Тасниф – силсилаи тақсими пайдарҳам ё ки замимадорест, ки дар як вақт ҳам тақсими таксономӣ ва ҳам тақсими мереологиро фаро мегирад. Тақсими замимадор на пайдарҳам, балки дар як вақт гузаронида меша-вад. Масалан, В. И. Ленин усули махсуси маърифатро таъин карда буд, ки вай бо номи усули якҷояи анализ ва синтез машҳур аст. Усули мазкур аз он иборат аст, ки дар он анализ ва синтез дар як вақт кор фармуда ме-шаванд. Ҳангоми татбиқи усули мазкур чизҳо ба қисмҳо ва ҷиҳатҳо ҷудо шуда, дар айни ҳол онҳоро боз якҷоя менамоянд.
Бояд таъкид намуд, ки на ҳар гуна силсилаи тақсими пайдарҳам ё тақсими замимадор тасниф аст. Зеро зумраи тақсими пайдарҳам ё замимадорро номбар кардан мумкин аст, ки тасниф нестанд. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки хусусиятҳои муҳимтарини таснифро номбар кунем.
Якум. Тасниф бояд силсилаи тақсими пайдарҳам ё замимадор бошад, ки аз рӯи нишонаҳои муайян сурат гирад. Ин нишонаҳо барои ҳалли масъалаҳои назарию амалӣ кӯмак расонанд. Бинобар ин, тасниф силсилаи тақсимҳоест, ки ба ҳалли масоили муайян нигаронида шудааст. Асоси таснифро бояд нишонаҳое ташкил диҳанд, ки барои ҳалли масъалаи гузошташуда муҳим бошанд.
Нишонаҳо мутлақан муҳим ва нисбатан муҳим мешаванд. Бинобар ин, тасниф ҳам аз рӯи нишонаҳои мутлақан муҳим ва ҳам нисбатан му-ҳим сурат мегирад. Масалан, чунин нишонаи элементҳои химиявӣ мисли «дорои вазни атомии муайян будан» – нишонаи мутлақан муҳим мебошад. Дар системаи даврии элементҳои химиявӣ, дар қатори дигар нишонаҳо, нишонаи мазкур низ ба назар гирифта шудааст. Зеро вай яке аз асосҳои тақсимро ташкил кардааст. К. Маркс ва Ф.Энгелс таснифи форматсияҳои иҷтимоию иқтисодиро аз рӯи тарзи истеҳсолот баён кардаанд, ки он нишонаи мутлақан муҳимро ташкил мекунад. В.И. Ленин одамонро аз рӯи нишонаҳои мутлақан муҳим ба гурӯҳҳо (синфҳо) тақсим намудааст. Барои инсон вазнаш нишонаи муҳим нест. Лекин дар амалия вайро бояд ба назар гирифт. Масалан, дар ибтидои парвози инсон ба кайҳон, вазни кайҳоннавард ба назар гирифта мешуд. Пас маълум мешавад, ки дар баъзе ҳолатҳо вазни инсон ҳам нишонаи муҳим шуда метавонад.
Ҳангоми тасниф доимо дар хотир нигоҳ доштан лозим аст, ки таснифи мазкур бо кадом мақсад гузаронида мешавад ва барои ҳалли кадом масъала нигаронида шудааст. Масалан дар фалсафа усулҳои маърифати илмӣ чунин тасниф шудааст: усулҳои умумиилмӣ, байниилмӣ ва ҷузъи-илмӣ. Бешубҳа, мақсади чунин тасниф норавшан аст. Ба ақидаи мо, ҳангоми тақсими усулҳо аз рӯи дараҷаи умумияташон бояд навъҳои зерин номбар шавад: усулҳои умумӣ, усулҳои умумияташон миёна ва усулҳо – алгоритмҳо. Усулҳои умумӣ гуфта, усулҳои фалсафиро меноманд, ки тавассути онҳо самти умумии маърифат муайян мешавад. Усули гурӯҳи дуюмро чунин усулҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо ба илмҳои ҷузъи тааллуқ дошта, самти ҷараёни маърифатро бо таври мушаххас аниқ менамоянд. Усулҳои гурӯҳи сеюм бошанд, ногузир барои ба даст даровардани натиҷаи матлуб нигаронида шудаанд. Мақсад аз ин тасниф он аст, ки мавқеи ин ё он усул, пеш аз ҳама, усулҳои фалсафӣ муайян шавад. Зеро онҳо усулҳои муҳимтарини таҳқиқи зуҳуроти мураккабанд. Ҳар гуна таснифи дуруст тақозо менамоянд, ки ин амал дар асоси нишонае сурат гирад, ки он барои фаъолияти амалию назарӣ аҳамиятнок бошад.
Дуюм. Дар тасниф чизҳо аз рӯи нишонаҳо чунон ба гурӯҳҳо тақсим шаванд, ки ошкор намудани хосиятҳои узви тасниф осон гардад. Масалан, хосиятҳои элементҳои химиявиро аз рӯи ҷои ишғолкардааш дар низоми даврии Д.И. Менделеев, ошкор кардан мумкин аст.
Сеюм. Тасниф абадӣ набошад ҳам, дар маърифат то андозае муд-дати дароз истифода мешавад.
Чаҳорум. Натиҷаҳои тасниф бо ёрии ҷадвалҳо ё схемаҳо тасвир меёбанд. Масалан, системаи даврии Менделеев тавассути ҷадвал тасвир шудааст. Таснифи ҳукмҳои муносибатро аз рӯи миқдор тавассути схема тасвир кардан мумкин аст. Барои мисол таснифи мафҳуми рағбат (хоҳиш), ки Эпикур додаст, аз назар мегузаронем. Ӯ мафҳуми рағбатро чунин тасниф кардааст: табиӣ ва зарурӣ, табиӣ, аммо ғайризарурӣ, ғайритабиӣ ва ғайризарурӣ.
Бояд гуфт, ки рағбати ғайритабиӣ ва зарурӣ (P2,1)-ро Эпикур номбар накарда буд.
Гарчанде тасниф шакли махсуси амали тақсим бошад ҳам, онҳоро аз якдигар фарқ карда тавонистан лозим аст. Одатан тақсимро нисбат ба як объект истифода мебаранд. Тасниф бошад ба гурӯҳи обектҳо татбиқ мешавад ва онҳо мавзӯи таҳқиқи илмҳои гуногунро ташкил медиҳанд. Масалан: таснифи ҳукмҳо ва мафҳумҳо дар мантиқ, ҷумлаҳо дар забоншиносӣ, ҳайвоноту наботот ва умуман организми зинда дар биология, форматсияҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар фалсафа, элементҳои химиявӣ дар химия. Тасниф тақсими чизҳо ба гурӯҳҳост, ки ҳар як гурӯҳ нисбат ба дигараш мавқеи доимӣ ва муайянро ишғол мекунад.
Вазифаи асосии тасниф мураттаб сохтани дониш аст. Аз ҳамин сабаб вай муддати дуру дароз бетағйир мемонад. Ғайр аз он, тасниф амалест, ки дар он ҳар як узви тақсим, дар навбати худ, боз ба ҷузъҳои нав ҷудо мешавад. Тасниф дар ҳамаи соҳаҳои илм ва фаъолияти амалӣ, аз ҷумла дар илмҳои ҳукуқ васеъ истифода мешавад. Масалан, дар фасли махсуси кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ ҳамаи ҷиноятҳо аз рӯи тартиби муайян номбар шудааст. Аз рӯи характери суиқасд нисбат ба объекти ҷиноят (асоси тақсим ё тасниф) ҷиноятҳо ба ҷинояти давлатӣ, ҷиноят зидди моликият, ҷинояти зидди ҳайёт, тандурустӣ, озодию шаъну шарафи шахс, ҷинояти зидди ҳуқуқи сиёсию меҳнатии шаҳрвандон ва ҳоказо тақсим мешаванд. Ҳар як намуди ҷиноят, дар навбати худ, боз ба қисмҳои мустақил ҷудо шуда, ба онҳо кодексҳои ҷиноии муайян мувофиқ гузошта шудааст. Таснифе, ки мо онро шарҳ додем, таснифи илмӣ ё табиӣ ном дорад. Ғайр аз ин, баъзан тасниферо истифода мебаранд, ки он таснифи сунъӣ ном дошта дар асоси нишонаҳои номуҳим сурат мегирад. Масалан, барои ба осонӣ ёфта гирифтани ном ё насаби хонандагон онҳо аз рӯи ҳарфҳои алифбо навишта мешавад.
Ҳангоми мутолиаи китобҳои илмӣ, бо мақсади нигоҳ доштани идеяҳои шавқовар таснифи сунъӣ кор фармуда мешавад.
Кори илмӣ (мақола, рисолаи дипломӣ, рисолаҳо) аз рӯи нақшаи муайян навишта мешавад, ки худи нақша таснифи илмӣ аст. Лекин, пеш аз тартиб додани нақша бояд масъалаи ҳалталаб аниқу возеҳ баён шавад. Ҳангоми тартиб додани нақша, бояд ҳамаи қоидаҳои тақсим риоя шаванд.