Ташкилёбии империяи Искандари Мақдунӣ

Ташкилёбии империяи Искандари Макдуни. Искандар дар сари хокимият. Огози лашкаркашии искандар ба шарк. Забти шарки бахри миёназамин. Искандар дар Миср. Идомаи чангхои Искандар. Парокандашавии давлати Искандар. Минои Искандария


ИСКАНДАР ДАР САРИ ҲОКИМИЯТ

Баъд аз сари Файлақуси II соли 336 пеш аз милод ба тахти подшоҳии давлати Юнону Мақдуния писари 20-солаи ӯ Искандар менишинад.

Искандар шогирди Арастуи машҳур мебошад. Ӯ аз устоди худ таълиму тарбияи хуб гирифта буд. Искандар худро ҳамчун шогирди сазовор ва дорои қобилияти баланд нишон дод. Ҳанӯз дар синни 16-солагӣ, ҳангоми сарлашкар будани падараш Мақдунияро идора мекард. Дар синни 18-солагиаш дар муҳорибаи Херонея яке аз роҳбарони асосии лашкари Мақдуния буд.

Душманони Мақдуния хостанд, ки аз вафоти Файлақуси II истифода баранд. Чанд давлат ҳатто аз иттифоқи Коринф баромад, вале Искандари ҷавон онҳоро аз нав маҷбуран ба давлаташ ҳамроҳ кард. Қабилаҳои зиёде аз шимол ба Мақдуния ҳамла оварданд, вале Искандар онҳоро торумор кард. Ҳамин тариқ, подшоҳии Искандар дар Юнону Мақдуния оғоз ёфт.

ОҒОЗИ ЛАШКАРКАШИИ ИСКАНДАР БА ШАРҚ

Барои лашкаркашӣ ба Шарқ Искандар ду сол тайёрии пухта дид. Дар ин вақт ӯ лашкари пурқувват ташкил намуд, ки он аз 30 ҳазор пиёдааскар, 5 ҳазор аскари савора, 12 ҳазор аскари силоҳи вазниндошта, 12 ҳазор аскари кироя ва 160 киштӣ иборат буд.

Расми 217. Искандари Мақдунӣ
Расми 217. Искандари Мақдунӣ

Баҳори соли 334 пеш аз милод як қисми лашкари Искандар дар зери роҳбарии Парфенон ном лашкаркаш аз гулугоҳи Дарданел ба ҳудудҳои давлати Ҳахоманишиёни ворид гардид. Худи Искандар бошад, бо қисми дигари лашкараш ба шаҳри Тир ҳуҷум карда, онро баъд аз ҷангҳои шадид ишғол намуд. Муҳорибаи аввалини мақдуниҳо бар зидди форсҳо дар наздикии дарёи Граник, ки ба баҳри Мармар мерезад, ба амал омад. Дар он лашкари Искандар бо осонӣ дастболо шуд. Ин муҳориба нишон дод, ки лашкари Эрон сершумор бошад ҳам, барои ғалаба бар Искандар қодир нест.

ЗАБТИ ШАРҚИ БАҲРИ МИЁНАЗАМИН

Ба Искандар муяссар гардид, ки шаҳри Милетро бо осонӣ ба даст дарорад. Баъд аз ин имкон фароҳам омад, ки лашкаркаширо ба мулкҳои Эрон идома диҳад.

Тобистони соли 333 пеш аз милод Искандар ба ҷанубу шарқии Осиёи Хурд ҳамла кард. Баъди чанде онро ишғол намуда, ба тарафи Сурия раҳсипор шуд. Дорои III ба лашкараш бо боварии том ба он ҷо меравад. Дар ин лаҳза қувваҳои асосии форсҳо дар Сурия буданд. Аз ҳамин сабаб вазъияти Искандар душвор шуд. Ӯ маҷбур мешавад, ки аз Сурия ба ақиб баргашта, бар зидди Дорои III ба ҷанг дарояд. Дар ин муҳориба, ки хеле шадид буд, мақдуниҳо бар лашкари Дорои III ғалаба карданд. Дар ин ҷо модар, завҷа ва духтари Дорои III ба Искандар асир меафтанд.

МИНОИ ИСКАНДАРИЯ

Расми 218. Минои Искандария. Таъмир карда шудааст
Расми 218. Минои Искандария. Таъмир карда шудааст

Минои Искандария аз ҷумлаи охирин муъҷизаи дунёи қадими ба номи Искандари Мақдунӣ алоқаманд мебошад. Шаҳри Искандария соли 332 пеш аз милод бино ёфта, дар ҷойи шаҳрчаи куҳнаи мисрии Ракотисаи резишгоҳи рӯди Нил доман паҳн кард ва яке аз шаҳрҳои аввалини эллинӣ маҳсуб меёфт Он дар асоси нақшаи муштарак бино карда шудааст. Дар Искандария тобути Искандар маҳфуз буд, инчунин дар он осорхона (музей) арзи ҳастӣ дошт ва ин макон (олиҳаи асотирӣ) (Т. Зиёзода) маркази санъат ва илм шинохта мешуд.

