Марди беҳтарин кист?

Марди беҳтарин кист? Ҷавоб ба ин суолро бо овардани як феҳристӣ “ғайрирасмӣ” маълум мекунем, дӯстон. Инак, марди беҳтарин мардест, ки …

мард бояд чи гуна бошад

1. Оилаашро дӯст медорад.
2. Шахси сиёсатдор мебошад.
3. Камгапу пурандеш мебошад.
4. Сирраш пӯшида аст.
5. Обрӯю эътибор дорад.
6. Суханаш дар оила қонун аст.
7. Ёбандаю кобанда бошад.
8. Булҳавасию хиёнатро намеписандад.
9. Мададгору ҳоҷатбарор аст.
10. Вафодору мушфиқ аст.
11. Вақти холиашро бисёртар бо оила мегузаронад.
12. Оворагардию машруботро дӯст намедорад.
13. Рафтору кирдораш намуна аст.
14. Нисбати оила бепарво нест.
15. Қавлу амалаш якто аст.
16. Шахси худкору ҳамакора аст.
17. Шоҳсутуни дили зан мебошад.
18. Фарзанддӯсту фарзандпарвар аст.
19. Доною донишманд аст. Бисёр медонаду кам мегӯяд.
20. Ба падару модари занаш намуна аст.
21. Худнамоию ҳавобаландиро дӯст намедорад.
22. Танбалию одамфиребиро намеписандад.
23. Одамшиносу одамдӯст аст.
24. Бадҷаҳлу бадрафтор нест.
25. Кучахандону хона гирён нест.
26. Зани худро аз дигар занҳо боло медонад.
27. Муҳтоҷи молу пули зан нест.
28. Хонаю дари обод дорад.
29. Ақлу иродаи мустаҳкам дорад.
30. Нотарсу далер аст.
31. Хайрхоҳу дасткушод аст.
32. Нисбати падару модар меҳрубон аст.
33. Дустпарвару меҳмондӯст аст.
34. Худотарсу боинсоф аст.
35. Барои тарбияи фарзанд вақт ҷудо мекунад.
36. Аз хониш ва рафтори фарзандҳо бепарво нест.
37. Бо фарзанду зан хушмуомила аст.
38. Раҳмдилу нозпарвар аст.
39. Нисбат ба калонсолон меҳрубон аст.
40. Ба молу пул дода намешавад.


Дӯстони азиз, ҳангоми дастрас кардани ин феҳрист ва хондани он, ба хулосае омадам, ки ин феҳристро занҳо тартиб додаанд, чунки аксар хислатҳое, ки бояд марди ҳақиқӣ дошта бошад, ба фоидаи занон аст. Шумо чӣ фикр доред, дар шарҳ нависед?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед