Муборизаи халқҳои Осиёи Марказӣ ба мукобили зулму истибдоди аҷнабиён

Муборизаи халкхои Осиёи Маркази ба мукобили зулму истибдоди ачнабиён


Ба вуҷуд омадани иттиҳоди ҳарбию сиёсӣ. Амалиётхои ҷангии арабхо то андозае хокимони мулк-давлатхои Хуросону Мовароуннаҳрро муттахид кард. Дар Хуросон – иттиҳоди ҳарбию сиёсии маликони Деҳистон, Гургон, Бодғис, Балху Тахористон ва дар Мовароуннаҳр бошад, аввал, дар солхои 712-713 иттиҳоди сиёсии се мулк-давлати калон: Суғд, Чоч ва Фарғона, инчунин пайвастагии онхо ба Хоқони Турк ба амал омад.

Ин иттифоқҳо ҳарчанд барои озодӣ ва нигоҳ доштани истиқлолияти давлатии хеш аз арабҳо ташкил ёфта бошад хам, вале ба нерӯи ҷангандагии Қутайба ибни Муслим тоб оварда натавониста, оқибат шикаст хӯрданд. Бо вуҷуди ин, пас аз вафоти сарлашкар Қутайба ибни Муслим ҷараёни муқовимати халқӣ дар Мовароуннаҳр характери бонизом ва мақсаднокро гирифт.

Шуриши Сугдиён – Шуриши Суғдиён (720-722)

Шӯриши суғдиён (720-722). Солҳои 719-720, 720-722 Суғд ва тамоми Мовароуннаҳрро мавҷи муқовимати зидди арабӣ фаро гирифт, маркази ин муқовимат хамоно Суғд буд. Мардуми Суғд монанди дигар хамқавмони худ дар Хуросону Мовароуннаҳр дар натичаи сиёсати истилогарони арабхо аз фарханги миллӣ, аз дин ва урфу одат, хамзамон аз ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ маҳрум шуда, аз тарафи арабҳо зулми беҳад медиданд, ки ин албатта, норозигиҳоро ба вуҷуд меовард. Яке аз халифахои араб Умар ибни Абдулазиз (717-720) вазъияти беандоза ихтилофомези Хуросону Мовароуннаҳрро ҳис карда, нисбати онҳо сиёсати мусолиматомезонаро пеш гирифта дар бораи аз андози ҷизя комилан озод кардани мусулмонони ғайриараб фармон дод.

Соли 718 халифаи араб Абдураҳмон ибни Нуъаймро амири Хуросон таъин мекунад, дар ин вақт ихшиди Суғд Ғурак бо Хоқони Турк иттифоқи ҳарбию сиёсӣ баста, ба муқобили арабҳо ба мубориза бармехезад, ки ин норозигии халифаро нисбати Ғурак ба вуҷуд меорад. Арабҳо аз ихтилофи дарбори суғдиён истифода карда, Ғуракро аз тахт сарнагун намуда, ба ҷои ӯ ҳокими Панҷакент – Деваштичро “ихшиди Суғд ва афшини Самарқанд” таъин мекунанд, ки ин амал дар Суғд ду хокимиятиро ба вучуд меорад. Вале хам Ғурак ва хам Деваштич дар алохидагӣ ба муқобили арабҳо меҷангиданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Деваштич низ баъди ихшиди Суғд шуданаш ба вилоятҳои гуногуни Мовароуннаҳр – Хатлон, Чоч, Уструшана, Фарғона ва Ҳоқони Турк мактубхои имдодӣ навишта, онҳоро барои муборизаи муттаҳидона ба муқобили арабҳо ба ҷанг даъват намуд. Дар натиҷа дар солҳои 719-720 дар Суғд ду лагери зидди арабӣ: яке бо сардории ихшид Ғурак, ки аз назари арабҳо ҳокимияташ ғайриконунӣ буд ва дигаре бо сарварии Деваштич ташкил ёфт. Ғурак аслан дар ноҳияҳои марказии Суғди Самарқанд ва Деваштич бошад, дар кӯҳистони Суғд, асосан дар водии Зарафшон ба ҷанги зидди арабҳо омодагӣ медиданд.