Мино дар шакли манораи сеқабатаи баландиаш 120 метр (рақиби аввалин ва аз ҳама хатарноки аҳромҳои Миср) бунёд ёфт. Асоси он мураббаъу ҳар тарафаш мутаносиб, ки қабати шастметраи он аз хиштҳои сангин бино ёфта, манораи чилметраи ҳашткунҷаро нигоҳ медошт. Он бо мармари сафед рӯйпӯш карда шуда буд. Қабати сеюми онро, ки доирашакл буд, манора бо сутунҳо иҳота шуда, дар он гулхани бузурги абадӣ фурӯзон буд, ки акси он аз тариқи низоми мураккаби оинаҳо нурпошӣ мекард. Барои гулхан ҳезумро ба боло тавассути нардбони печдарпечи ҳамвору васеъ ба боло бароварда мешуд…

Мино ҳам қалъа–такягоҳи Искандар буд ва ҳам пойгоҳи мушоҳида. Аз баландии он флоти душман ҳанӯз то ба соҳил наздик шуданаш аз масофаи дур менамуд. Дар ин манора асбобҳои сершумори моҳирона сохташуда, ба монанди: боднамо, парчам, асбобҳои ситорашиносӣ, соат мавҷуд буданд.

Мино чунон олиҷаноб буд, ки Сострат Киндоский аз фаромӯш шудани он сахт метарсад. (Шарҳи Т.Зиёзода) Аз ин pӯ, ба вайрон кардани фармонҳои Птолемей роҳ дода, ӯ дар таҳкурсии Мино навиштаҷоти зеринро кандакорӣ кард: «Сострат, писари Декстифон аз Книда, ба хотири баҳрнавардон ба худоҳои наҷотдиҳанда бахшидааст». Навиштаҷотро бо қабати андова пӯшонид.

…Баъди барҳам хӯрдани империяи Рум Мино дигар нурпошӣ намекард. Дар тӯли асрҳо хароб гардид, вале деворҳои қабати поёни он умри дароз диданд ва танҳо дар асри XIV (милодӣ) дар натиҷаи заминларза вайрону валангор шуданд.

Баъд аз ин ғалаба, Искандар дар шарқи Баҳри Миёназамин шаҳрҳои Библ, Сидон, Арвад, Марат ва шаҳру мулкҳои дигари Ҳахоманишиҳоро ба даст даровард.

Дорои III ду маротиба ба Искандар дар бораи озод карда шудани аҳли оилааш мактуб менависад, лекин аз ӯ ҷавоби рад мегирад. Бори дуюм вай ба Искандар ба ивази озод карда шудани оилааш ҳатто 10 ҳазор талант пули нуқрагӣ ва заминҳои ҷанубтари дарёи Фуротро ваъда кард.

Аҳволи Дорои III рӯз то рӯз вазнинтар шудан мегирад. Искандар тасмим мегирад, ки давлати Ҳахоманишиёнро тамоман барҳам диҳад.

ИСКАНДАР ДАР МИСР

Искандар баъди ишғоли қисмати шарқи Баҳри Миёназамин ба Миср лашкар кашида, моҳи ноябри соли 332 пеш аз милод ба водии дарёи Нил рафта мерасад.

Миср яке аз мулкҳои давлати Ҳахоманишиён буд. Сокинони он барои ба даст даровардани истиқлолият мубориза мебурданд. Дар Миср борҳо бар зидди Ҳахоманишиён шӯриш ба амал омада буд, аз ин нигоҳ Искандарро дар ин ҷо хуб истиқбол карданд. Форсҳо, ки дар Миср лашкари бисёр надоштанд, бо тезӣ шикаст хӯрданд. Аз ҷониби коҳинони Миср Искандар писари фиръавн Амон эълон гардид.

ИДОМАИ ҶАНГҲОИ ИСКАНДАР

Тирамоҳи соли 331 пеш аз милод дар наздикии Гавгамела ном деҳаи шарқии Байнаннаҳрайн муҳорибаи шадиде ба амал омад. Дар ин муҳориба лашкари Дорои III торумор карда шуд. Дорои III ба пойтахти Мод- шаҳри Ҳамадон фирор кард. Аз лашкари бузурги Ҳахоманишиён танҳо як дастаи начандон калоне боқӣ монду бас.

Ба Искандар муяссар гардид, ки ҳар ду пойтахти Ҳахоманишиён – Посоргорд ва Тахти Ҷамшед (Персеполис)-ро забт кунад. Дар Тахти Ҷамшед Искандар хазинаи Ҳахоманишиёнро ба даст дароварда, аз он ҷо 180 ҳазор талант ва ашёи бешумори тиллою нуқрагинро ғанимат гирифт.

Расми 219. Дучархаи ҷангии Форсҳо
Расми 219. Дучархаи ҷангии Форсҳо

Бо фармони Искандар мақдуниҳо дар Тахти Ҷамшед қасри Хашиёршоҳро оташ заданд.

Шоҳи Эрон – Дорои III Ҳамадонро тарк карда, ба дарунтари кишвараш рафт, Искандар ба ӯ расида гирифт. Барои он ки Дорои III зинда ба дасти Искандар наафтад, ӯро сатрапҳояш куштанд. Искандари Мақдунӣ баъди ишғоли Эрон худро вориси Дорои III ва шоҳи тамоми Осиё эълон кард.

Баъд аз марги Дорои III ҳокими Бохтар Бесс бо номи Ардашери IV шоҳи давлати Ҳахоманишиён эълон гардид. Дар яке аз муҳорибаҳо ӯ ба Птолемеи Лагӣ ном лашкаркаши Искандар асир афтод. Мақдуниҳо бо фармони Искандар Бессро қатл карданд.

Солҳои 329–327 пеш аз милод Искандар Осиёи Марказиро забт карда, баъд ба Ҳиндустон лашкар кашид. Аз ҷангҳои дуру дароз дар дохили лашкари Искандар ва роҳбарияти он норозигӣ ба вуҷуд омад. Онҳо бар зидди Искандар ҳатто якчанд маротиба суиқасд ҳам карданд. Бинобар ин, ӯ маҷбур шуд, ки бар зидди ҳамсафони худ бераҳмона мубориза барад. Бо фармони Искандар чандин нафар суиқасдчиён қатл карда шуданд. Сарфи назар аз ин, Искандар дар Ҳиндустон пирӯзӣ ба даст наовард.

Соли 325 пеш аз милод Искандар бо лашкари боқимондааш ба шаҳри Бобул рафта, онро пойтахти империяи бузурги худ эълон кард.

ПАРОКАНДАШАВИИ ДАВЛАТИ ИСКАНДАР

Дар зарфи даҳ сол Искандари Мақдунӣ дар натиҷаи забткориҳо шоҳаншоҳии бузургеро ташкил намуд. Он аз Миср то соҳилҳои дарёи Ҳинд ва аз Баҳри Сиёҳ то соҳилҳои халиҷи Форс доман паҳн карда буд. Бо вуҷуди ин, шоҳаншоҳии Искандари Мақдунӣ ба давлати марказиятнок табдил наёфт.

Соли 323 пеш аз милод Искандар дар синни 31-солагӣ баъд аз бемории начандон дуру дароз вафот кард. Искандар писари калон ҳам надошт, ки ба тахти императории ин давлат нишаста, ягонагии онро таъмин намояд. Аз ин сабаб империяи таъсисдодааш бо тезӣ пора-пора шуда, онро лашкариёнаш байни худ тақсим намуданд.

A3 ШАРҲИ ҲОЛИ ИСКАНДАРИ МАҚДУНӢ

Искандари ҷавон ғалабаҳои Файлақуси II-ро шунида, нохуш мешуд. Ӯ мегуфт: «Падарам ҳама ҷоро забт мекунад, ба ман иҷрои ягон кори бузургу намоёне муяссар намешавад».

Дар шаҳри Гордий дар дучархае гиреҳи печ дар пече буд, ки он «Гиреҳи Гордий» номида мешуд. Мегуфтанд, ки ҳар касе онро кушояд, ҳукмрони тамоми Осиё мешавад. Бисёр касон ин гиреҳро кушоданӣ шуданд, лекин натавонистанд. Искандар ҳам чунин кӯшиш кард, вале натавонист. Он гоҳ шамшерашро аз ғилоф бароварда, гиреҳро бурид. Ибораи «буридани гиреҳи Гордий» аз ҳамин ҷост, ки маънояш ҳалли ягон масъалаи сарбастаро бо кадом роҳе, ки набошад, мумкин аст.

Ҳангоми аз биёбоне гузаштан ҷанговарони Искандар аз ташнагӣ азоб кашиданд. Барои шоҳ камтар об ёфтанд. Искандар аз нӯшидани он даст кашида, гуфт: «Ин об барои як худам бисёр ва барои тамоми ҷанговарон бошад, кам аст». Ва обро ба болои рег пош дод.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО

  1. Искандар кай ва чӣ тавр шоҳи давлати Юнону Мақдуния шуд?
  2. Искандар барои лашкаркашӣ ба Шарқ чӣ тавр тайёрӣ дид?
  3. Юнониёну мақдуниҳо соҳилҳои шарқии баҳри Миёназаминро кай ва чӣ тавр ишғол намуданд?
  4. Дар бораи рафти аз тарафи Искандар шикастхӯрии давлати Ҳахоманишиён маълумот диҳед.
  5. Юнону Мақдуния кай Осиёи Марказиро забт кард?
  6. Лашкаркашии Искандар ба Ҳиндустон чӣ дод?
  7. Искандар кадом шаҳрро пойтахти империяи худ эълон кард?
  8. Давлати Искандари Мақдунӣ кай ва чаро барҳам хӯрд?
ҚаблӣТаъсиси давлати Юнону Мақдуния
БаъдӣМиср ва шарқи Баҳри Миёназамин

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед