамояд. Барои ҳамин ҳам зарур аст, ки қимати калима аниқ муайян шавад то, ки вай маънои муайян дошта бошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ин рӯ, дар соҳаҳои гуногуни илму дониш низоми истилоҳот истифода мешавад. Истилоҳ гуфта калима ё гурӯҳи калимаҳоеро ме-номанд, ки он мафҳуми муайяни соҳаи махсуси илм, техника, санъат, ҳаё-ти иҷтимоӣ ва ғайра ифода менамояд. Истилоҳ нисбат ба забони ҳуқуқ ҳамчун калима ё худ гурӯҳи калимаҳо мебошад, ки аҳамияти юридикӣ дорад, чунки мафҳуми ҳуқуқиро ифода менамояд ва ҳангоми маърифати зуҳуроти олами моддӣ аз нигоҳи ҳуқуқ, истифода бурда мешавад. Сохти мантиқии мафҳумҳои ҳуқуқӣ барои ҳамаи мафҳумҳо якхела мебо-шад. Бо вуҷуди ин мазмун ва ҳаҷми онҳо дорои хусусиятҳоеанд, ки ҳангоми фаъолияти ҳуқуқтатбиқкунӣ бояд ба назар гирифта шавад.

Одатан ду навъи мафҳумҳои ҳуқуқиро фарқ мекунанд: нисбатан ҳуқуқӣ ва махсусан ҳуқуқӣ. Мафҳумҳои нисбатан ҳуқуқӣ на фақат дар фаъолияти ҳуқуқӣ, балки дар дигар соҳаҳо низ истифода мешаванд. Маса-лан, мафҳумҳои «қонун», «шоҳид», «модда», «тафтишот», «исбот», «амр» ва дигарон на фақат мазмуни ҳуқуқӣ, балки мазмуни дигар низ доранд.

Мафҳумҳои махсусан ҳуқуқӣ фақат сифатҳои ҳуқуқии объектро инъикос менамоянд. Масалан «даъвогар», «ҷавобгар», «ҳуқуқвайронкунӣ» ва ғайра.

Агар ба мазмуни мафҳумҳои нисбатан ҳуқуқӣ нишонаи навъии махсусан ҳуқуқӣ ҳамроҳ шавад, дар натиҷа онҳо ба мафҳумҳои махсусан ҳуқуқӣ табдил меёбанд. Масалан, мафҳуми «қонун» мафҳуми нисбатан ҳуқуқӣ аст, аммо мафҳуми «қонуни юридикӣ» махсусан ҳуқуқӣ мебошад. Бинобар ин барои ҳуқуқшинос зарур аст, ки барои аниқу равшан гардонидани маънои ҳуқуқӣ бояд аз мафҳумҳои махсусан ҳуқуқӣ истифода барад, гарчанде дар баъзе ҳолатҳо ҳуқуқшиносон мафҳумҳои нисбатан ҳуқуқиро кор мефармоянд. Мафҳумҳои махсусан ҳуқуқие, ки дар соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ истифода мешаванд, дар навбати худ, ба ду зергурӯҳ тақ-сим мешавад: умумӣ (куллӣ) ва махсус. Мафҳумҳои куллии ҳуқуқӣ дар назарияи умумии ҳуқуқ истифода мешаванд, ки назарияи мазкур асоси методологии ҳуқуқи соҳавиро ташкил медиҳад. Масалан, «тартиботи ҳуқуқӣ», «қонунӣ будан», «меъёри ҳуқуқӣ», «субъекти муносибати ҳуқу-қӣ», «ҷавобгарии юридикӣ» ва дигарон мафҳумҳои куллии махсусан ҳуқуқӣ мебошанд, ки дар ҳуқуқи ҷиноӣ, ҳукуқи шаҳрвандӣ, ҷараёни ҷиноӣ, ва ҳоказо бо таври васеъ истифода  мешаванд.

Мафҳумҳои махсуси соҳавӣ хусусиятҳои  соҳаи  мушаххаси ҳуқуқро ифода менамоянд. Мафҳумҳои ҳуқуқӣ барои он устувор ва муайян мебошанд, ки дар қонунҳо сабт гардидаанд. Мафҳумҳое, ки дар қонун-ҳои юридикӣ сабт шудаанд, барои субъекти  маърифат ягона ва ҳатмӣ мебошанд. Ягон кас наметавонад, ки мафҳумҳои дар қонун сабт шударо дар маънои дигар истифода барад.

