Машқу мисолҳо доир ба таъриф ва тақсим

Саволу ҷавоб, машқу мисолҳо доир ба таъриф ва тақсим (аз фанни мантиқ). Саволу чавоб, машку мисолхо доир ба таъриф ва таксим (аз фанни мантик).


1. Муайян намоед, ки таърифҳои зерин ба кадом навъи таъриф дохил мешаванд. Дар онҳо мафҳумҳои таърифшаванда, таърифкунанда, ҷинси наздик ва нишонаҳои фаслсозро нишон диҳед.

а) Ҷазо – чораи маҷбурии давлатиест, ки мувофиқи ҳукми суд нисбат ба шахсони ҷинояткор муайян мешавад.

б) Тӯҳмат – ҷиноятест, ки дар он барои бадном намудани ягон шахс суханҳои қасдан бардурӯғ паҳн карда мешавад.

в) Давлати сотсиалистӣ – ташкилоти сиёсии ҳокимияти халқ бо роҳбарии синфи коргар мебошад, ки дар натиҷаи ғалабаи инқилоби сотсиалистӣ ба вуҷуд меояд.

г) Роҳзанӣ –амалест, ки ба мақсади тасарруфи молу мулки давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахси бо зӯрӣ ё таҳдид содир мешавад.

д) Феъл – ҳиссаи нутқест, ки амал ва ҳолату вазъиятро ҳамчун амал мефаҳмонад.

е) Анемометр – асбобест барои чен кардани қувваи шамол.

ж) Исм – ҳиссаи нутқест, ки ашёро ифода намуда ба саволҳои кӣ ё чӣ ҷавоб мегӯяд.

з) Мафҳум шакли тафаккурест, ки ҷиҳат ва ҳолати муҳиму асосии ашёву зуҳуротро инъикос менамояд.

и) Абӯалӣ ибни Сино – олими забардасти халқи тоҷик, ки китоб – «Шифо» – ро навиштааст.

к) Мураббаъ – росткунҷаест, ки тарафҳояш баробаранд.

л) Космогония – соҳаи илмест, ки таърихи ташаккул ва таҳаввули ҷирмҳои осмониро меомӯзад.

2. Мафҳуми зеринро аз рӯи ҷинси наздик ва нишонаҳои фаслсоз таъриф намоед: Демократия, пролетариат, ҷазира, донишгоҳ, ҷиноят, до-нишҷӯ, феъл, кӯл, капитализм, ҳукм, ях, об, моҳ, мубтадо, ҷумҳурӣ, таъ-рих, инқилоби буржуазӣ.

3. Оё таърифҳои зерин дурустанд? Агар нодуруст бошанд пас кадом қоидаи таъриф риоя нашудааст ва ба кадом хато роҳ дода шудааст?

а) Дуздӣ – ба тариқи пинҳонӣ тасарруф намудани молу мулки шаҳрванд аст.

б) Мафҳум – инъикоси воқеият аст.

в) Роҳзанӣ – рӯирост тасарруф намудани молу мулки давлат аст.

г) Феодализм – сохти ҷамъиятиест,ки ба истисмори одам аз тарафи одам асос ёфтааст.

д) Ҷазо – чораи маҷбурии давлатиест,ки мувофиқи ҳукми суд нисбат ба шахсони ҷинояти хизматӣ содир карда пешбинӣ шудааст.

е) Мантиқ илмест, ки қонунҳои тафаккури дурустро меомӯзад.

ж) Тарғиби ҷанг аз хавфноктарин ҷиноятҳои давлатист.

з) Тӯҳматчӣ – шахсест, ки машғули тӯҳмат аст.

и) Идеализм – таълимоти фалсафиест, ки оламро бо таври ғайриилмӣ маънидод менамояд.

к) Коргурезӣ – модари тамоми нуқсонҳонҳост.

л) Дин – илм нест.

м) Тӯҳмат бофтаеро меноманд, ки шахсро бадном мекунад.

н) Дуздии молу мулки шахс бо таври пинҳонӣ – тасарруф намудани молу мулки шаҳрвандон мебошад.

о) Кӯл – ҳавзаи оби табиӣ, ки аз ҳар тараф бо хушки иҳота шуда, обаш ширин аст.

п) Ҳаннотӣ гуфта хариду фурӯши молҳо ва чизҳои дигарро меноманд.

р) Тиб – илмест, ки касалиҳои инсонро меомӯзад.

с) Секунҷа – шакли геометриест,ки дорои се кунҷ мебошад.

т) Мантиқ – илмест, ки тафаккури дурустро меомӯзад, тафаккури дуруст – тафаккурест, ки ба қонунҳои мантиқ мувофиқ аст.

у) Таърихшинос – шахсест, ки таърихро меомӯзад.

ф) Олиготсен – ин марҳилаи сеюмини полиоген мебошад.

