Мисолҳо ва машқҳо доир ба мафҳумҳо (аз фанни мантиқ)

Саволу ҷавоб, мисолҳо ва машқҳо доир ба мафҳумҳо (аз фанни мантиқ). Саволу чавоб, мисолхо ва машкхо доир ба мафхумхо (аз фанни мантик).


1. Барои чизҳои номбаршуда кадом нишонаҳо муҳиманд ва кадомҳояшон муҳим нестанд ?

Қалами сурх дарозиаш 18 см, дар коғаз изи худро мемонад, дорои найчаи грифелӣ, танааш чӯбин, бо кордча тез карда мешавад. Вертолёт – воситаи нақлиёти ҳавоӣ, дорои мутаҳарик, кабинаи ҳавопаймо ва системаи идоракунӣ, дорои бол ва ҷой барои мусофирону борҳо аст. Термометр (ҳароратсанҷ) – дорои ҷадвал бо тақсимоташ, сатҳи беруниаш шишагин, дорои найчае мебошад, ки он ба моеъ пур шудааст, барои ҳароратсанҷӣ истифода мешавад.

2. Машқи 1- ро нисбат ба мафҳумҳои «ҷиноят», «давлат», «ҳуқуқ», «қонун», «тӯҳмат», «қаллобӣ» иҷро намоед.

3. Гуруҳи чизҳоеро муайян намоед, ки аз рӯи нишонаҳои зерин таъ-мим шуда бошанд:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

а) Дорои ҷадвалест, ки тақсимот дорад.

б) Дорои шуур аст.

в) Доирашакл аст.

г) Аз атомҳо иборат аст.

д) Дар мактаби миёна таълим мегирад.

е) Барои кашонидани борҳо тахсис ёфтааст.

ё) Қонуни асосии давлат аст.

ж) Вазифаи ҳимояи ватанро ба ӯҳда гирифтан.

4. Муайян намоед, ки аз номҳои зер кадомашон мафҳуми кулл, кадомашон фардро ифода мекунанд. Мафҳумҳои холиро низ нишон диҳед. Уқёнус. Кайҳонаварди нахустин. Зевс. Парии обӣ. Завод. Қаҳрамони меҳнат. Пири Ҳаттоб. Ҳақиқат. Материя. Озодӣ. Кайҳонавардзан. Инқилоби пролетарӣ. Дин. Форматсияи иҷтимоию иқтисодӣ. Арзиш. Китоб. Адади мавҳум. Рӯшноии моҳ. Галаситораҳо. Ҷасорат. Квант. Зебогӣ.

5. Навъҳои ҳар як номи сода, мураккаб ё тасвирии машқи 4-ро муайян кунед.

6. Тавсифи мантиқии мафҳумҳои машқи 4 –ро диҳед.

7. Дар мафҳумҳои зерин номҳои тасвириро бо номҳои сода иваз намоед.

Асбобе, ки қувваи ҷараёнро чен мекунад. Ромби росткунҷа. Илм дар бораи қонунҳо ва шаклҳои тафаккур. Ҳавз барои парвариши моҳӣ. Тахмини илмӣ.

8. Кадом аз мафҳумҳо мушаххас ва кадомашон таҷридӣ мебошанд? Демократия, ошкорбаёнӣ, интихобот, депутати халқ, маҷлиси намояндагони халқ, ғайриқонунӣ будан, таҷовуз, дурӯягӣ, давлат, аз озодӣ маҳрум кардан, даромаднокӣ, ҷиноят бар зидди шахсият, далерӣ, милитаризм, федератсия, низоми интихобот, дуздӣ, боҷуръатӣ, сафедӣ, бевазнӣ.

9. Нишон диҳед, ки кадом мафҳумҳои зер мусбат ва кадомашон манфианд: бегуноҳӣ меъёри ҳуқуқвайронкунӣ, парокандагӣ, ватандӯстӣ, имтиёз, масунияти шахсият, бекор шудани моликияти хусусӣ, бемаслакӣ, интернатсионализм, демобилизатсия, мустақилӣ, худсарӣ, имконнопазирӣ, зарурат, ношоямӣ, истисмор, истеъфо, атеизм.

10. Муайян намоед, ки мафҳумҳои зерин мафҳумҳои нисбатдоранд ё бенисбат?

а) ҷиноят, ҷазо

б) падар, писар

в) рост, чап

г) тарсончак, диловар

д) вазн, бевазнӣ

е) айбдор будан, айбдор набудан

ж) фоида,зарар

з) даъвогар, ҷавобгар

и) офтоб, сайёра

к) мерос, меросхӯр.

11. Муайян намоед, ки мафҳумҳои таъкидшуда дар маънои ҷомеъ ё ғайриҷомеъ кор фармуда шудааст?

а) Донишҷӯёни курси мо конференсияи илмӣ гузарониданд.

б) Донишҷӯёни курси мо аз комиссияи тиббӣ гузаштанд.

в) Зиёда аз сеяки одамони ҷаҳон аз оби нӯшиданӣ азият мекашанд.

г) Дарёҳои Тоҷикистон зебо ва пуробанд.

д) Дар замони мо илм бузургтарин воситаи пешрафти техникӣ шудааст.

12. Мафҳумҳоеро номбар кунед, ки бо мафҳумҳои зер айният бошанд (номҳои хос истифода нашаванд). Пойтахти ИМА. Ташабускори истеҳсолот. Материя. Қуллаи баландтарини Помир. Ҳаракати механикӣ.

13. Оё, ҷуфти мафҳумҳои зер дар муносибати айниятанд ё не?

Заррачаи майдатарин атом. Ҳайвони ҷуфтсум, ҳайвони ширхӯр. Дӯст, ҷӯра. Адоват, хусумат. Озодӣ, анархия. Завод, корхонаи саноатӣ. Пойтахти Россия, шаҳри калонтарини Россия.

14. Мафҳумеро ёбед, ки бо мафҳумҳои зерин дар муносибати чилликӣ бошад: Пӯлодрез. Ҷумҳурӣ. Дастури таълимӣ. Пойтахт.

15. Мафҳумҳоеро номбар кунед, ки нисбат ба мафҳумҳои зер тобеъшаванда бошанд: Шаҳр. Ташкилоти сиёсӣ. Самолёт. Мактаби олӣ. Китоб. Кӯл. Киштӣ. Ҳаракат. Мафҳум. Унсури химиявӣ. Роҳ. Дарахт. Телевизор. Донишҷӯ. Назм. Исм.

16. Мафҳумҳоеро номбар кунед, ки нисбат ба мафҳумҳои зер тобеъкунанда бошанд: Сержант. Донишгоҳ. Вазорати маориф. Демократия. Дорандаи ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино. Шахтёр. Металл. Ҳуқуқи байналхалқӣ. Файласуф. Муфаттиш. Материалист. Мантиқ. Деҳа. Машғулияти семинарӣ.

17. Мафҳумеро номбар кунед, ки нисбат ба он мафҳумҳои зер дар муносибати тобеияти якҷоя бошанд.

Тайёра, чархбол. Шаҳрча, деҳа. Сержант, лейтенант. Донишгоҳи тиббӣ, консерватория. Синус, тангенс. Мактаббача, донишҷӯ. Дотсент, профессор. Вазни атомӣ, валентнокӣ. Осиё, Африқо. Маҷалла, рӯзнома. Парранда, моҳӣ.

18. Барои мафҳумҳои зерин мафҳумҳои муқобил ва зидро номбар кунед: кӯдак, хушмуомилагӣ, доно, далерӣ, сафед, кам, муҳаббат, дӯстӣ, пок.

19. Муносибати байни мафҳумҳои зеринро муайян намоед ва онро тавассути доираҳо тасвир намоед. Баҳрнавард, афсар. Рефлекси шартӣ, рефлекси ғайришартӣ. Фюзеляжи самолёт, қисми самолёт. Мотор, ҳаракатдиҳанда. Рӯз, шабонарӯз. Драматургия, назм. Хурсанд, андӯҳгин. Депутати шаҳрӣ, ҳуқуқшинос. Ситораи қутбӣ, галласитора (бурҷ)-и Дубби Асғар. Илм, фалсафа. Шакли шуури ҷамъиятӣ, дин. Металл, моддаи булӯрин. Ҳуқуқшинос, адвокат, муфаттиш, прокурор, устоди спорт. Идоракунии илмӣ, идоракунии илман асоснокшуда, идоракунии стихиявӣ, идоракунии таҷрибавӣ. Ҳуқуқшинос, додситон, депутат, коргар. Ҷинояти ҳарбӣ, итоаткунӣ, гурехтан аз хизмати аскарӣ, ҷинояти ҳарбии вазифагӣ, аз вазифа суъистеъмол намудан (ҳарбӣ). Ҷинояти хоҷагӣ, фиреб додани харидорон, бо тарзи ғайриқонунӣ тайёр намудани нӯшокиҳои спиртӣ.

20. Муносибати байни мафҳумҳои зеринро тавассути доираҳои Эйлер муайян намоед: Ҳуқуқшинос, ҳуқуқшиноси тоҷик, доктори илм. Мафҳум, мафҳуми куллӣ, мафҳуми мушаххас. Соат, дақиқа, сония. Зарраи элементарӣ, электрон, протон. Мактаби оли, литсей, донишкада. Инсон, мард, зан, кӯдак. Росткунҷа, ромб, мураббаъ. Шаҳр, хиёбон, кӯча. Адад, сурат, махраҷ, каср.

ҚаблӣТасниф (дар мантиқ)
БаъдӣМашқу мисолҳо доир ба таъриф ва тақсим