Шоҳигарии нави Миср

Рондашавии гиксосхо аз Миср. Кишоварзи. Косиби. Тичорат. Лашкаркашихои Тутмоси III. Миср дар ахди Аменхотепи III. Ислохоти динии Эхнатон. Нокомии ислохоти динии Эхнатон. Миср дар ахди Хоремхеб. Шохигарии нави Миср.


Шоҳигарии миёнаи Миср солҳои 1580, оғози солҳои асри XI п.а.м. арзи вуҷуд дошт. Шоҳигарии нави Миср ба давраи ҳукмронии фиръавнҳои сулолаҳои XVIII – XX рост омадааст.

Рондашавии гиксосҳо аз Миср

Гиксосҳо дар Миср тахминан аз охирҳои асри XVIII то соли 1580 пеш аз милод ҳукмронӣ карданд. Дар ин давра мисриён бар зидди гиксосҳо даҳҳо маротиба шӯриш бардоштаанд. Ин мубориза ҳангоми ҳукмронии Камесу дар Фиви боз ҳам шадидтар гардид. Дар яке аз асарҳои адабии баъдтар таълифгардида аз ҷониби шоҳ чунин гуфта мешавад: “Ман мехоҳам донам, ки неруи ман барои чӣ хизмат мекунад? Як ҳоким дар Аварис, дигараш дар Нубия, ман бошам, бо ҳамроҳии осиёиҳо дар ин ҷо қарор дорам. Ҳар кас порае аз сарзамини Мисрро дар ихтиёри худ дорад ва мамлакатро то худи Мемфис бо ман тақсим мекунад. Бинед, ки ӯ аллакай Шмунро ишғол карда бошад ҳам, касе ӯро боз намедорад. Ман ба сӯйи ӯ раҳсипорам, то ки шикамашро чок кунам. Мақсади ман торумор кардани осиёиҳо ва наҷот додани Миср аст”.

Вале мардум ӯро дастгирӣ накарда, ба шоҳ маслиҳат медиҳанд, ки мавқеи мудофиа ва мусолиҳатомезро ишғол намояд. Лекин шоҳ ба ин пешниҳод розӣ нашуда, ба онҳо чунин посух медиҳад: “Андешаи шумо нодуруст аст ва ман бар зидди осиёиҳо ҷанг хоҳам кард. Ҳар чӣ бодо бод… Охир, тамоми мамлакат менолад. Дар Фиви ба ман таъна зада мегӯянд: “Кемесу ҳомии Миср аст”.

Ғалабаи ниҳоиро ба гиксосҳо яке аз шоҳҳои баъд аз Кемесу ба сари қудратомада, ки Яхмоси I ном дошт, таъмин кард. Ӯро асосгузори фиръавнҳои сулолаи XVIII мешуморанд.

Яхмоси I берун аз Миср ҳам бар зидди гиксосҳо ғалабаи калон ба даст овард. Ӯ баъд ба Осиёи Пеш лашкар кашида, то ба Сурияю Финиқия рафта мерасад, вале ғалабаҳои калонтаринро дар худи Миср ба даст медарорад. Ба Яхмоси I муяссар мешавад, ки Нубияро аз нав забт кунад.

Кишоварзӣ

Аз давраи ҳукмронии сулолаи XVIII cap карда, дар асбоби кишоварзии Миср пешравӣ ба назар мерасад. Афзори асосии кории кишоварзӣ – сипор такмил дода шуд. Дар ин вақт мисриҳо киштгардон ва кишти тирамоҳию баҳориро хуб аз худ карда буданд. Ба киштукор яке аз амалдорони давлатӣ ва ё вазир назорат мекард.

Расми 47. Оғози лашкаркашӣ
Расми 47. Оғози лашкаркашӣ

Дар як дастуруламали аз мақбараи Раҳмира пайдогардида омадааст, ки вазир бояд доир ба шудгори тирамоҳии замин ба ҳокимони вилоятҳою сардорони деҳаҳо супориш диҳад.

