Мушоираи Орзу Исо бо Шоираи Рахимчон.

Орзу:
Фирор аз мунҷалоби бастаи ин хона мехоҳам,
Барои гиря кардан, Борилоҳо, шона мехоҳам.
Шоира:
Кунун, он гунаам дар банди ранҷишҳои беохир,
Ки бовар бар шаранги соғари бегона мехоҳам.
Орзу:
Аз умқи обии чашмони ту, ай Шоири қалбам,
Барои арҷи ҳарфат гавҳари якдона мехоҳам.
Шоира:
Дигар гумгаштаӣ,бегонавор овораи куят,
Будан аз ҳаҷри ту дар оламе девона мехоҳам..
Орзу:
Миёни хонаҳои даҳр, қалбат хонаи ман буд,
Кунун бехонаам, танҳо майу майхона мехоҳам.
Шоира:
Ҳамон шабҳои бехобӣ,ҳамон девонагӣ охир
Ҳамон оинае аз олами афсона мехоҳам…

Орзу:
Шабеҳи он суруди хушнавои васли “гунҷишкон”
Ман аз дастони гармат то ҳанузам дона мехоҳам!
Шоира:
Аз ин бедонагӣ гунҷишк охир мурд, медонӣ?
Хуморам, “дудсигоре ” дар фазои хона мехоҳам.
Орзу:
Агар дар сарзамини шеър бе ман ҳукм фармоӣ,
Хучуми ногаҳонӣ, разми беаҳдона мехоҳам
Шоира:
Гитори хушнавози дуст ,оҳанги баҳамойӣ
Шароби васл андар соғару паймона мехоҳам.
Орзу:
Чи сон ман сӯхтам аз ҳаҷрҳои барҳадар, алъон
Шикоратро ба сабки ташнаи гургона мехоҳам.
Шоира:
Тарона ҳузн мегирад, навову савт мемирад,
Биё,бо ту наҷот аз олами вайрона мехоҳам…
Орзу:
Ман аз ҷоми каломат дергоҳонест, маҳрумам,
Ба ашъорат нигоҳи сар ба по мастона мехоҳам.
Шоира:
Аҷаб, аз фосила мо ҳарду дилхун, Орзу, раҳме,
Ки занҷир аз вафоятро ба по завлона мехоҳам
Орзу:
Ба рағми рафтанат, ай дуст, ай ҳамҷода, ай ҳамдил,
Шаробу шеър андар суфраи ҷонона мехоҳам.
Шоира:
“Биё,дунё намеарзад ба ин парҳезу ин дурӣ”,
Шикасти қуфли ғам бо панҷаи гурдона мехоҳам
Орзу:
Мисоли рузҳои пеш гар шаъми шабон бошӣ,
Барои сӯхтан ман ҳастии парвона мехоҳам.
Шоира:
Бисӯз ин пардаро, ин пардаи андар миён охир
Ки бе ту дигарам як соате ,ҷоно, НАМЕХОҲАМ!!!
Шоира Рахимчон ва Орзу Исо























