Баландии нисбӣ ва мутлақ

1.Баландии нисбӣ ва муайян кардани он. Агар ба харитаи табиии нимкураҳо назар андозем, рангҳои гуногунро мушоҳида мекунем. Он рангҳо ноҳамвориҳои сатҳи Заминро нишон медиҳанд, ки онро дар географияи табиӣ релеф меноманд.

Он аз пастӣ, ҳамворӣ, водӣ, теппаҳо ва кӯҳҳо иборат мебошад. (Аз ҷадвали баландии қисми поёнии харита нишон диҳед, ки ин намудҳои релеф дар харита бо кадом рангҳо ифода карда шудаанд?).

Онҳо баландии ба худ хос доранд. Баландӣ нисбӣ ва мутлақ мешавад. Фарқи баландии як нуқтаи сатҳи Заминро аз дигараш баландии нисбӣ меноманд. Онро дар маҳал бо воситаи нивелири мактабӣ муайян мекунанд.

Масалан, ба мо лозим аст, ки дар маҳал баландии теппаро муайян кунем. Барои ин амалро иҷро кардан ду хонанда иштирок мекунанд. Яке аз онҳо нивелирро дар доманаи теппа гузошта, амудӣ будани онро аниқ мекунад. Баъд ба воситаи нишонгираки нивелир нуқтаи нишон мегирифтагиро муайян мекунад. Хонандаи дигар ба он нуқтаи нишонгирифта мех мекӯбад. Ҳамин тавр, баланди теппаро аз домана то қулла чен мекунанд. Агар баландии нивелир 1 метр, баландии теппа 6 метр бошад, дар он сурат аз доманаи теппа то қуллаи он хонандагон ҷойи якдигарро иваз мекунанд ва баландии нисбии онро муайян менамоянд (расми 12).

12

2.Баландии мутлақ ва муайян кардани он.  Ба мо маълум аст, ки қисмҳои алоҳидаи сатҳи хушкӣ аз сатҳи баҳр ва уқёнус дар баландиҳои гуногун воқеъ гардидаанд. Ҳар яки онҳо (ҳамворӣ, теппа, паҳнкӯҳ ва ғайра) дорои баландии нисбӣ ва мутлақ мебошанд. Агар баландии нисбиро аз рӯйи баландии як нуқтаи сатҳи хушкӣ нисбат ба нуқтаи дигари он муайян кунанд, баландии мутлақро аз сатҳи миёнаи оби баҳр ва уқёнус муайян менамоянд. Бинобар ин баландии нуқтаи сатҳи заминро,  нисбат ба сатҳи баҳр (дар илми топография он ба 0 баробар аст) ҳисоб карда мешавад, ки баландии мутлақ меноманд (расми 13).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
13.Баландии нисбӣ (тирчаи сиёҳ) ва мутлақи (тирчаи сафед) теппа
13.Баландии нисбӣ (тирчаи сиёҳ) ва мутлақи (тирчаи сафед) теппа

Дар ҷумҳурии мо баландии мутлақи сатҳи замин аз сатҳи баҳри Балтика ҳисоб карда мешавад. Онро дар нақшаи маҳал ва харитаи табиӣ бо нуқта ифода карда, бузургии баландиро аз сатҳи баҳр бо метр нишон медиҳанд. Масалан, баландии мутлақи ағбаи Анзоб аз сатҳи баҳр 3327 метр, қуллаи Исмоили Сомонӣ 7495 метрро ташкил медиҳад.

3.Тасвири ноҳамвориҳои сатҳи Замин (релеф) бо хатҳои уфуқӣ.  Сатҳи Замин ноҳамвор аст. Як маҳал аз маҳалли дигар бо пастӣ ва баландии худ фарқ мекунад. Барои дар нақша ва харитаи табиӣ тасвир кардани онҳо аз хатҳои уфуқӣ истифода мебаранд.

Ҳар як хати уфуқӣ нуқтаҳои баландии мутлақашон якхеларо бо ҳам пайваст менамояд. Ҳамин тавр, хатеро, ки баландиҳои мутлақи (аз сатҳи баҳр) якхеларо бо ҳам пайваст мекунад, хати уфуқӣ ё изогипсҳо (юнонӣ «изос»-баробар, «гипсос»-баландӣ) меноманд. Агар ноҳамвории (релефи) сатҳи Замин гуногун (аз ҷиҳати баландӣ) бошад, дар нақша ва харитаи табиӣ хатҳои уфуқӣ бештар кашида мешаванд. Тарзи кашидани хатҳои уфуқӣ дар расми 14 тасвир ёфтааст.