Соли 720 аҳолии минтақаҳои марказии Суғд бо якҷоягии нерӯи ҷангандаи туркҳо арабҳоро аз Самарқанд ронданд. Кӯшиши арабҳо дар хусуси аз сари нав соҳиб шудан ба Самарқанд натиҷае надод. Он гоҳ халифаи араб яке аз сарлашкарони машҳур Саид ал-Харроширо, ки дар пахш кардани шӯриши мардуми Ироқ шӯҳрат ёфта буд, амири Хуросон таъин кард. Ӯ бо исёнгарони Самарқанд фавран ба музокира нишаста, қисме аз аъёну ашрофи суғдиро ба тарафи арабхо моил сохт. Дар ин миён ихшиди Суғд – Ғурак аз тарси эътибори рузафзуни Деваштич хиёнаткорона ба тарафи арабҳо гузашта, ҳамрохи онҳо бар зидди раияти худ ҷангида, ҳамзамон ба арабҳо пардохтани андозро ваъда кард, вале ин қалби исёнгарони суғдиро пурра нашикаст. Исёнгарони суғдӣ бо сарварии пешвоёнаш Корзанч, Чаванч, Моҳун, Собит ва ғайра аз ихшиди Фаргона Алутар ёрӣ ва паногоҳ пурсиданд. Алутар ба суғдиён паногоҳ ва ҳимоя ваъда дод.

Қисми зиёди суғдихо бо сарварии Карзанч рохи Фарғонаро пеш гирифтанд, вале ихшиди Фарғона тавассути бародараш Нилон амири Хуросон Саид ал-Ҳарроширо аз омадани исёнгарон ба Хуҷанд хабардор кард. Арабҳо аз ин истифода карда, маҳалли исёнгарони суғдиро ба муҳосира гирифтанд. Ҷанги арабу суғдихо дар Хуҷанд руй дод, ки дар натича хам суғдихо ва хам арабҳо ба талафоти зиёде рӯ ба рӯ шуданд. Дар байни суғдиён чорсад нафар тоҷирони чиноӣ низ буданд, ки онҳо баъд аз шикаст хӯрдан молу амволи худро ба арабхо дода, наҷот ёфтанд. Арабҳо ҳафт ҳазор аҳолиро кушта, шаҳру деҳоти атрофро харобу ғорат карда, бо ғанимати зиёде ба Марв баргаштанд. Дар як вақт ба муқобили гурӯҳи дигари исёнгарон бо роҳбарии Сулаймон ибни Абусури отряди арабҳо фиристода шуд.

Ба ин лагери зидди арабӣ ҳокими Панҷакент ва ихшиди Суғд Деваштич роҳбарӣ мекард. Деваштич ба қувваҳои зиддиарабӣ дар Панҷакенту Бутам (болооби Зарафшон) роҳбарӣ мекард. Деваштич бо роҳи ағбаи Шаҳристон, ҳангоми ба Хуҷанд рафтан, дар назди деҳаи Куми ноҳияи имрӯзаи Айнӣ аз тарафи лашкари арабҳо ба муҳосира гирифта мешавад.

Пайравони Деваштич ба арабҳо мукобилияти сахт карда, ба тарафи калъаи Кӯҳи Муғ, ки дар он чо хуҷҷатхои суғдӣ ёфт шудаанд, ақибнишинӣ карданд. Онҳо дар дохили девори калъа чойгир шуда, муборизаро давом доданд, вале арабҳо роҳи даромади калъаро гирифтанд. Муҳосираи калъа ва муқовимати суғдиёнро се – чор моҳ давом кард, охиран захираи обу  хӯроки муҳосирони суғдӣ тамом шуд. Ҳамчунин фасли сармо фаро расид ва онҳо маҷбуран бо арабҳо сулҳ бастанд.

Мувофики муоҳида суғдиён розӣ шуданд, ки дар сурати ба ҳаёти сад нафар исёнгарон ва ахли оилаи онхо аз чумла, худи Деваштич кафолати амният додан, ба арабҳо таслим мешаванд. Ин шарт табиист, ки аз чониби арабҳо риоя нашуд, ба он далел, ки сарвари мудофиёни суғдӣ Деваштичро арабҳо тирамоҳи соли 723 дар маҳалли Рабинҷон ваҳшиёна ба қатл расонида, сарашро ба Ироқу дасти чапашро ба амири Хуросон Сулаймон ибни Абусури, ки дар Тахористон иқомат дошт, фиристоданд. Бо ҳамин, тақдири харакати муқовимати суғдиён, ки хусусияти возеҳи истиқлолхоҳона дошт, ҳал шуд. Аммо муборизаҳо минбаъд хам давом карданд. Масалан, муборизаи мардуми Суғди Самарканд дар солҳои 725-730, ки дар якчоягӣ бо қувваи ҳарбии ҳокимони Нахшаб, Чоч, Уструшана ва Фарғона руй дод. Дар ин мухорибаҳо дар якчоягӣ бо суғдиён туркон низ ба муқобили арабҳо меҷангиданд.

Чунон ки зикр шуд солҳои 728-730; 736-737 аҳолии Тахористон ва Суғд дар якҷоягӣ бо қувваи ҳарбии Хоқони Турк  бар зидди истилогарони араб ба муқовимат бархостанд. Исёни онҳо, ки характери возеҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва динӣ дошт, хеле вусъат ёфта, натанҳо Суғди Самарқанду Дабусия, балки тамоми Мовароуннаҳрро фаро гирифт. Ниҳоят, амири нави Хуросон Наср ибни Сайер (738-748) кӯшишҳои зиёде карда, дар сохтори идории давлат ислоҳот гузаронида, баробари ин солхои 738-739 ба Мовароуннахр се маротиба лашкар кашида, исёни аҳолии Суғди Самарқанд, Чоч ва Фориёбро фурӯ нишонд.

Нехзати Абумуслим ва ба сари хокимият омадани сулолаи Аббосиён

Неҳзати Абумуслим ва ба сари ҳокимият омадани сулолаи Аббосиён. Ба ноустувор шудани Хилофати Араб на танхо муборизахои халкҳои ғайри араб, балки муборизаи дохилии хилофат низ сабаб буданд. Аз сиёсати халифахои Уммавӣ, ки ҳимоятгари манфиатҳои аъёну ашроф буданд, на танхо халқҳои ба зери зулми арабҳо дучор шуда, балки аҳолии араб низ норозӣ буданд. Ин мубориза дар замони халифа Марвони II (744-750) боз ҳам пурзӯр гардид

Ба муқобили сиёсати Уммавиҳо ду гурӯҳи калони феодалӣ мубориза мебурд. Ба гурӯҳи якум – табақаҳое дохил мешуданд, ки аз баланд шудани мартабаи ашрофи араб норозӣ буданд. Ба гурухи дигар тарафдорони Алӣ (амакзода ва домоди Хазрати Муҳаммад, шавҳари Фотима) буданд, ки  ташкилоти худ, яъне ҳизб (шиа)-ро ташкил доданд, дохил мешуданд. Ин гурӯҳ усули мероси будани тахти хилофатро ҷонибдорӣ карда, фақат авлоди Алиро ворисони хақиқӣ медонистанд. Дар чунин шароит гурӯҳи дигари ашрофони араб – сулолаи Аббосиён дар солхои 30-уми асри VIII бар зидди Уммавиён муборизаро сар карданд. Тақрибан аз соли 718 сар карда, авлоди Аббос (амаки Муҳаммад) тарғиботи зидди Уммавиҳо сар карданд. Дар тарғиботи Аббосиён дар Хуросон саҳми Абумуслим хеле зиёд буд. Шӯриш бо роҳбарии Абумуслим дар солхои 744-748 тамоми аҳолиро фаро гирифт.

Абумуслим зодаи Марв ё Нишопур буд. Вай яке аз муборизони фаъоли зидди Уммавиён мегардад. Ӯ аз Иброҳим писари Алии Мухаммади Аббос дастури рохбарии Хуросонро гирифта, ба Марв меояд ва бар зидди Уммавиён ба мубориза медарояд.

