Мероси адабии Чунайдулло Хозик, ашъори шоир
Сарфи назар аз мураккабии авзои замони зиндагии Ҳозиқ ва нобасомониҳои рӯзгори ӯ, аз ин шоир осори пур- арзише боқӣ мондааст. Он осор аз «Девони ғазалиёт» достони «Юсуф ва Зулайхо», рисолаҳои «Воқеоти исломӣ» ва «Таҳқиқ-ул-қавоид» иборат мебошад. Рисолаи «Таҳқиқ-ул-қавоид» номи дигар низ дорад, ки он «Шарҳи қонунча» аст.
«Девони ғазалиёт»-и Ҳозиқ
Дар девони шоир ғазал мавқеи марказӣ дорад. Чун анъана мавзӯи асосии ғазал ишқ аст. Ин мавзӯъ бо тамоми ҷузъиёт: ҳиҷрону висол, сабру тоқат, васфи ҳусну ҷамоли дилбар, бевафоӣ ва сустаҳдӣ, номеҳрубонӣ, сарддилӣ ва ғайра ба тасвир омадааст. Дар иртибот бо ин мавзӯъ маю бода (ҳамчун рамзи хушгузаронии умр, зиндагӣ), васфи баҳор ва ҷузъиёти ин фасли арӯси сол: резиши борони найсону шилдир- шилдири ҷоришавии чӯйҳои баҳорӣ, накҳати гулҳову муаттарии насими субҳгоҳӣ, сафои самову гармои ҳаво ва монанди инҳо хеле ҳунармандона аст.
Чунончи, дар ин ғазал, ки шояд дар даврони нисбатан пиронсолагии Ҳозиқ эҷод шуда бошад:
Ёди айёме, ки пур аз май сабӯе доштем,
Шаб ҳама бар сари ғам ҳою ҳуе доштем.
Шаб ниҳон з-ағёр мову ёр дар базми висол,
Мо ҳам аз имои абрӯ гуфтугӯе доштем.
Гардиши даврон гули мору чунин пажмурда сохт
В-арна дар ин боғ мо ҳам рангӯ бӯе доштем.
З-инқилоб андеша кун, моро ба чашми кам мабин,
Дар диёри хеш мо ҳам обрӯе доштем.
Ман ҳамчун қаҳрамони лирикии ғазали Ҳозиқ пайваста дар изтироб, ҳаяҷон аст. Зеро ба ин ҳолат ӯро маҳбуба овардааст. Доираи фаъолият ва муносибати қаҳрамони лирикӣ – ман пурвусъат, серҷабҳа ва гуногуншакл аст. Вале асосан олами ботинии ӯ дар муносибат бо маҳбуба ошкоро мегардад. Ошиқ намехоҳад, ки ағёр аз ин сир пай барад. Ӯ пурсабру пуртоқат ва ҳифзкунандаи асрору розҳост:
Ҳозиқ, магӯ ба бехирадон рози ишқро,
Аз анбару абир кашад гову хар чӣ ҳаз.
Қаҳрамони лирикӣ – ман ғолибан ҷанбаъҳои васеи иҷтимоӣ мегирад. Дар симои ағёр бехирадиву пастфитратӣ, ноқобиливу ноӯҳдабароӣ, золимию худписандӣ, кӯтоҳназариву зоҳирбинӣ, ҳарисиву мардумфиребӣ барин амалҳои зиштро ҷамъбаст менамояд. Аз ин рӯ, вазниниҳои ҳаёт пайваста бар дӯши хирадмандону оқилон аст. Ин аст, ки Ҳозиқ мегӯяд:
Маро чун бишкуфад хотир, ки ҳамчун ғунчаву лола
Дилам хун аст ту бар ту, ҷигар доғ аст то бар то.
Дар ин айём ҳар кас ҷоми айше мекашад чун гул,
Ману доғи дилу ҳуни ҷигар чун лолаи ҳумро.