Намуди умумӣ (дар боло) ва нақшаи ҷазираи Линколн (дар поён)
Намуди умумӣ (дар боло) ва нақшаи ҷазираи Линколн (дар поён)

Дар он намуди зоҳирии ҷазираи Линколн ва нақшаи онро мебинем. Агар ба намуди зоҳирии ҷазира назар андозем, мебинем, ки хати уфуқӣ аз соҳили он кашида шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки соҳили ҷазира ва сатҳи баҳр як хел баландии мутлақ доранд ва он бо 0 ифода шудааст. Дигар хатҳои уфуқӣ (20, 40, 60, 80…) аз якдигар дар масофаи 20 метр кашида шудаанд. Ҳар яки онҳо баландии мутлақи нуқтаи муайяни маҳалро ифода мекунад. Бинобар ин дар нақша барои фарқ кардани баландии мутлақи якхела дар назди ҳар як хати уфуқӣ баландии мутлақи он бо адад ифода карда шудааст.

Дар нақша мо инчунин аз рӯйи ба ҳам наздик ва ё дур ҷойгир шудани хатҳои уфуқӣ, нишебӣ ва моилии маҳалро муайян мекунем. Ба ҳам наздик воқеъ гардидани хатҳои уфуқӣ гувоҳӣ медиҳад, ки релефи он қисми маҳал ниҳоят нишеб аст. Он қисми нақша, ки хатҳои уфуқи дар он аз якдигар дур кашида шудаанд, моил будани релефро нишон медиҳад.

Ҳамин тавр, дар нақша ва харитаи табиӣ ноҳамвориҳои сатҳи Замин ба воситаи хатҳои уфуқӣ нишон дода мешавад. Аз ин сабаб мутахассисон (геологҳо, роҳсозон, бинокорон, нақбканҳо ва ғайра) дар фаъолияти худ аз нақшаҳои топографӣ ҳамаҷониба истифода мебаранд.

Чен кардани масофа. Дар сатҳи Замин объектҳои табиӣ ва зиёде воқеъ гардидаанд. Онҳо аз якдигар дуру наздик воқеъ гардидаанд, ки онро мо масофа мегӯем. Барои муайян кардани масофа аз асбобҳо ва усулҳои масофаченкунӣ истифода мебаранд. Ба он асбобҳо танобчӯб, танобтасма (рулетка), масофасанҷҳои дастисохт, дурченкунак дохил мешаванд. Ғайр аз ин масофаро бо қадам, гузашти вақт ва нури лазерӣ низ чен мекунанд.

Барои бо қадам чен кардани масофа донистани дарозии қадами худ зарур аст. Бинобар ин як масофаи муайянро бо қадам якчанд маротиба пешу қафо рафта ҳисоб мекунем. Пас аз ин ҳисоби миёнаи қадамро муайян мекунем. Онро ба масофаи тайкарда тақсим мекунем ва дар натиҷа ҳисоби миёнаи дарозии қадам муайян мешавад. Бо гузашти вақт муайян кардани масофа он қадар натиҷаи аниқ намедиҳад, зеро одам тамоми масофаро бо суръати якхела тай карда наметавонад. Ба воситаи нури лазерӣ дар расадхонаҳо масофаи сайёра ва дигар ҷисмҳои осмонӣ чен карда мешавад.

Дар корҳои сохтмону заминченкунӣ асосан аз дурченкунак ва танобчӯб истифода мебаранд. Ин асбобҳо масофаро аниқ чен мекунанд.


Саволҳо:

  1. Баландии нисбӣ чист?
  2. Баландии мутлақ ва нисбӣ аз якдигар чӣ фарқ доранд?
  3. Хатҳои уфуқӣ барои чӣ лозиманд?
  4. Дар нақша ба ҳам наздик ва аз ҳамдигар дур кашида шудани хатҳои уфуқӣ чӣ маъно дорад ва чиро ифода мекунад?
  5. Аз накшаҳои топографӣ кадом мутахассисон бештар истифода мебаранд?
  6. Масофа чист ва онро бо кадом асбобҳо чен мекунанд?

Нохамворихои сатхи замин, Баландии нисби ва мутлак, релеф чист? Маълумот дар бораи релеф бо забони точики, баландии нисби, Баландии мутлак ва муайян кардани он, масофа чи тавр чен карда мешавад?

ҚаблӣТухм (Тухми растани)
БаъдӣСураткашии маҳал