Азбаски ранги сиёҳ нишони беадолатӣ ва бешафқатии Уммавиён маҳсуб мешуд, Абумуслим парчами худро сиёҳ ва гурзро бошад, нимсиёх мекунад. Барои мардумони зердасти Уммавиҳо ранги сиёх – нишонаи ҷабру ситам ва қувваи бадӣ буд ва мардуми ситамдида дар атрофи Абумуслим муттаҳид шуда, ба мубориза бархостанд. Аҳолӣ пиёдаву савора бо яроқу қисман бесилох ба қароргохи Абумуслим ҳаракат карда, ба тазоҳурот хестанд. Неҳзати Абумуслим аз тарафи ҳама табақаҳои иҷтомоии ҷомеа, ҳатто аз чониби арабҳо низ дастгирӣ меёбад. Абумуслим соли 748 маркази Хуросон шаҳри Марвро ишғол карда, қароргоҳи амирони араби Хуросонро забт мекунад. Амири Хуросон Наср ибни Сайёр аз исёнгарон шикаст хурда, фирор мекунад. Соли 749 пайравони Абумуслим қисматхои ғарбии Хилофати Арабро забт карда, соли 750 пойтахти хилофат шаҳри Димишқро ишғол менамоянд, халифа Марвони II аз тахт сарнагун карда шуда, намояндаи хонадони Аббосиён Абу-л-Аббос ас-Саффоҳ (750-754) ба тахти хилофат менишинад.

Абумуслим амири Хуросон таъин мешавад. Ӯ мардуми Хуросон ва Мовароуннахрро муттахид намуда, аз эътирози онҳо ба муқобили ашрофони араб ва табақаҳои мулкдори маҳаллӣ истифода карда, дар байни мардум эътибори калоне пайдо кард, вале ӯ ҳам монанди Аббосиҳо барои иҷрои ваъдаҳои худ дар бобати беҳбудии аҳволи халқ чорае наандешид.

Абумуслим бештар барои вусъати дини ислом ва ба ислом гаравидани мардуми Хуросону Мовароуннаҳр саъй карда, аз андозхои тоқатфарсо ва зуран ба кор сафарбар намудан мардумро озод карда натавонист. Дар натиҷа зулми дутарафа яке истисмори хонадони Аббосиҳо ва дигаре зулми феодалони маҳаллӣ ба сари халқ бор шуд. Ин аҳволи вазнин боиси афзудани нафрат ва норозигии халқ ба сулолаи Аббосиҳо гардид. Дар натича соли 750-751 дар Бухоро шӯриши зидди арабӣ бо сарвари Шарик ибни Шайх ал-Муҳрӣ (ваф.751) сар зад. Шӯришгарон бо даъвати он, ки Аббосиён аз хилофат дур карда ба ҷои у аз авлоди Муҳаммад паёмбар ва домоди ӯ Алӣ ибни Абутолиб ба тахти хилофат оянд, баромад карда ба муваффакиятхо ноил шуданд. Абумуслим ҳанӯз ба Аббосиён бовар мекард ва интиқоли қудрат ба Алавиёнро намехост. Аз ин рӯ ба мукобили исёнгарони Бухоро неруи ҷангии даҳ ҳазор нафараро фиристод. Ҷанг бо исёнгарон сию хафт рӯз давом кард. Сарвари исён Шарик ибни Шайх ҳалок шуд. Нерӯи ҷангии Абумуслим баъди Бухороро гирифтан шаҳрро оташ зад.

Соли 751 лашкари императори Чин аз зиддиятҳои дохилии хилофати араб истифода карда, ба Мовароуннаҳр ҳамла овард. Дар натиҷа байни лашкари Абумуслим ва чиниён дар Ҳафтруд дар водии Талас ҷанги хунине руй дод, ки дар он панчох хазор чиниён кушта ва бист хазор нафар асир афтиданд. Ин шикасти катъӣ ба қувваи харбии императори Чин чунон таъсир расонд, ки онҳо дубора ёди ҳуҷуми Мовароуннаҳр накарданд.