Синонимҳо калимаҳоеанд, ки аз рӯи қиматашон  айниятдор ё худ ниҳоят наздиканд. Масалан, барои ифода кардани иштирокчиёни ҷиноят дар кодекси ҷиноӣ синонимҳои «шарик» ва «ёрдамчӣ» истифода  меша-ванд. Барои ифода кардани «дуздӣ» низ синонимҳои «ғорат» ва «тасар-руф» истифода мешаванд.

 Ниҳоят, сеюм фарқи байни калима ва мафҳум боз дар он зоҳир мегардад, ки дар гуфтугӯи ҳаррӯзаамон ба қимати асосии семантиқии  мафҳумҳо, аксар вақт тобиши иловагӣ ҳамроҳ мешавад, ки онҳо ҳассосият ё худ муносибати бақадр кардани шахси гӯяндаро нисбат ба ашёи фикр ифода менамоянд. Масалан дар ҷуфти мафҳумҳои «ҷаласа» ва «ҷамъо-мад», «раҳбар» ва «сарвар» калимаҳо аз  рӯи қимати семантиқиа-шон бо ҳам мувоофиқанд. Лекин, дар калимаҳои дуюмини ҳар як ҷуфт тобишҳои манфӣ ҷой доранд, ки дар калимаи якум нест. Дар чунин ҳолат низ фарқи байни калима ва мафҳум мушоҳида мешавад.

Ҳамин тариқ, гарчанде, ки мафҳум бо калима узван пайваст бошад ҳам, лекин на ҳамеша бо ҳам мувофиқ меоянд. Бинобар ин, калима шак-ли ифодакунии мафҳум аст, мафҳум бошад мазмуни маъногии  калима мебошад. Пас аз муайян кардани муносибати мафҳум бо калима зарур аст, ки усулҳои мантиқии ташакули мафҳумҳоро баён намоем.

Усулҳои асосии ташакули мафҳумҳо.

Муҳимтарин усулҳои мантиқии ташакули мафҳумҳо инҳоанд: таҳлил (анализ), синтез, муқоиса, таҷрид (абстрактсиякунӣ), умумият-диҳӣ (таъмим).

 Мафҳум дар асоси таъмими нишонаҳои муҳим (яъне хусусият ва муносибат), ки ба гурӯҳи ашёи якҷинса тааллуқ доранд, ташаккул меё-бад. Барои ҷудо кардани нишонаҳои муҳим зарурияти таcрид (сарфи назар кардан) аз нишонаҳои номуҳим, ки шумораи онҳо дар ашё ниҳоят бисёр аст ба миён меояд. Барои ин, ашёро бояд муқоиса намуд. Барои ҷудо намудани нишонаҳо лозим меояд, ки таҳлил намоем, яъне ашёи томро фикран ба ҷузъҳо ҷудо карда унсурҳову тарафҳо ва нишонаҳои алоҳидаашонро ошкор кардан лозим аст. Пас аз ин тавассути амали бар-ъакс яъне синтез ҷузъҳо ва нишонаҳои алоҳидаи ашёро (агар ба шарте, ки ин нишонаҳо нишонаҳои муҳим бошанд) фикран якҷоя менамоем.

Таҳлил – фикран ба ҷузъҳои таркиби тақсим кардани ашё ва бо ҳамин васила фикран ҷудо кардани нишонаҳои ашё мебошанд.

Синтез – фикран якҷоя кардани ашё ё худ он нишонаҳое, ки ҳан-гоми таҳлил ҷудо карда шуда буданд. Дар натиҷа, ҷузъҳо як чизи томро ташкил медиҳанд.

Муқоиса – фикран муқаррар кардани монандӣ ва фарқияти ашё дар асоси нишонаҳои муҳим ва номуҳим.

Таҷрид – (абстрактсиякунӣ)- фикран ҷудо кардани баъзе нишона-ҳои ашё  ва ба инобат нагирифтани баъзе нишонаҳои дигари ашё мебо-шад. Дар чунин ҳолат одатан танҳо нишонаҳои муҳим ҷудо шуда аз нишонаҳои номуҳим ва дуюминдараҷа  сарфи назар мешавад.

Таъмим (умумиятдиҳӣ) – фикран якҷоя кардани ашёи алоҳида дар ягон мафҳум. Ҳангоми таъмим маҷмӯи ашё аз рӯи нишонаҳои монанд дар як фикр, зери як шакли аломат (калима) муттаҳид карда мешавад.

Усулҳои мантиқии зикр шуда ҳам ҳангоми ташаккули мафҳумҳои нав дар фаъолияти илмӣ ва ҳам дар ҷараёни гирифтани до-нишҳо тавассути таҳсил истифода мешаванд.

ҚаблӣМафҳум чун навъи махсуси фикр. Шакли мантиқии мафҳум
БаъдӣМазмун ва ҳаҷми мафҳум