Косибӣ

Дар шоҳигарии нави Миср косибӣ ҳам аз нав рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар ин бора тасвирҳо ва катибаҳои деворҳои мақбараҳои Фивии он замон гувоҳӣ медиҳанд. Дар он давра корхонаҳои калони косибие сохта шуда буданд, ки ба ибодатхонаҳо тааллуқ доштанд. Дар деворҳои мақбараи Новерронпети (замони сулолаи XIX) устохонаи ибодатгоҳи Амон тасвир ёфтааст, ки дар он зиёда аз 20 нафар косиб кор мекарданд. Дар деворҳои мақбараи вазир Рехмир бошад, устохонаҳои калони косибӣ ва ибодатгоҳи Амон, ки дар Фиви воқеъ буд, тасвир ёфтаанд. Дар ин корхонаҳои калон то 150 нафар косибони гуногунихтисос кор мекарданд.

Расми 48. Нубиягӣ, либиягӣ ва осиёӣ
Расми 48. Нубиягӣ, либиягӣ ва осиёӣ

Дар байни касбҳои гуногун оҳангарӣ мақоми калон дошт. Афзори кории филизӣ афзори сангию чӯбиро торафт аз истифода мебароварданд. Истифодаи васеи биринҷӣ имкон дод, ки олоти меҳнат ва маснуоти дигари кории каммаҳсули мисӣ аз истифода бароварда шаванд.

Тиҷорат

Пешрафти кишоварзӣ ва косибӣ васеъшавии тиҷоратро тақозо мекард. Барои ин дар давраи шоҳигарии нави Миср робитаҳои тиҷоратӣ бо мамлакатҳои ҳамсоя хеле васеътар ва мустаҳкамтар мешаванд. Тоҷирони мисрӣ молҳои худро барои фурӯш ба вилоятҳои алоҳидаи Сурия бурда, аз он ҷо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла май, асал ва чорвои калон, аз Либия бошад, бештар чӯби сохтмон, маҳсулоти зарурии дигари сермасраф ва пеш аз ҳама, оҳанро харидорӣ мекарданд, ки он дар Миср ҳанӯз камёб буд. Тоҷирони Миср бо Бобил ҳам муносибатҳои тиҷоратӣ доштанд.

Лашкаркашиҳои Тутмоси III

Тутмоси III дар Миср солҳои 1342 – 1338 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст. Фиръавнҳои сулолаи XVIII тамоми Сурия ва Фаластинро ишғол карда, сарҳадҳои Мисрро то қаламрави Осиёи Хурд васеъ намуданд. Ин корро ворисони Яхмоси I оғоз карда буданд, вале муваффақияти бештарро Тутмоси III ба даст овард. Дар тӯли ҳукмронии дуру дароз ба ӯ муяссар шуд, ки чандин мамлакатро забт намуда, ба Миср ҳамроҳ кунад. Дар солномаҳои он давра дар шакли адабӣ қариб тамоми воқеаҳои марбут ба лашкаркашиҳои Тутмоси III инъикос ёфтаанд. Дар онҳо самтҳои ҳаракати лашкари Миср, муҳорибаҳо, муҳосираҳо ва фатҳи қалъаю шаҳрҳо тасвир ёфтаанд. Тутмоси III ба Сурия се маротиба лашкар кашидааст. Лашкаркашии аввалини ӯ бар зидди ин мамлакат аниқ маълум аст. Он солҳои 22-23-юми ҳукмрониаш ба вуқӯъ омадааст.