Шӯришҳои халқӣ. Ҳарчанд Абумуслим барои мустаҳкам ва пойдор намудани сиёсати Аббосиҳо, паҳн кардани дини ислом, рафъ кардани шӯришхои халқӣ ва баргардонидани ҳамлаҳои душманони хориҷӣ содиқона хизмат мекард, вале аз назари халифахои аббосӣ ӯ душмани асосии онхо маҳсуб мешуд. Аз ин рӯ, соли 755 халифа Абуҷаъфар ал-Мансур (754-775) бо роҳи фиреб Абумуслимро ба Бағдод даъват карда, ба катл мерасонад. Қатли Абумуслим боиси авҷи ҳаракатхои халқӣ дар Мовароуннахру Хуросон мегардад, ки яке аз онхо соли 755 дар Нишопур тахти роҳбарии Сумбоди Мӯғ, ки номи аслиаш Фируз-Испаҳбад аст, руй дод. Исёнгарон барои гирифтани қасоси хуни Абумуслим ба мукобили Аббосиён тазохурот карданд. Сумбоди Муғ аз пайравони Абумуслим, ки дар Рай, Қумис, Табаристон ва Нишопур чой гирифта буданд, кувваҳои ҳарбӣ ташкил карда ба муқобили сарбозони араб ба ҷанг шуд. Халифа ба муқобили исёнгарон бо сарварии сарлашкар Ҷахвар ибни Марарр (747-756) қувваи ҳарбии даҳ ҳазор нафараро сафарбар кард. Дар натиҷа байни онҳо дар биёбони Ҳамадону Рай ҷанги хунине сурат гирифт, ки он ҳафтод рӯз давом кард. Нихоят, пайравони Сумбоди Муғ шикаст хурданд ва худи ӯ ба катл расонда шуд. Вале бо ин мавҷи ҳаракати халқӣ паст нашуда, тадриҷан авҷ гирифт.

Арабҳо ҳанӯз шӯриши Сумбодро фаромӯш накарда буданд, ки соли 755 дар гирду атрофи Ҳирот шӯриши дигаре бо роҳбарии Устод Сис (Азиз) сар зад, ки боиси нигаронии Аббосиён шуд ва бо кӯшишҳои зиёд пахш гардид.

Исёни Муканнаъ

Исёни Муқаннаъ. Тадриҷан афзудани бедодгариҳои арабҳо мардумро ба маҳрумӣ дучор гардонд, ки дар натиҷа ҳисси бадбинии аҳолии заҳматкаш ва ҳама табақаҳои иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр нисбат ба Хилофати Аббосиён боло гирифт, ва он сабаби сар задани ҷунбиши халқӣ гардид. Ин ҷунбиши халқӣ солхои 70-80-уми асри VIII дар Мовароуннаҳр руй дод ва он дар таърих бо номи “исёни Муқаннаъ” машҳур аст. Сарвари исёнро Муқаннаъ ба ӯҳда дошт. Муқаннаъ дар дехаи Козаи наздикии шахри Марв зиндагӣ мекард. Номи аслии у Ҳошим ибни Ҳаким (776-780) ва Муқаннаъ бошад, лақаби ӯст. Худи калимаи “муқаннаъ” арабӣ буда, маъниаш чодарпӯш ва ё ниқобдор аст. Ин лақаб ба иллати он, ки Муқаннаъ ҳама вакт ба рӯяш чодари сабз пӯшида мегашт, ба ӯ дода шудааст. Исёни Муқаннаъро таърихнависон бештар шӯриши сафедҷомагон мегӯянд. Ӯ дар лашкари Абумуслим мансаби сарҳанг, яъне рохбари дастаи ҳарбиро иҷро мекард.

Муқаннаъ дар солҳои 50-уми асри VIII ба тарғиботи ақидаҳои маздакиён дар хусуси баробарии иҷтимоӣ ва ҳаёти озодонаи шахрвандон шурӯъ карда, барои барқарор кардани ин ғояҳо одамонро ба муборизаи фаъол даъват намуд. Барои чунин ташфиқот дар солхои 60-уми асри VIII ҳукуматдорони Хилофати Араб ӯро дар маҳбасхонаи Бағдод бандӣ карданд. Баъди чанд соли ба ҳабс афтидан Муқаннаъ аз зиндон гурехта, ба Марв омад ва ба муборизаи ҷиддӣ шурӯъ кард.  Вай соли 766 ба ноҳияҳои гуногуни Мовароуннаҳр барои ба исён бархезондани мардум пайравони худро фиристод. Тарафдорони Муқаннаъ ба водии Қашқадарё, махсусан ба Кешу Нахшаб ва атрофи Бухоро ҷамъ омаданд. Маркази тарғиботии онҳо деҳаи Субҳ дар Кеш буд.

Барзгарону хунармандон, кадеварону деҳқонони мулкдор ва қисман аҳолии бенавою миёнаҳол ба даъватҳои Муқаннаъ гаравида, ӯро пайравӣ мекунанд. Дар як муддати кӯтоҳ водии Қашкадарё ба дасти пайравони Муқаннаъ гузашта, ҳаракати сафедҷомагон васеъ паҳн шуда ба шӯриши бениҳоят калони халқӣ табдил меёбад. Ин исён дар қисматҳои марказии Мовароуннаҳр, махсусан дар Суғд, водии Чоч ва Илок пайравони зиёде пайдо карда, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа таъсир мерасонад. Ҳар як гурӯҳ ва табақаи иҷтимоӣ дар исёни Муқаннаъ манфиатхои худро медиданд. Агар халқи оддию меҳнаткаш барои халос шудан аз зулму истисмор ва нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ ба шӯриш гаравад, табақаи сарватманди ҷомеа бо мақсади хокимиятро аз дасти арабҳо пурра гирифтан, ба исён гаравида, онро ҷонибдорӣ мекард. Мақсади умумии исёнгарон дар маҷмӯъ озод кардани Ватан, яъне Мовароуннаҳру Хуросон аз зулму истибдоди истилогарони араб ва ташкил кардани давлати мустақил буд.

Соли 775 пайравони Муқаннаъ дар дехаи Нумиҷкати Бухоро чой гирифта, шаб ба масҷиди он чо даромада, муаззин ва понздаҳ нафари дигарро кушта, мулки феодалон ва руҳониёнро мусодира карданд, инчунин заминҳои вақфро низ ба даст дароварданд. Ин вокеъа ба шӯриши умумӣ як ишорае шуд ва исён дар як муддати кӯтоҳ ба тамоми Мовароуннаҳр пахн шуд. Ситоди исёнгарон деҳаи Наршахи наздикии Бухоро буд. Дар ин марҳила ба исён туркон низ ҳамроҳ шуданд. Соли 776 дар назди деҳаи Наршах байни қувваи ҳарбии арабҳо ва пайравони Муқаннаъ муҳорибаи хунине ба миён омад, ки дар он исёнгарон шикаст хӯрда, хафтсад нафар аз пайравони Муқаннаъ сари худро дар роҳи талаби озодӣ курбон карданд. Вале ин ғалабаи арабхо вазъияти харбию сиёсиро тагйир дода натавонист. Арабҳо исёни сафедчомагонро дар Наршах суст карда, барои мубориза бурдан бо пайравони онҳо ба Самарқанду Кеш кувваи харбӣ сафарбар карданд.

Халифаи араб ал-Маҳдӣ (775-785) Саид-ал-Харроширо амири Хуросон таъин карда, тамоми кувваи ҳарбии арабҳоро барои пахш кардани исёни сафедҷомагон ва асир гирифтани Муқаннаъ сафарбар кард. Сафедҷомагон дар якҷоягӣ бо туркон дар Самарқанд ба муқобили арабҳо ду сол ҷангиданд ва азбаски қувваҳои ҷангӣ нобаробар буд, пайравони Муқаннаъ шикаст хӯрда, Самарқандро ба арабҳо таслим карданд. Пас аз ин нерӯи ҷангии арабҳо бо сарварии Саид ал-Ҳаррошӣ барои саркӯб кардани сафедҷомагон ба водии Қашқардарё, яъне шаҳри Кеш ҳуҷум карданд. Дар марҳилаи охирини задухӯрдҳо дар водии Кеш пайравони Муқаннаъ дар кӯҳҳо ва гирду атрофи қалъаи Сиём муттаҳид шуда, ба муқобили арабҳо ҷангиданд. Марҳилаи нави бархӯрдҳоро дар Кеш амири нави Хуросон Мусайяб ибни Зуҳар (780-783) сарварӣ кард. Пайравони Муқаннаъ аз ҷониби арабҳо ба муҳосира гирифта мешаванд. Баъди муҳосираи дарозмуддат ва ҷангҳои тӯлонӣ арабҳо, ки қувваи бениҳоят зиёд доштанд, қалъаи дастнорас, яъне қароргоҳи Муқаннаъро ишғол намуда, исёнро шикаст медиҳанд. Бародари Муқаннаъ Қабзам бо се ҳазор нафар, фармондеҳи мудофеони қалъаи Сиём  Сармоҳа бо се ҳазору сесад нафар исёнгарон ба сарлашкари араб Саид ал-Ҳаррошӣ таслим мешавад, вале Муқаннаъ ба душман зинда таслим шудан нахоста, худро ба оташи танӯри фурӯзон партофта, ба ҳалокат мерасад. Ҳамин тавр ин шӯриш соли 783 пахш карда мешавад, вале пайравони Муқаннаъ то муддатҳои тӯлонӣ зингдагӣ мекарданд ва номи пешвои худро низ зинда нигоҳ медоштанд.

