Сохти ҳуҷайравии паҳнаки барг

Сохти хучайравии пахнаки барг. Шиносоӣ ба сохти дохилии паҳнаки барг тавассути микроскоп имконият медиҳад, ки мавқеъ ва аҳамияти онҳоро дар ҳаёти рустаниҳои сабз муайян кунем.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки паҳнаки барг аз ҳуҷайраҳои шаклу андозаашон гуногун иборат буда, сохти ҳуҷайравӣ (51) дорад.

Рӯй ва поёни барг бо пӯсти тунуку шаффоф пӯшида шудааст, ки ҳуҷайраҳои онҳо дар якҷоягӣ баргро аз хушкшавӣ ва осеббинӣ муҳофизат мекунанд. Пӯст яке аз намудҳои бофтаи рӯйпӯши растаниҳо ба ҳисоб меравад.

Дар байни ҳуҷайраҳои берангу шаффофи пӯст ҳуҷайраҳои ҷуфт-ҷуфт ҷойгиршуда ҳастанд, ки дар ситоплазмаашон пластидаҳои сабз – хлоропластҳо мавҷуд аст. Ба туфайли ин пластидҳо (пигменти хлорофилл доранд) ҳуҷайраҳои барг ва инчунин худи барг ранги сабз дорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар байни ҳуҷайраҳои ҷуфт-ҷуфт ҷойгиршуда сӯрохӣ ё роғ дида мешавад, ки онро ҷавфи байниҳуҷайравӣ меноманд. Бо воситаи роғи байниҳуҷайравӣ ба барг ҳаво дохил мешавад ва инчунин раванди оббухоркунӣ амалӣ мегардад. Ин роғҳоро бо ибораи дигар масома низ меноманд.

Дар аксарияти растаниҳо масома фақат дар пӯсти поёнии паҳнаки барг дида мешавад. Дар баъзе рустаниҳо, масалан, карам дар пӯсти рӯйи баргаш низ масома дорад ё дар баъзе рустаниҳои ғалладонагӣ, ки баргҳои мутавозӣ ҷойгиршуда доранд, масомаҳо дар ҳар ду тарафи барг дида мешаванд. Дар рустаниҳои дар дохили об зиндагикунанда умуман масома дида намешавад. Адади масома дар барг хеле зиёд аст. Масалан, 1 мм2-и барги офтобпараст 220 масома ва 1 мм2-и барги фарк 550 масома дорад.

Дар зери пӯст мағзи барг ҷойгир буда, он аз бофтаи асосӣ иборат аст. Мағзи барг одатан аз якчанд қабати ҳуҷайраҳо иборат аст. Ду-се қабати ҳуҷайраҳои он бевосита ба пӯсти рӯйи барг пайваст аст. Ҳуҷайраҳои ба якдигар зич ҷойгиршудаи он тақрибан андозаи якхела дошта, шаклашон дарозрӯяи сутунмонанд мебошад. Дар ҳуҷайраҳои ин қабатҳо миқдори хлоропластҳо зиёд аст. Бофтаи асосии чунин шаклдоштаро бофтаи сутунмонанд мегӯянд.

Дар зери бофтаи сутунмонанд ҳуҷайраҳои бештар гирда (мудаввар) ё шаклашон номуайяни нисбат ба якдигар зич ҷойнагирифта мавҷуданд. Миқдори хлоропластҳояшон нисбатан кам аст. Ин ҳуҷайраҳо дар сарҷамъӣ бофтаи мисфанҷшаклро ҳосил мекунанд. Фазои байни ҳуҷайраҳои бофтаи исфанҷшаклро ҷавфи байниҳуҷайравӣ меноманд. Ҷавфи байниҳуҷайравӣ аз ҳаво пур аст.

Агар паҳнаки баргро ба таври кӯндалангӣ бурида (микропрепарат тайёр карда) дар зери микроскоп гузорем, дар он бандчаҳои гузаронандаи барг – рагбандиҳоро мебинем, ки аз раг, найчаҳои элакшакл ва лиф иборатанд. Ҳуҷайраҳои хеле дарозрӯя ҷойгирифтаи деворашон ғафс – лифҳо ба барг мустаҳкамӣ ё устуворӣ мебахшанд. Тавассути рагҳо об ва моддаҳои маъдании дар он ҳалшуда ҳаракат мекунанд. Найчаҳои элакшакл баръакси рагҳо аз ҳуҷайраҳои дарози зинда иборатанд (ҳосил шудаанд). Девори кӯндаланги байни ин ҳуҷайраҳои ба ҳам пайваст пури ҷӯякҳои хурд-хурд буда, мисли элак метобанд. Бо найчаҳои элакшакл аз барг маҳлули моддаҳои органикӣ (ки дар раванди фотосинтез ҳосил шудааст) ҷорӣ мешавад.

  1. Пусти барг аз чи гуна хучайрахо иборат аст ва онхо чи ахамият доранд?
  2. Роги байнихучайрави ё масома чи тавр хосил мешавад ва он дар барг кадом вазифаро ичро мекунад?
  3. Масомахо дар барги рустанихои гуногун чи тавр чой гирифтаанд?
  4. Магзи барг аз чи гуна хучайрахо иборат аст?
  5. Чавфи байнихучайрави чист?
  6. Бандчахои гузаронандаи барг чи хел рагбандихо доранд?

Сохти хучайравии пахнаки барг

Навда ва Муғҷа (Мугчаи дарахтон)

ҚаблӣЗиндагиномаи Абуабдуллохи Рудаки (858-941 – биография)
БаъдӣФотосинтез. Дар баргҳо ҳосил шудани оҳар

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед