РОБИАИ БАЛХӢ

РОБИАИ БАЛХӢ Робиа бинти Каъби Қаздорӣ (соли таваллуд ва вафоташ номаълум), шоираи форс-тоҷик (асри 10). Муосири Рӯдакист. Аз қабилаи Қаздори шаҳри Балх. Падараш Каъби Қаздорӣ аслан араб буда, раисии он қабиларо ба ӯҳда дошт. Дар назди устодони хусусӣ сарфу наҳв, илми шеъру адаб ва ғайраро омӯхтааст. Ба ду забон — форси ва арабӣ шеър мегуфт. Ривояте ҳаст, ки ӯ ба Бектош ном ғуломи бародараш — Ҳорис ошиқ шуда, вале ошиқияш ба нокомӣ анҷом ёфт. Шайх Фаридуддини Аттор дар манзумаи «Илоҳинома» аз ишқӣ Робиаи ноком қиссаи шӯрангезеро овардааст, ки дар асоси он нависандагони муосир чандин асарҳои адабии драмавӣ офаридаанд. Ризоқулихони Ҳидоят низ достони Робиаро ба риштаи назм кашида, онро «Гулистони Ирам» ном ниҳодааст. Ба қавли Муҳаммади Авфӣ Робиаи Балхӣ «бар назми тозӣ қодир ва ба шеъри порсӣ бағоят моҳир» ва ба гуфтаи Ризоқулихони Ҳидоят «дар ҳусну ҷамол ва фазлу ҷамол ягонаи рӯзгор» будааст. Аз ӯ то замони мо 80 байт шеър расидааст. Аз ин абёт пайдост, ки Робиаи Балхӣ шоираи нозукхаёл, дилбохтаи зебоиҳои табиат буда, пайваста ишқу эҳсосоти баланди инсониро ситоиш кардааст. Робиаи Балхӣ шоираи ғазалсарост. Аз ғазалҳои ӯ тапиши қалби шоираи ошиқпеша, сӯзиши дил, азоби ҳиҷрону умеди васл ва нолаҳои дилхарош ба гӯш мерасанд. Шеърҳои ӯ рехтаву пухта ва дорои санъатҳои баланди бадеиянд.


Осор: дар китоби Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.


Калидвожаҳо: Робиаи Балхи, Робияи Балхи, Адабиёти точик.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣСубъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ
БаъдӣМУКАДДАСОТИ МИЛЛИ