Зермавзӯҳо:
1.Мафҳуми «мазмуни таҳсилот» (маълумот)
Мафҳуми «мазмун» ифодаи мундариҷа ва мӯҳтавиётро дорад, ки он тамоми унсурҳои таркибӣ ва ҷиҳати асосии таҳсилоти муосирро фаро мегирад. Ин қоида чунин саволҳоро ба миён мегузорад: чаро мазмуни маълумот ҷиҳатҳои асосии маълумоти ҳозиразамонро фаро мегираду дигарашро не? Барои он, ки мактаб тамоми донишҳои умумибашариро дар бар гирифта наметавонад, чунки ҳаҷми он беканор аст.
2.Ҳуҷҷатҳои меъёрии мазмуни маълумоти мактаб
Меъёри мазмуни маълумоти мактаби муосирро се ҳуҷҷати асосӣ – нақшаи таълимӣ, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсию дастурҳои таълимӣ муайян мекунанд.
Нақшаи таълимӣ, санади муҳими давлатӣ буда, аз тарафи Вазорати маориф тасвиб мегардад. Он меъёру ҳайати фанҳои тадрисии мактабҳоро муайян намуда, тартиби омӯзиши онҳоро ба солҳои хониш ва миқдори соатҳои ҳафтаинаи онҳоро дар ҳар синф муқаррар менамояд. Ҳар муассисаи таълимӣ ва тарбиявӣ мувофиқи хусусияти худ дорои нақшаи таълимии хос мебошад: нақшаи таълимии мактаби ибтидоӣ, мактаби миёнаи умумӣ, мактаби шабона, ғоибона, мактаби олӣ ва ғайра.
Санҷиши контролӣ
- Мазмуни раванди таълим чист?
- Мақсади умумии таҳсилоти мактаби муосир чист?
- Мазмуни таҳсилот чӣ тавр ташаккул меёбад?
- Ба мазмуни таълим чӣ гуна талабаот гузошта мешавад?
- Нақшаи таълимӣ чист?
- Барномаҳои таълимӣ чист?
- Китоби дарсӣ чӣ гуна бояд бошад?
Адабиёт барои худомӯзӣ
- Брайан С. Общество и образование. – М., 1989.
- Буйдоқов Х. Асосҳои дидактика. – Душанбе, 1996.
- Зорина Л. Я. Программа – учебник – учитель. – М., 1989.
- Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.
- Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин. Душанбе, 2006.
- Оконь В. Введение в общую дидактику. – М., 1990.
- Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000.
- Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
- Сангинов Н. Дидактика. – Душанбе, 1992.
- Скаткин М. Н. Проблемы современной дидактики. – М., 1984.
- Юнусов Й. Педагогика. Душанбе, 2005.