Лирикаи иҷтимоии ӯ баъзан вусъати бештаре пайдо намуда, ҳатто оҳангҳои қавии сиёсӣ низ мегирад. Ба ақидаи Ҳозиқ, соҳибмансабон бояд шахсони сазовору лоиқ бошанд. На ҳар як шахс аз ӯҳдаи корҳои роҳбарӣ баромада метавонад. Дар системаи роҳбарӣ бояд принсипи ҷиддие ҳукмрон бошад, то ин ки шахсони тасодуфии беистеъдод ба мансабҳои баланди давлатӣ соҳиб шуда натавонанд. Таърих гувоҳ аст, ки агар шахси нолоиқе сари мансабе ояд, он гоҳ ҷомеъа дучори мушкилиҳои сершумор хоҳад шуд:
Халқи оламро на ҳар дун даст бар сар мекашад,
Ин қадаҳ аз даври гардун меҳри ховар мекашад.
Бори узви ҷоҳро ҳар сифла натавонад кашид,
Ҳеҷ тори анкабуте нақди гавҳар мекашад.
Яъне ба ин восита лирикаи шоир ҷанбаъҳои воқеии ҳаётӣ гирифта, ба ҳаёти ҷамъият ва рӯзгори мардум бештар наздик мешавад. Шоир таъкид ба таъкид мегӯяд, ки шахсони ҳариси ҷоҳу мансабро набояд имкон дод, ки ҳадафҳои палиди худро амалӣ намоянд. Баръакс, пеши роҳи онҳоро бояд гирифт, то ин ки мардум аз ин тоифаи кӯтоҳ – назар халос бошанд:
Баски масти бодаи ҳирсанд абнои замон,
Табъашон хуни падар аз шири модар мекашад.
Дар оғози расидан ба ҳадаф баъзан ин тоифа усули кори худро дигар хел намуда, рафтори чоплусонаро пеш мегиранд. Ҳамин ки ба ҳадафҳои ниҳоии худ расиданд, ҳамон замон тағйир меёбанд. Ба ин маънӣ шоири мушоҳидакор огоҳ месозад, ки ба тавозӯи сохтакоронаи мансабхоҳон фирефта набояд гашт. Онҳо ҳама чизро бо мансаб иваз хоҳанд кард. Ӯ мегӯяд:
Қади золим аз тавозӯъ нест ҷузъ тамҳиди зулм,
Мешавад хам неши ақраб заҳр, чун бармекашад.
Дигар аз мавзӯъҳое, ки дар лирикаи Ҳозиқ хеле зиёд реша дорад, мавзӯъҳои панду андарз, мавъизату насиҳат, тарбиявию ахлоқӣ мебошанд, ки шоир ба мавзӯи мазкур бештар таваҷҷӯҳ зоҳир намудааст. Чунончи:
Ба гиру дори бузургӣ ту бош хуш, ки дили ман,
Гирифтааст, таманнои дору гир надорад.
Зи файзи олами маънӣ ба махзани дили Ҳозиқ,
Ҷавоҳирест, ки шоҳи фалаксарир надорад.
Бояд гуфт, ки Ҳозиқ шоирест, ки ба қадри сухан ва суханвар бо тамоми ҳастии худ мерасад. Ӯ суханро дурру гавҳар мегӯяд, вале шеърро, хусусан сухани матини манзумро афзал мешуморад, яъне агар сухани насрӣ, ки он ҳам дурру гуҳар аст, накӯ аст ва агар манзум гардад, накӯтар хоҳад гашт. Шоир мегӯяд:
Суханро шеър бахшад зеби дигар,
Шавад аз назм афзун қадри гавҳар.
Агар худ шеърро ҳусне набудӣ,
Ба Ҳассон кай Набӣ эҳсон намудӣ.
Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ адиби тавоно буда, ҳунари ӯ аз навъҳои лирикӣ хусусан дар ғазал сазовори таҳсин аст. Зеро ӯ аз эҷодиёти бузургтарин ғазалсароён: Саъдию Хоҷу, Носири Бухороиву Салмони Соваҷӣ, Хусраву Ҳасан, Ҳофизу Камол, Ҷомию Ҳилолӣ, Мушфиқиву Шавкат ва дигарон комилан огоҳ будааст.
Таъсири эҷодиёти шоирони номбаршуда дар ашъори Ҳозиқ аз нигоҳи ҷанбаъҳои ҳунарӣ: коргирӣ аз санъатҳои бадеӣ, мазмунсозӣ, маъниофарӣ, дарёфти радифу маҳорати қофиясозӣ, интихоби вазнҳои мувофиқу хушоҳанг ва ғайра хеле хуб мушоҳида карда мешавад.
Сабку услуб, шеваи эҷоду ҳунари таълифи Ҳозиқ низ хеле ҷолиб аст. Аз ин ҷост, ки нуфузи эҷодиёти Ҳозиқ ба адабиёти давр ва минбаъда низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад.
Достони «Юсуф ва Зулайхо»
Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ на танҳо дар эҷоди навъҳои гуногуни лирикӣ табъи баланду ҳунари воло доштааст, балки дар достонсароӣ ҳам соҳиби истеъдоди фавқулодда мебошад.
Ҳозиқ дар заминаи сунати адабӣ достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро таълиф менамояд.
Шоир достони мазкурро дар замони амир Умархон (1809-1822) оғоз намуда, соли 1724 онро ба итмом мерасонад:
Намуд илҳом дар таърихаш иншо:
Муфассал қиссаи «Юсуф Зулайхо».
Шурӯъаш буд аз даври Умаршоҳ,
Ки зад ба садри ҷаннат хаймаи ҷоҳ.
Набурдам худсарӣ дар ҷайби анҷом,
Ки даври салтанат з-ӯ ёфт итмом…
Ҳозиқ достони «Юсуф ва Зулайхо»-и худро дар пайравии достонҳои Ҷомию Нозим эҷод кардааст. Зимни асар шоир андешаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, ҷамъиятии худро низ баён кардааст:
Ба дӯши қиссаи Юсуф Зулайхо,
Мурассаъ хилъати дигар биоро.
Либоси тозаву ушшоқи тоза,
Баҳори тозаву авроқи тоза.
Зи ҳар гул рангу бӯи тоза ҷӯшад,
Зи ҳар булбул наво дигар хурӯшад.
Достони «Юсуф ва Зулайхо» дорои 60 боб ва 4496 байт буда, дар баҳри Ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф (баъзан мақсур) эҷод карда шудааст, ки афоъили он чунин аст:
v – – – / v – – – / v – –
v – – – / v – – – / v – –
яъне: мафоъӣлун, мафоъӣлун, фаъӯлун.
Сужети достон аз боби 12 оғоз мешавад.
Қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» яке аз машҳуртарин қиссаҳо буда, таърихи пайдоиши он ба асрҳои XV – XIV то мелод тааллуқ дорад. Қиссаи мазкур дар китоби муқаддаси «Таврот» ва баъдтар дар «Қуръон»-и маҷид зикр шудааст.
Дар осори адабӣ-бадеии халқҳои форс-тоҷик ин қисса дар осори шоирони садаи X Абулмуайяди Балхӣ, Бахтиёрӣ ва Фирдавсӣ (мансуб ба ин эҷодкор), минбаъд Амонӣ (асри XI), баъдҳо Амъақи Бухороӣ, Масъуди Ҳиравӣ, Масъуди Деҳлавӣ, Озари Тӯсӣ, Масъуди Қумӣ, Шоҳини Шерозӣ ва бисёр касони дигар манзум шудааст. Ҳатто дар адабиёти туркзабон ҳам чанд тан: Ҳамдуллоҳи Чалабӣ, Дурбек ба ин қисса рӯ овардаанд.
Чанд тан шоирони асрҳои XVI-XIX низ дар эҷоди қиссаи мазкур ранҷ бурдаанд, ки аз зумраи онҳо: Мавҷии Бадахшонӣ, Салими Табрезӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Муҳаммад Иброҳими Халилуллоҳи Бадахшонӣ, Авҳадии Балёнӣ, Ҷавҳари Табрезӣ, Шаҳоби Туршезӣ ва дигарон мебошанд. Вале машҳуртарини таълифгарони қиссаи мазкур Ҷомӣ, Нозими Ҳиравӣ ва Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ мебошанд.
Таҳлили достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҳозиқ
Достон мазкур бо он характернок аст, ки он фоҷеавӣ нест. Аз тарафи дигар, дар ин қисса Зулайхо (нисбат ба достонҳои дигари ишқӣ- романтикӣ) хеле фаъол аст. Зулайхо тамоми вазнинии зиндагӣ, роҳи муҳаббатро бар дӯши худ мегирад. Ҷанбаъҳои воқеии рӯзгорӣ дар достони Ҳозиқ боз ҳам бештар ба назар мерасанд. Дар ин достон Юсуф таҷассуми иффат- покист.



















