Китоби Сотсиология, Абдулхаев К. А.

Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, сотсиология аз ҷумлаи илмҳои ҷомеашиносие ба ҳисоб меравад, ки ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеаро нисбат ба дигар илмҳои ҷомеашиносӣ хеле мукаммалтару муфассалтар мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Мутаассифона ин илм танҳо дар тӯли ду даҳ солаи ахир ба фазои илмӣ ва таълимии кишварҳои пасошӯравӣ, алалхусус ба фазои маърифатии кишвари мо ворид гардид.
Аз ин рӯ, зимни омӯзиши он ба забони тоҷикӣ донишҷӯ новобаста аз зарурат ва мақоми муҳими ин илм бо душвориҳои муайяне рӯбарӯ мегардад. Ин душворӣ аслан бо коркарду дар дастгоҳи илмӣ ҳазм гардидани истилоҳоти тоҷикии сотсиологӣ марбут мебошад. Аз тарафи ин ҷониб азм намуда шуд, ки барои то андозае сабук намудани душвории мавҷуда ва ба қадри имкон бароварда сохтани ниёзмандиҳои донишҷӯён дар ин самт дастуре таҳия намояд.
Зеро вазифаи мо омӯзгорон ва ҳар донишҷӯи фарҳангдӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки дар раванди ба забони илмӣ мубаддал намудани забони модарии хеш саҳмгузор бошем.
Дар ин хусус Президенти давлат дар яке аз маърузаҳои хеш барҳақ фармуда буданд: «Аз касе пӯшида нест, ки забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ аст…Бузургтарин вазифаи ҳар фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани забони ширину шево ва забони шеъру адаби оламшумули тоҷикӣ мебошад..Зеро забон моли халқ, мероси миллат ва сармояи маънавии давлати соҳибистиқлол аст»[1].
Дастури мазкур дар доираи барномаи таълимии фанни сотсиология барои донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳия гардидааст. Ҷои шубҳае нест, ки дастур аз камбудию норасоиҳо орӣ нест, чун вай иқдоми аввалини ин ҷониб дар ин самт ба ҳисоб меравад. Бори дигар хотиррасон месозем, ки дастури мазкур ба забони тоҷиқӣ маҳз ба хотири сабук намудани заҳмати донишҷӯён зимни омӯзиши фанни сотсиология таҳия шудааст.
Зимни таҳия намудани дастур масоиле, чун: асосҳои назариявӣ ва заминаҳои иҷтимоии ташаккулёбии илми сотсиология,ҷанбаҳои муҳимтарини таълимоти асосгузорони илми сотсиология, фарҳанг ҳамчун рукни муҳимтарини арзишсози ҷомеа, сохтори иҷтимоии ҷомеа, тағйиротҳои иҷтимоӣ, низоъҳои иҷтимоӣ ва назарияҳои машҳури илмӣ дар бораи ин ҳодисаҳои иҷтимоӣ,усулҳои гузаронидани тадқиқотҳои эмпирикии сотсиологӣ мавриди таваҷҷуҳи бештар қарор гирифтанд.
Мо мутмаинем, ки донишҷӯ бо мундариҷаи мавзӯъҳои баёнгардида шинос шуда, имкон пайдо менамояд, ки дар бораи ҷомеа ҳамчун як низоми зиндаи доимо тағйирёбанда тасаввуроти саҳеҳи илмӣ ба даст оварад.
Барои бедор сохтани ҳисси кунҷковию баланд намудани шавқу рағбати маърифатҷӯии донишҷӯ ва бад-ин васила беҳ намудани сифати таълим дар охири ҳар мавзӯъ саволҳо барои андеша ва худсанҷӣ омода намудем. Иловатан дар охири китоб саволҳои тестӣ низ ҷойгир намудем, ки донишҷӯи бо мундариҷаи дастури мазкур шинос гардида, ба онҳо ба осонӣ ҷавоб ёфта метавонад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин иқдомоти мо бидуни шубҳа ба мустаҳкамкунии маводи азхуд кардашуда кӯмак менамоянд. Ахиран, умедворем, ки дастури таҳияшуда донишҷӯёнро бо асосҳои илми сотсиология шинос намуда, ба онҳо барои омӯзиш ва баррасии илмӣ ва таҳлили воқеии равандҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир мусоидат менамояд ва зимнан дар омода намудани шахсиятҳои ҷаҳонбинияшон пешрафта ва барои ояндаи миллату ватан масъул саҳмгузор хоҳад буд.
Аз мудирияти сомона:
Метавонед мавзӯҳои китоби “Сотсиология: дастури таълимӣ” бо муаллифии Абдулҳаев К.А. нашри 2016с.-ро дар шакли мавзӯъ-мавзӯъ аз сомонаи мо дар барчаспи Сотсиология Абдулҳаев К. А. дарёбед.
[1] Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон.-Душанбе, Шарқи озод,2011.саҳ.91-92.




















