Мафҳум ва моҳияти рақобат

Мафхум ва мохияти ракобат. Мафхуми ракобат. Мафҳуми рақобат.


Рақобат яке аз унсурҳои муҳими механизми бозор ба ҳисоб меравад. Муносибатҳои бозорӣ дар ҷомеа муҳитеро ба вуҷуд меоранд, ки дар он субъектҳои гуногуни иқтисодӣ кӯшиш мекунанд манфиатҳои иқтисодии худро амалӣ намоянд.

Дар ин раванд ногузир бархӯрди манфиатҳои иштирокчиёни бозор ба амал меояд. Воқеан рақобат мубориза, муқовимати манфиатҳо мебошад. Ба монанди дигар намуди мубориза рақобат имконияти амалҳои рақибонро, ки танҳо ба муқовимат бар зидди ноилшавӣ ба мақсадҳои гузошташудаи шумо равона карда шудаанд, истисно намекунад.

Рақобат байни субъектҳои бозор баҳри шароитҳои беҳтарини истеҳсолот ва тиҷорат, хариду фурӯши молҳо, ба тарафи худ ҷалб намудани харидорон, нисбат ба дигарон зиёдтар гирифтани фоида ба амал бароварда мешавад.

Ҳарифии муборизаи иқтисодиро дар бозор чунин шароитҳои объективӣ ба вуҷуд меоваранд: мустақилии комили ҳар як истеҳсолкунанда дар асоси моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот, вобастагии манфиатҳо аз конъюнктураи бозор, дар мубориза барои харидорон нисбат ба дигар истеҳсолкунандагон афзалият доштан. Муборизаи рақобатӣ унсури муҳимтарини механизми танзимкунандаи бозор мебошад. Дар натиҷаи рақобат ба маҳсулоти якхела нархи умумӣ (бозорӣ) ба вуҷуд меояд.

Дар низоми бозорӣ рақобат истеҳсолкунанда ва фурӯшандаро маҷбур месозад, ки талаботро таъмин намоянд. Зиёд шудани талаботи истеъмолкунандагон ба мол нархи онро дар бозор нисбат ба арзишаш хеле баланд мебардорад. Фоидаи дар натиҷаи он гирифташуда моҳиятан хабар ба истеҳсолкунанда мебошад, ки барои ҷамъият миқдори зиёди чунин маҳсулот зарур аст. Танҳо рақобат метавонад, ки дар як вақт истеҳсолотро васеъ намояд ва нархи молро паст. Рақобат соҳибкорро маҷбур мекунад, ки технологияи самараноктарини истеҳсолотро ҷорӣ намояд ва дар баробари ин шароитҳои ба пешрафти техникӣ мусоидаткунандаро муҳайё созад.

Дар адабиёти иқтисодие, ки ба масъалаи рақобатпазирӣ бахшида шудааст, се нуқтаи назар оид ба муайяннамоии рақобат мавҷуд аст. Якум, рақобатро ҳамчун мусобиқа дар бозор муайян менамоянд. Дуюм, рақобатро ҳамчун унсури механизми бозорӣ, ки имконияти мувозинат намудани талабот ва таклифотро медиҳад, дида мебароянд. Сеюм, рақобатро ҳамчун меъёри муайянкунандаи навъи бозори соҳавӣ муайян мекунанд ва он дар назарияи морфологии бозор асос меёбад.

Нуқтаи назари мазкур оид ба масъала яктарафа буда, рақобатро танҳо ҳамчун фаъолияти озодии рақибонро маҳдудкунанда дида баромада, ҳавасмандии худи субъектҳоро бо натиҷаи мусбӣ ба инобат намегирад. Чунин нуқтаи назари омӯзиши моҳияти рақобатпазирӣ яқин нокифоя мебошад. Ҳамин тариқ, дар ин ҳолат моҳияти рақобатпазирӣ ба таври истисноӣ аз мавҷудияти имконият ва воситаҳои муқовимати самаранок ба озодии фаъолияти рақибон иборат мебошад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ин ҳолат ҷузъи таркиби ниҳоят муҳим ва асосгузори рақобат – принсипи сабқат дида баромада мешавад. Рақобат ба ифодаҳои гуногун ҳам бошад, ҳамчун муқовимати субъектҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад.

Дар чаҳорчӯбаи назарияи классикии иқтисодӣ рақобат чун унсури ҷудонашавандаи механизми бозорӣ баромад мекунад. Вақте ки фурӯшандагон ва харидорони инфиродӣ дар бозор барои хариду фурӯши нисбатан манфиатнок мувофиқан мусобиқа менамоянд, А. Смит ин рақобатро ҳамчун категорияи рафтор маънидод намудааст. Рақобат ҳамон «дасти ноаён»­и бозор мебошад, ки фаъолияти иштирокчиёни онро ба ҳам мутобиқ менамояд.

Ҳамин тариқ, тарафи дигари рақобат қувваи ҳаракатдиҳанда барои ҳар як иштирокчӣ, ҳавасмандии шахсӣ, ҳавасманд будан дар ноилшавӣ ба натиҷаи барои худ мусбат мебошад. Муқовимат ба ҳарифон набояд ва наметавонад мақсади худи рақобат бошад. Он бояд натиҷаи дуюминдараҷаи кӯшишҳои амалишаванда барои ноил гардидан ба натиҷаҳои барои худ манфиатбахш бошад.


Мавзӯи пурра >> Гурӯҳбандии бозор вобаста ба шаклҳои рақобат. Таъсири инҳисор ба вазъи бозор

ҚаблӣМавзӯъ. Гурӯҳбандии бозор вобаста ба шаклҳои рақобат. Таъсири инҳисор ба вазъи бозор
БаъдӣРақобати озод (асосҳои иқтисодиёт)