Окибати забткорихои Хилофати араб дар Осиёи Маркази

Оқибати забткориҳои Хилофати араб дар Осиёи Марказӣ. Сабаби асосии ғалабаи арабхо дар Хуросону Мовароуннаҳр парокандагии сиёсии ин сарзамин гардид. Сарлашкарони араб вазъияти  ноиттифоқонаи байни ҳокимони мулк-давлатҳои Хуросону Мовароуннаҳро моҳирона ба манфиати истилогаронаи худ истифода бурда тавонистанд. Ё худ арабҳо ба воситаи нерӯи аскарии ҳокимони маҳаллӣ дигар мулк-давлатҳои Мовароуннаҳрро забт мекарданд. Масалан, ҳангоми забти Бухоро нерӯи аскарии Чағон-худот ва хокими Балх, ҳини мухосираи Самарқанд, қувваи аскарии ҳокимони Бухоро, Хоразм ва Чағониён сафарбар карда шуданд.

Ҳамзамон арабҳо аз як тараф аз низоъҳои байниҳамдигарии ҳокимони мулк-давлатҳо ва ихтилофу нифоқи онҳо бо туркони бодиянишин истифода бурда тавонистанд. Ба ғайр аз ин дар Мовароуннаҳр ва Хуросон системаи ягонаи динӣ вучуд надошт, ки ин албатта, ба парокандагии сиёсии ин сарзамин мусоидат кард. Дар натича Хуросону Мовароуннаҳр аз тарафи арабҳо комилан забт гардида, чузъи Хилофати Араб гардид. Арабҳо барои идора кардани ин сарзаминҳо воҳиди ҳудудию маъмурии Хуросонро бо марказаш Марв созмон доданд, ки роҳбари онро халифаи бо фармони худ таъин ва аз кор озод мекард.

Раванди паҳншавии дини ислом ва мусулмоншавии аҳолии эронинажоди Хуросону Мовароуннахр кариб дусад сол давом кард. Умуман, паҳншавии дини ислом ва ба хайати Хилофати Араб ҳамрох шудани Хуросону Мовароуннаҳр дар мархилаҳои аввал, натиҷаҳои манфӣ дошта бошад ҳам, вале аз нуқтаи назари пешомади таърихӣ ба суръат ёфтани раванди инкишофи муносибатҳои феодалӣ, ҳамгироии халқиятҳои эронии Хуросону Мовароуннаҳр, суст гардидани унсурҳои парокандагии сиёсӣ ба пайдоиши давлатхои марказиятнок мусоидат намуд. Дар ин замина баъдтар дар Эрон, Хуросон ва Мовароуннахр давлатхои маҳаллии Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва Бувайҳиён ба вуҷуд омаданд; илова ба ин ҳарчанд ҷараёни футуҳоти арабҳо дар аввал ба иқтисодиёт, сохторҳои иҷтимоии ҷомеа ва фарҳанги мардуми маҳаллӣ зарари бениҳоят калон расонида бошад ҳам, баъдҳо ба равнақи васеи равобити байни халқҳои гуногун боис гардид, ки тавассути он синтези бузурги фарҳангии Осиёи Миёна ва тамоми Шарки Наздику Миёнаи асрҳои IX-XI ба вуқӯъ пайвастааст.