4. Нисбат ба мафҳумҳои зерин амали тақсимро иҷро намоед (асоси тақсимро интихоб кунед). Инсон, шакли ҳамвори геометрӣ, мамлакат, баҳр таърих, гурӯҳи иҷтимоӣ, нақлиёти шаҳрӣ, исм, асари бадеӣ, илм, дарахт, коргар, роҳ, китоб, шаҳр, миз, файласуф.

5. Муайян намоед, ки дар кадом мисолҳои зерин таксономӣ ва дар кадомашон мереологӣ ҷой дорад.

а). Ҳайвонот сутунмӯҳрадор ва бесутунмӯҳра мешаванд.

б). Сол ба 12 моҳ тақсим мешавад.

в). Кунҷҳо ба кунҷҳои тез, кунд ва рост тақсим мешавад.

г). Биноҳо якошёна ва бисёрошёна мешаванд.

д). Донишгоҳ ба факултетҳо тақсим мешавад.

е). Курраи замин ба нимкураи шарқӣ ва ғарбӣ тақсим мешавад.

ё). Ҳамагӣ 35 мамлакат иштирокчии Маҷлиси бехатарӣ ва ҳамкории давлатҳои Аврупо буданд.

ж) Зиддиятҳо антагонистӣ ва ғайриантагонистӣ мешаванд.

з) Метр ба сантиметрҳо тақсим мешавад.

6. Муайян намоед, ки дар мисолҳои зерин қоидаҳои тақсим риоя шудааст ё не? Ба кадом хатогӣ роҳ дода шудааст?

а. Чоркунҷаҳо ба ромбҳо, квадратҳо ва росткунҷаҳо тақсим меша-ванд.

б. Шартномаҳо, даҳонӣ, хаттӣ ва бепул мешаванд.

в. Ҷиноятҳо барқасдона, ноэҳтиётона ва хизматӣ мешаванд.

г. Ҷангал ба ҷангали дарахтони паҳнбарг, ҷангали коҷ, ҷангали омехта ва ҷангали санавбарзор тақсим мешавад

д. Илмҳо гуманитарӣ ва табиӣ мешавад.

е. Ҳайвонот ба ҳайвонҳои ваҳшӣ, алафхӯр, ҳама чиз хӯр ва ширхӯр тақсим мешаванд.

ё. Одамон ба мардҳо, занҳо ва кӯдакон тақсим мешаванд.

ж. Хонандагони мактаби миёна аз духтарбачагон ва мактаббачагон тақсим мешаванд.

з. Навъҳои ҳуқуқро ҳуқуқи ҷиноӣ, ҷиноии протсесуалӣ ва ислоҳи меҳнатӣ ташкил медиҳанд.

и. Метеоритҳо оҳанӣ, сангӣ ва омехта мешаванд.

к. Созишномаҳо, яктарафа, дутарафа, бисёртарафа, ва хаттӣ мешаванд.

л. Секунҷаҳо баробарпаҳлӯ, баробартараф ва гуногунтараф мешаванд.

м. Ҷиноятҳо ба ҷиноятҳои ошкоркарданашуда ва барқасдона ҷудо мешаванд.

н. Пурсиш аз пурсиши шоҳид, ҷабрдида ва айбдоршаванда иборат аст.

7. Навъ ва сохти таърифҳои зеринро муайян намоед:

а. Квадрат паралелограммест, ки тарафҳояш баробар ва кунҷҳояш рост мебошад.

б. Лапиши ҳаракатест,ки пас аз фосилаҳои муайяни вақт айнан ё тақрибан такрор мешавад.

в. Мантиқ калимаи арабӣ буда маънояш « нутқ» аст

г. Шуур – хосияти материяи олиташкил буда, олами берунаро дар образҳои идеалӣ инъикос менамояд.

 д. Конъюнксия бо аломати (∧) – ишора карда мешавад

 е. Сатҳи силиндрӣ гуфта сатҳеро меноманд, ки дар натиҷаи ҳаракати хати росте, ки дар давоми ҳаракат ба худ параллел мемонад, ба вуҷуд меояд.

ё. Суръати рӯшноиро бо С ишора мекунанд.

ж. Сиёсат ин амалиёти мақомоти давлатӣ, ки сохти ҷамъият ва иқтисодии мамлакатро муайян карда инчунин, фаъолияти ҳизбҳо, синфҳо ва гурӯҳҳо ташкилоти ҷамъиятӣ мебошад, ки мақсаду мароми онҳоро ифода менамояд.

Намунаи ҳал; мисоли 1. Таъриф аз рӯи ҷинси наздик ва нишонаи фаслсоз (яъне нишонаи навъӣ) «Квадрат» (мафҳуми таърифшаванда), «параллелограмм- ҷинси наздик «тарафҳояш баробар ва кунҷҳояш рост» – нишонаи навъӣ.

Машқи 1. Таърифҳои зеринро санҷед. Дар ҳолати нодуруст будани таъриф хатогии онро нишон диҳед.

1. Ҷамъият – гурӯҳи одамон.