Ҳангоми лашкаркашиҳои ояндаи худ ба Сурия Тутмоси III аз лашкаркашиҳои аввалааш ҳам муваффақиятҳои зиёдтар ба даст медарорад. Шаҳрҳои муҳимтарини финиқиягиҳоро ишғол намуда, ба лашкари Сурия пурра ғалаба карда, дар соҳили дарёи Оронте шаҳри Кадешро низ забт намудааст. Тутмоси III ба Сурияи шимолӣ зада даромада, шаҳри калони Ҳалабро ишғол намуд ва баъд дар наздикии Кархемиш лашкари Метанияро мағлуб кард. Сипас аз дарёи Фурот гузашта, мавзеи муҳимми ҳарбиро ишғол кард.

Ҷангҳои истилоъгаронаи Тутмоси III таъсири Мисрро дар  Осиё чунон мустаҳкам карданд, ки шоҳони Бобул, Ошур ва Хеттҳо аз ноилоҷӣ ҳар сол ба Миср андоз мефиристонданд, то ки фиръавн бар зидди онҳо аз нав лашкар накашад.

Миср дар аҳди Аменхотепи III

(Солҳои 1455 – 1424 п.а.м.). Ин фиръавн дар Мисри замони шоҳигарии нав ҳукмронӣ кардааст.

Ҷангҳои сершумори Яхмоси I ва Аменхотепи II ( солҳои 1491 – 1465 п.а.м.) барои Миср беасар намонданд. Онҳо Мисрро заиф гардонданд. Аз ҳамин сабаб Аменхотепи III ба ҷангҳои калон даст зада наметавонист. Ӯ асосан иншооти бузурги меъморӣ месохт. Бо амри ин фиръавн дар Фиви ибодатгоҳҳои бузург бунёд карда шуданд. Дар ин вақт Миср барои дар Осиё нигоҳ доштани мавқеи баланд на аз силоҳу лашкар, балки аз хизмати сафирон ва тилло истифода мебурд.

Расми 49. Аробачаи дучархаи ҷангии мисрӣ
Расми 49. Аробачаи дучархаи ҷангии мисрӣ

Барои аниқтар муайян намуда ни усули давлатдории Аменхотепи III боз-ёфти бойгони (архив)-и аз Эл-Амарна ёфташуда ёри расонд. Дар ин бойгонӣ номаҳои шоҳҳои Бобул, Ошур, Метания, Хетт, Кипр, Сурия ва Фаластин ба номи фиръавни Миср маҳфуз буданд. Аз ин номаҳо бармеояд, ки Миср бо давлатҳои Осиёи Ғарбии ҳамонвақта муносибатҳои тиҷоратию дипломатӣ доштааст.

Музокирот дар байни давлатҳо тавассути сафирони махсус сурат гирифта, баъзан бо баста шудани иттифоқи байни онҳо анҷом меёфтааст. Масалан, иттифоқи байни Миср ва Метания ҳамин тавр баста шудааст. Чунин иттифоқҳо бештар тавассути никоҳи байни намояндагони сулолаи шоҳон ба амал меомаданд.

Таназзули ҳарбии Миср дар замони ҳукмронии писари Аменхотепи III – Аменхотепи IV боз ҳам бештар ба назар мерасад. Ин вақт Миср худро аз ҳамлаи лашкари давлатҳои хориҷӣ базӯр муҳофизат мекард.

Ислоҳоти динии Эхнатон

(Солҳои 1424 – 1388 п.а.м.) Эхнатон дар Мисри шоҳии нав солҳои 1424 –1388 пеш аз милод ҳукмронӣ кардааст.

Маълум аст, ки дар замони сулолаи XVIII обрӯй ва эътибори фиръавнҳо паст шудан мегирад. Инро ба назар гирифта, Аменхотепи IV ислоҳоти калони диниро ба амал баровард. Мақсади асосии ин ислоҳот барҳам задани анъанаи бисёрхудоии мисриён ва мустаҳкам кардани ҳокимияти фиръавнҳо буд.

Ҷангҳои истилогаронаи фиръавнҳои сулолаи XVIII танҳо гурӯҳи хурди дарбориёни Фиви ва пеш аз ҳама, коҳинони Амонхудоро сарватманд намуданд. Ислоҳоти динӣ маҳз ба муқобили ҳукмронии коҳинони бойшудаи Фиви ҳам равона карда шуда буд.

Баъди ба тахти фиръавнӣ нишастан Аменхотепи IV парастиши Амонхудо манъ карда, ба Раъ ибодат карданро амр намуд. Аменхотепи IV баъд дар Фиви ба сохтани ибодатгоҳи Худои қадимаи мисриён – Раъ шурӯъ кард. Ӯ тамоми худоёни мисриёнро рад намуда, пайравони онҳоро таъқиб намуд. Худои офтобӣ – Раъ номи “Атон”-ро гирифт. Аз номи Атон Аменхотепи IV ба худ номи “Эхнатон”-ро мегирад. Маънии “Эхнатон” ( шуълаи Атон ) мебошад. Дар як вақт Эхнатон робитаи худро аз коҳинони Миср пурра канда, шаҳри Гелиополро тарк намуд ва барои худ дар наздикии Ал-Амари имрӯза пойтахти нав сохт. Он дар мобайни кӯҳҳои харсангӣ воқеъ гардида буд. Эхнатон ба ин шаҳр номи “Ахеатон”, яъне ( уфуқи Атон )-ро дод.

Ҳамин тариқ Эхнатон дар Мисри шоҳии нав яккахудоиро ҷорӣ намуд.

Нокомии ислоҳоти динии Эхнатон

Ислоҳоти динии Эхнатон натиҷаи дилхоҳ надод. Ба ӯ муяссар нашуд, ки иқтидори коҳинони Фивиро заиф гардонад. Ворисони Эхнатон натиҷаҳои ислоҳоти ӯро ҳифз карда натавонистанд. Фиръавн Тутанхамон маҷбур шуд, ки даъвои коҳинони Фивиро дар бораи аз нав барқарор кардани парастиши Амонхудо иҷро намояд. Ӯ дар асоси номи Амонхудо худро Тутанхамон номид.

Расми 50. Тобути фиръавн Тутанхамон
Расми 50. Тобути фиръавн Тутанхамон

Соли 1922 бостоншиносон мақбараи фиръавн Тутанхамонро дар водии мақбараҳои шоҳон, ки дар наздикии Фиви воқеъ аст, кушоданд. Тутанхамон, ки дар айёми ҷавонӣ аз олам чашм пӯшидааст, мумиё карда шуда, дар тобути қиматбаҳо хобида буд. Ба ашёи нодири аз ин мақбара ёфташуда на вақт таъсир кардааст ва на дасти ғоратгаре расидааст. Бозёфтҳои мазкур дар бораи муросокории фиръавни ҷавон шаҳодат медиҳанд. Ӯ дар масъалаи дин пурра ба зери таъсири коҳинони Фиви афтида будааст. Барои ҳамин, дар пояи тахти шоҳии худ Амонхудоро тасвир намуда, бо ҳамин ҷонибдори ислоҳоти Эхнатон будани худро тасдиқ мекунад. Вале катибаҳое, ки аз ибодатгоҳи калони Амони, воқеъ дар Фиви ёфта шудаанд, муқобили ислоҳоти динии Эхнатон будани Тутанхамонро исбот мекунанд.

Тутанхамон мартабаи худоҳо Амон ва Птарро пурра аз нав барқарор кардааст. Дар катиба дар ҳаққи фиръавни мулҳид Эхнатон суханҳои зиёди танқидӣ мавҷуданд. Тутанхамон бо ифтихор иброз медорад, ки дар Миср мақому мартабаи худоҳо Амон ва Птарро аз нав барқарор карда тавонистааст.

Миср дар аҳди Хоремхеб

Хоремхеб дар Миср солҳои 1342–1338 ҳукмронӣ кардааст.

Хоремхеб фиръавнест, ки ислоҳоти динии Эхнатонро пурра барҳам додааст. Ӯ асосгузори фиръавнҳои сулолаи XIX ва фарзанди яке аз номархҳои Албастронпол мебошад. Хоремхеб дар замони шоҳигарии Эхнатон чандин мансабҳои баланди давлатиро иҷро кардааст. Баъд аз вафоти Эхнатон ворисони ӯ пурзӯр набуданд. Аз ин рӯ, Хоремхеб торафт вазифаҳои баландтари давлатиро соҳиб мешуд. Дар аҳди Тутанхамон ӯ мансабдори калони ҳарбӣ буда, ҳангоми лашкаркашӣ ба Осиё яке аз фармондеҳони асосии лашкари Миср ба шумор мерафт. Эҳтимол меравад, ки Хоремхеб маҳз дар ҳамин давра ба мансаби шоҳии Миср соҳиб шуда, “аз бузургтаринҳо бузургтар, аз пурқувваттаринҳо пурқувваттар ва шоҳи беҳамтои халқ…” ба шумор меравад. Вай аз нуфузи худ истифода бурда, табаддулоти давлатӣ ба амал овардааст. Дар ин кор Хоремхеб ба коҳинони Фиви такя кард. Ӯ табаддулоти худро хости худоҳо номида, менависад, ки “Қалби… Худо… хост, ки писарашро соҳиби тоҷу тахти абадии худ гардонад. Бо ҳамин мақсад Худо бо писари худ дар оғӯш бо хушнудии том ба Фиви рафт, то ки ӯро ба назди Амон оварда, ба мартабаи шоҳ мушарраф гардонад”. Барои қонунӣ гардондани ин табаддулот Эхнатон шоҳдухтар Мутноҷметро, ки хоҳари ҳамсари Эхнатон буд, ба никоҳи худ даровард.

Аҳолии шаҳре, ки Эхнатон сохта буд, бо фармони Хоремхеб ин шаҳрро тарк карданд. Баъд онро ба хок яксон намуда, номи Эхнатонро аз тамоми ёдгориҳои таърих нест кард. Аз ҳамин вақт cap карда Эхнатонро “ҷинояткори Ахетатон” меномидагӣ шуданд. Минбаъд ҳатто солҳои ҳукмронии ӯро эътироф намекарданд


Савол ва супоришҳо

  1. Гиксосҳо дар Миср кай ва чӣ қадар ҳукмронӣ кардаанд?
  2. Кадом шоҳ барои аз Миср рондани гиксосҳо ҷидду ҷаҳд кард?
  3. Оё шоҳ Кемесу Мисрро аз гиксосҳо пок карда тавонист? Дар ин роҳ ӯро халқ дастгирӣ кард?
  4. Дар бораи ғалабаи Яхмоси I бар гиксосҳо нақл кунед.
  5. Дар бораи робитаҳои тиҷоратии шоҳигарии нави Миср маълумот диҳед.
  6. Тиҷорати Миср бо Сурия, Либия, Хетт, Бобул ва давлатҳои дигар аз чӣ шаҳодат медиҳад?
  7. Фиръавн Тутмоси III Мисрро чӣ тавр идора мекард?
  8. Кадом далелҳо дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки Миср дар замони ҳукмронии Тутмоси III мамлакати пурзӯртарини ҳамонвақтаи ҷаҳон буд?
  9. Чаро Аменхотепи III аз лашкаркашӣ даст кашида, ба корҳои осоиштаи давлатӣ рӯ овард?
  10. Чаро Эхнатон дар Миср ислоҳоти динӣ ба амал баровард? Аҳамияти ин ислоҳотро шарҳ диҳед.
  11. Тақдири ислоҳоти динии Эхнатонро баён кунед.
  12. Иртиҷоъпешагии фиръавн Хоремхебро шарҳ диҳед.
ҚаблӣШоҳигарии миёнаи Миср
БаъдӣМиср дар аҳди Аменхотепи III