«Суҳбати ҷонпарвар аст, суҳбати омӯзгор» Саъдӣ
Нақша:
- Вазифаҳои муаллим
- Талабот нисбат ба муаллим
- Потенсиали касби педагогӣ
- Маҳорати муаллим
- Квалиметрияи педагогӣ
- Аттестатсияи муаллимон
1.Вазифаҳои муаллим
Муаллим шахсиятест, ки дар мактаб ташкилкунанда, танзимдиҳанда ва амалан иҷрокори раванди таълиму тарбия, оне, ки аз қуллаҳои баланд об гирифта, баҳри шодоб кардани наслҳои наврас чун сарчашмаи мусаффо аз худ меҷӯшад. Ба тариқи дигар гуем, муаллим муҳандиси нахуст ибтикори тамоми касбу вазифаҳои олам аст. Меарзад дар васфаш бигӯем:
Бар мақоми рушди руҳии одамизод,
Муаллимро муҳандиси аввал бибар ёд.
Азбаски ихтисоси педагогӣ аз қадимулайём – аз давраи олотсозии ҷамъияти ибтидоӣ арзи вуҷуд дорад, истилоҳи он ҳам дар забони мо муродифҳои гуногун гирифтааст: ирмагон, дабир, устод, мулло, мударрис, омӯзгор, муаллим, педагог, мураббӣ ва ғайра.
2.Талабот нисбат ба муаллим (Муаллим бояд чи гуна бошад)
Касби пуршарафи педагогӣ аз қадимулайём бо эҳтиёҷоти зарурии ҷомеа арзи вуҷуд дорад, зеро он дар пешрафти ҷомеа нақши бузург мебозад. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба ин хотир нигоштааст:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
Оре, ҳамин омӯзгор буд, ки чун зиё дар замири наслҳои наврас шуълаи илму маърифат густариш дода, рӯзгорро мунаввар карда меояд. Чунин талабот ба шахсияти муаллим амру талаботи ногузири замон буд, ҳаёт ва мемонад. Аммо барои ба ин касб мушарраф шудан, пеш аз ҳама, қобилияти педагогӣ бояд дошт. Дар ҳамин лаҳза саволе ба миён меояд: Оё қобилияти махсуси педагогӣ вуҷуд дорад? Донишмандони маъруфи касби мазкур ҷавоби қонеъ медиҳанд.
Масъалаи қобилияти педагогӣ дар пояи бошиддат коркунии ашхоси майлдошта вобаста аст. Қобилияти педагогӣ – сифати шахсият, зуҳуроти якҷоякоркунӣ бо атфол, дӯст доштани кӯдакон, ҳаловатбарӣ аз вохурӣ бо онҳо ва ғайраро дар худ таҷҷассум мекунад. Гоҳо қобилияти педагогӣ дар доираи танг, иҷрои амалиёти аниқ зоҳир меёбад – хубгуфторӣ, хубсароӣ, расмкашӣ, ташкил кардани чорабинӣ бо кӯдакон ва амсоли инҳоро дар бар мегирад. Мавзӯро пурра хонед >>
3.Потенсиали (иқтидори) касби педагогӣ
Ин маънои сифатҳои педагогро на ҷудогона, балки онҳоро ба таври комплекс ё системаи яклухт донистанро ифода мекунад. Хусусияти системаи санъати муаллимӣ ба маънои мафҳуми нави интег атсия (якҷокунӣ, ҳамгиро) дар потенсиали касбии педагог (ПКП) инъикос меёбад, ки афзалияти он дар худ ҷанбаҳои гуногунро нисбати тайёрӣ ва фаъолияти муаллим ҳамгиро мекунад.
Потенсиал (аз лот. potyntia – қувва, қобилияти ҷамъбастшуда) – тавсифи асосии педагог аст. Ин маҷмӯи дар системаи сифатҳои табиӣ ва маҳсули якҷояшудае, ки қобилияти иҷрокунии вазифаҳои омӯзгор дар сатҳи супоридашударо ифода мекунад. Мавзӯро пурра хонед >>
4.Маҳорати муаллим
Дар педагогика таърихан ду намуди муносибаткунӣ нисбати фахмиши махорати педагогии муаллим арзи вуҷуд дорад.
Аввалинаш, бо фаҳмиши методҳои меҳнати педагогӣ, дуюмаш, ба раводиди коргирии шахсияти педагог, ки комёбиҳои зиёд ба каф овардан мехоҳад, вобаста аст. Вале азбаски метод аз шахсияти педагог ҷудоӣ надорад, дар ин ҷо ҳеҷ гуна мухолифат нест, фақат фарқият ба кадом самт тобиш хурдани маҳорат ҳамчун метод ба воситаи шахсият амалӣ мегардад, дида мешавад.
Барои аз худ кардани санъати педагогӣ бояд бисёр чизҳоро донист ва тавонист. Бояд қонунҳо ва принсипҳои тарбия, таркиби онҳоро низ донист. Бояд бо такомулоти муфидонаи технологияи раванди таълиму тарбия, дуруст интихоб намудани онҳо барои ҳар вазъияти мушаххас, ташхис намудан, пешгуӣ кардан ва тарҳбандии раванд таҳти дараҷа ва сифати супоридашуда истифода бурдани онҳоро тавонист. Мавзӯро пурра хонед >>
5.Квалиметрияи (сифатченкуни)-и педагогӣ
Нисбати квалиметрияи педагогӣ ҳанӯз аввали солҳои 70 – уми қарни гузашта гуфтугу cap шуда буд. Истилоҳи «квалиметрия» (аз лот. qfalis – сифат ва mytyos – ченкунӣ) равияи тадқиқи педагогиро ифода намуда, мазмуни асосии он ченкунӣ ва баҳисобгирии параметрҳо (бузургиҳо) ва тавсифҳои педагогӣ мебошад. Аммо дар ин моҳияти маънои худ квалиметрия гоҳ – гоҳ истифода бурда мешавад. Ба ҷойи он мафҳумҳо шабеҳи ихтисосӣ, ки аз ду қисми аз ҳамдигар Ҷудо – «ихтисос» ва аз лотинӣ «метрос» (ченкунӣ) соҳаи тадқиқоти педагогиро фаҳмонанда ба хусусияти сифати ташхискунии касби педагогӣ равона карда шуд. Маҷмӯи сифатҳои ин, чӣ тавре ки қайд карда шуд, профессионализм (касбдонӣ), санъат, навоварӣ ном доранд, вале методикаи онҳо баҳисобгирии анъанавӣ ҳамчун аттестатсияи педагогҳои муассисаҳои таълимӣ муайян карда мешавад.
Таҳлили проблемаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки масъалаҳо акнун ҳама вақт ҳал карда шуданд, вале дар сатҳи сифати ченкунӣ, бидуни истифодабарии миқдори методҳои замонавӣ. Мавзӯро пурра хонед >>
- Аттестатсияи муаллимон
Дар он кишварҳое, ки санҷиш (тестӣ) гузаронида мешавад, ҳалли масъалаи аттестатсияи педагогҳо нисбатан ба осонӣ мегузарад. Дар хориҷа санҷиши талабагон ва муаллимон мунтазам расму тартиби муқаррарӣ ва одатӣ, то ҷузъиёташ кор карда шудааст. Шубҳае нест, ки мо ҳам бо мурури замон ба чунин санҷиш мегузарем.
Дар хориҷа методикаи муайян кардани сатҳи кордонии педагогӣ хеле паҳн шудааст, муаллифони онҳо мутахассисони кишварҳои гуногун мебошанд. Ин методика мунтазам такомул меёбад.
Санҷиши назоратӣ
- Мафхуми «Фаъолияти касби педагоги» чи маъно дорад?
- Кадом вазифаи педагоги асоси аст?
- Талаботи муаллим аз чи иборат аст?
- Сохти кобилияти педагоги чи гуна аст?
- Маънои «махорати педагоги» – ро шарх дихед.
- Махорати педагогиро омухтан мумкин аст?
- Формулаи потенсиали касби педагоги чи гуна аст?
- Мохияти маънои «педагоги идеали» – ро фахмонед.
- Махорати педагоги хамчун система чист?
- Квалиметрияи педагоги чиро меомузад?
Муаллими мактаби муосир реферат аз фанни Педагогика бо забони точики дар бораи муалим Вазифахои муаллим Талабот нисбат ба муаллим Потенсиали касби педагоги Махорати муаллим Квалиметрияи педагоги Аттестатсияи муаллимон