2. Астрономия илм дар бораи ситораҳост.

3. Мантиқ илм дар бораи тафаккур аст.

4. Градус – 1/90 ҳиссаи кунҷи рост мебошад.

5. Кунҷе, ки ба 90 баробар аст, кунҷи рост меноманд.

6. Санъат навъи махсуси шуури ҷамъиятӣ ва фаъолияти инсон бу-да, олами берунаро дар шакли образҳои (нақшҳои) маънавӣ инъикос ме-намояд.

7. Квадрат ромб нест.

8. Зиндагӣ маҷмӯаи бешу камист.

9. Бо таъсири рӯшноӣ аз фулузот канда шудани электронҳоро фотоэффект меноманд.

10. Амперметр – асбоби физикӣ буда, барои чен кардани қувваи ҷараён истифода мешавад.

11. Ҳукм ҷумлаест,ки фикрро тасдиқ ё инкор мекунад.

Намунаи ҳал: Мисоли 1. Таъриф маҳдуд аст, чунки ҳаҷми дfd аз ҳаҷми дfn калон мебошад, яъне дfd > дfn. Ҷамъиятро на танҳо гурӯҳи одамон, балки одамон бо фаъолияти якҷояи амалии худ ташкил меди-ҳад.

Машқи 2. Дар мисолҳои зерин навъҳои тақсим ва сохти (мафҳу-ми тақсимшаванда,узвҳои тақсим ва асоси тақсим) –ро нишон диҳед.

Автомобилҳо сабукрав ва боркаш мешаванд. Ҷиноятҳо барқасдона ва беэҳтиётона мешаванд. Мафҳумҳо фардӣ ва куллӣ мешаванд. Истеҳ-солот ба истеҳсол намудани воситаҳои истеҳсолӣ ва чизҳои истеъмолӣ тақсим мешавад. Аломатҳои пулӣ ба металлӣ ва коғазин тақсим меша-ванд. Таърихи инсоният ба таърихи қадим, таърихи асримиёнагӣ ва таъ-рихи наву навтарин тақсим мешавад. Файласуфон ба материалистон ва идеалистон тақсим мешаванд. Материя ба материяи зинда ва ғайризинда ҷудо мешавад. Мафҳумҳо ба мафҳумҳои куллӣ, ҷузъи ва фардӣ ҷудо ме-шаванд. Ҷумлаҳо ба ҷумлаҳои сода ва мураккаб ҷудо мешаванд. Кимиё ба кимиёи узвӣ ва ғайриузвӣ тақсим мешавад. Таркишҳои ҳастаӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешаванд: ҳавоӣ, заминӣ, зеризаминӣ, зериобӣ. Нерӯгоҳҳо ба нерӯгоҳҳои барқии атомӣ, обӣ ва буғӣ ҷудо мешаванд. Кислотаҳо ба кислотаҳои узвӣ ва ғайриузвӣ ҷудо мешаванд.

Намунаи ҳал: мисоли 1. Тақсими дихотомӣ. Материя – мафҳуми тақсимшаванда.

Материяи зинда ва ғайризинда узвҳои тақсим мебошанд. Тақсим дар асоси нишонаи А ва ғайри-А гузаронида шудааст.

Машқи 3. Тақсими мафҳумҳои зеринро санҷед ва агар тақсим нодуруст бошад, нишон диҳед, ки кадом қоида вайрон шудааст.

1. Шаклҳои тафаккур аз мафҳум ва натиҷагирӣ иборатанд.

2. Соатҳо ба соати дастӣ, соати деворӣ ва соати электронӣ ҷудо мешаванд.

3. Физика аз қисмҳои зерин иборат аст: физикаи молекулавӣ, электромагнитизм оптика, физикаи ядрою атом ва физикаи назариявӣ.

4.Хонандагон ба писарбачаҳо, духтарбачаҳо ва аълохонҳо тақсим мешаванд.

5.Ҷисмҳо ба ҷисмҳои сахт, моеъ ва газ ҷудо мешаванд.

6. Амалҳои алгебравӣ аз ҷамъ, тарҳ , зарб ва тақсим иборатанд.

7.Ҳайвонҳо ба ҳайвонҳои хонагӣ, дарранда, саг ва гурба ҷудо мешаванд.

8. Донишҷӯён қобилиятнок ва ғайриқобилиятнок мешаванд.

Намунаи ҳал: Мисоли 1.

Тақсими нопурра, ҳамаи мафҳумҳои навъи (узвҳои тақсим) – ном-бар нашудаанд. Шакли сеюми тафаккур- ҳукм, дар ин ҷо номбар нашу-дааст. Пас маълум шуд, ки қоидаи мутаносибии амали тақсим риоя на-шудааст.

ҚаблӣМисолҳо ва машқҳо доир ба мафҳумҳо (аз фанни мантиқ)
БаъдӣМавзӯи 21. Тарбияи ақлии (фикрии) хонандагон