Мавзӯъ ва мундариҷаи осори Амир Хусрави Деҳлавӣ

Мавзуъ ва мундаричаи осори Амир Хусрави Дехлави иншо эссе.


Мавзӯъ: Мавзӯъ ва мундариҷаи осори Амир Хусрави Деҳлавӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мероси адабии шоир
  3. Мавзӯъҳои асоси дар осори шоир

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Амир Хусрави Деҳлавй яке аз шоирон ва адибони бузургу барҷастаи адабиёти форсизабони Ҳиндустон буда, бо осори илмиву адабиаш дар таърихи адабиёти форсу тоҷик мақому мартабаи балан,д касб намудааст. У соли 1253 дар яке аз мавзеъҳои наздикии шақри Деҳлӣ ба дунё омадааст.

Бештари ҳаёти шоир дар ин шаҳр сипарӣ гаштааст. Амир Хусрав таҳсилоти ибтидоиро дар назди бобоёки худ шрифта, баъдан ба Мадраса рафта, онро низ хатм менамояд. Амир Хусрав бештар дар дарбори шоҳони замони худ хизмат кардааст. Амир Хусрав аз овони хурдсолӣ ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси зиёде доштааст. Амир Хусрав ба ғайр аз шеъру шоирӣ боз ба санъати мусиқк низ рағбат доштааст.

Мероси адабии шоир басе рангин мебошад. Девони ашъори ӯ иборат аз ғазал, рубоӣ, қитъа, маснавӣ, қасидаҳо ва достонҳо иборат аст. Ба ғайр аз ин, ӯ соҳиби «Панҷ ганҷ» низ мебошад. Амир Хусрави Деҳлавӣ дар ҷавоби «Хамса»-и Низомӣ асари бузургеро бо номи «Панҷ ганҷ» эчод намудааст. Амир Хусрав дар анъанаи хамсанависӣ аввалин шоир маҳсуб мешавад. Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Баҳористон»-и худ қайд менамояд, ки «Панҷ ганҷ»-и Амир Хусрав аз беҳтарин ҷавобҳо ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ ба шумор меравад. «Хамса»-и Амир Хусрав дар таърихи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ бо номи «Хамсаи Хусравӣ» низ маълуму машҳур мебошад. Мавзӯъ ва мундариҷаи асарҳои шоир мухталиф мебошанд. Яке аз мавзӯъҳое, ки шоир ба он дахл намудааст, фазилати илму дониш ва танқиди ҷахлу ҷоҳилӣ мебошад:

Чун набувад мард ба дониш азиз,
Гов бувад, хармагаси гов низ
Мард, ки аз илм тавонгар бувад,
Кай назараш бар гуҳару зар бувад.

Шоир дар бобати одобу ахлоқ сухан ронда, покизагиву хулқу одоби ҳамидаро таърифу тавсиф менамояд. Инсонҳоро ба кӯшишу гайрат, некиву накӯкорй ва тарбияи ахлоқи некй дигарон даъват менамояд:

Некуӣ омуз ба ҳар нокасе,
3-он ки бадӣ ҳаст худ ӯро басе.

Амир Хусрав ҳамчун олими мутафаккир, шахси порсо мӯътақид ба қонуну қоидаи шариати исломй буда, мухолифи ҳама гуна табақаҳои ҷамъият, ки маю машруботро як воситаи хушии ҳаёт маҳсуб медонистанд, шаробро ҳамчун сабабгори бадиву пасгиҳо маҳкум менамояд:

Шурбу зино тира кунад ройро,
Шоҳиду май суст кунад пойро.

Масъалаи дигар, ин сулҳнопазирии ақидаҳои исломй бо маю майгусорй мебошад, ки дар ашъори шоир ҷойи махсусро дорад:

Бодаву тасбеҳ ба як лаб хатост,
Маҷлису меъроҷ ба як гиаб хатост.
Масҷиду майхона чу якҷо шавад,
Натъи ҳарифон зи мусалло шавад.

Аз назари Амир Хусрав, масъалаи ҳурмату эҳтироми падару модар дар ҷойи аввал буда, вазифаи муқаддаси ҳар як фарзанд маҳсуб мешавад. Ин масъала хеле муҳим буда, пойдории оила, авлод, халқу миллатҳо ба он вобастааст. Амир Хусрав ҳурмату эҳтироми аввалро ба модар медиҳад, зеро ки дар таваллуди фарзанд ва тарбияи ӯ хидмати бузурге дорад:

Якшаба он ранҷ, ки модар кашид,
Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид.

Ӯ, чу надорад зи паят ҷон дареғ,
Вой, ки чун дорӣ аз ӯ нон дареғ.

Амир Ҳусрав, ҳамчун инсони комил, қадру қимати волидайнро нишон дода, диққати асосиро бештар ба зарурат будани фарзанд додааст. Ҳар як фарзанд бсяд ободгари миллату кишвар бошад, ҳамзамон мавзӯи муҳаббат бар фарзандро низ дахл намудааст:

Зода, агарчи ҳама хокистар аст,
Сурмаи чашми падару модар аст.

Ҳамин тариқ, ашъори пандуахлоқӣ, достонҳои лирикии ӯ аз намунаҳои беҳтарини назму шеъри адабиёти классикии форсии тоҷикй буда, барои тарбияи наели имрӯза хизмати босазое хоҳанд кард.

ҚаблӣПарчами Тоҷикистон (шеъри Низом Қосим)
БаъдӣЛивои бахт (шеър барои парчам)