Ислом дар миёни мардумони Хуросону Мовароуннаҳр яку якбора ҷорӣ нагардида, марҳилаи тӯлониеро фаро мегирад ва барои ҷалби ислом арабҳо аз усулу равишҳои мухталиф истифода мекарданд. Аз ҷумла фотеҳи Мовароуннаҳр Қутайба оташкадаи зардуштиёнро, ки дар маркази шаҳри Бухуоро қомат афрохта буд, ба масҷиди ҷомеаи мусулмонӣ табдил дода, осори дар Дарвозаи нави Бухоро ҳаққокӣ шударо, ки мазмуну мундариҷаи динӣ дошта, бо хату забони суғдӣ таълиф шуда буд, комилан нобуд мекунад. Ӯ инчунин ба аҳолии маҳаллие, ки ба масҷид рафта,  таълимоти диниро адо мекарданд, ду дирҳамӣ ҳадя дода, ба ин васила онҳоро ба дини ислом мегаравонад. Ин тарзи паҳн намудани ислом, ки ба ҳама ду дирҳамӣ ато карда мешуд, байни бенавоёну камбағалон ҳавасмандони зиёдеро ба вуҷуд овард. Қуръонро аҳолии Бухоро дар ибтидо ба забони форсии тоҷикӣ мехонданд ва ҳангоми хондани намоз низ як нафар ҳамаи амалиёти намозро бо забони маҳаллӣ тарҷума мекард.

Дар қатори шахсиятҳои бузурги ҷаҳони ислом, ки барои ривоҷи ин дин кӯшидаанд, ному ёдгори чеҳраи дурахшони Абӯҳанифа – Нӯъмон ибни Собит (699-767), ки бо лақаби Имоми Аъзам машҳур аст, низ бузург мебошад. Ин фарзанди тоҷик, зодаву парвардаи Хуросон буда, дар ҷавонӣ ба таҳсили илм мепардозад ва солҳо барои фаро гирифтани илму дониш сафар менамояд. Абӯҳанифа дар замони ниҳоят душвори хилофат, гузаштани қудрат аз Уммавиён ба Аббосиён зиндагӣ карда, бештари умри худро дар Кӯфаи Ироқ сипарӣ кардааст. Зиндагонӣ дар ин шаҳр дар ташаккули ҷаҳонбнии ӯ саҳми муҳим бозидааст. Ӯ аз маҳзари донишмандони зиёде илм омӯхтааст, вале Ҳаммод ибни Абусулаймонро устоди аслии хеш меҳисобид. Абӯҳанифа худ низ шогирдони зиёдро парвариш карда, назарияи фиқҳии хешро ба миён мегузорад ва пайравони вайро асҳоби раъй меномиданд.

Машҳуртарин асари мансуб ба Абуҳанифа «Фиқҳи акбар» мебошад, ки дар он ӯ ҷаҳонбинии исломиро ба як тартиби муайян баён медорад. Абуҳанифа мухолифони хилофати уммавиро ҷонибдорӣ кунад ҳам, пас аз қудратёбии Аббосиён низ бо онҳо ҳамкорӣ карданро раво надид. Ӯро Аббосиён ба зиндон маҳкум карданд ва ҳамон ҷо ӯ ҷон дод. Абуҳанифа дар қатори Қуръон, суннат, қиёс, иҷмоъ ва истиҳсон урфи мардумиро, ки бо асосҳои ислом мухолиф набошад, дар қатори далелҳои шаръӣ ҷой дод. Мактаби фиқҳии ин мутакаллими забардаст пас аз вафоташ хеле густариш ёфт. Мусулмонони Осиёи Миёна, Афғонистон, нимҷазираи Ҳиндустон, Туркия, Ироқ ва баъзе кишварҳои араб имрӯз худро пайравони мактаби ин фақеҳи забардаст меҳисобанд. Соли 2009 дар Тоҷикистон 1310 солагии ин шахсияти барҷастаи ҷаҳони ислом бо шукӯҳ таҷлил гардид.

ҚаблӣХилофати Араб. Забти Хуросону Мовароуннаҳр аз тарафи забткорони араб
БаъдӣЗаиф гардидани Хилофати Араб ва пурзӯр шудани нуфузи ашрофони маҳаллӣ