Фирма ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ

Ҳангоми гузариш ба иқтисоди бозорӣ таъсир ва бунёд гардидани бисёрукладӣ, масъалаи таъмин кардани ҳуқуқи соҳибкорӣ, шароити танзими муносибатҳои дохилӣ ва бурунмарзӣ, ташкили сохтори иқтисодӣ ва иҷтимоии онҳо ва тарзу услуби фаъолияти корхонаҳо дар низоми улуми иқтисод ба мадди аввал гузошта мешавад.

Шакли ҳуқуқии корхона дар қонунҳо дар бораи корхонаҳо, дар бораи ҷамъияти саҳҳомӣ, иттиҳодияҳои истеҳсолӣ, хоҷаги-ҳои фермерӣ (деҳқонӣ), Кодекси гражданӣ ва дигар қонунгузо-риҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Масалан, мувофиқи Кодекси гражданӣ ба ҷой доштани чунин шаклҳои ҳуқуқии корхо-наҳо иҷозат дода мешавад: хоҷагиҳои рафиқона, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, коллективӣ, истеҳсолӣ, давлатӣ, мунитсипиалӣ, корхонаҳои унитарӣ, корхонаҳои ғайритиҷоратӣ ва ғайра.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Тибқи тақозои Кодекси гражданӣ, корхонаҳо ҳу-қуқ доранд, дар асоси қарордод(контракт)-ҳо ихтиёран ба консерн, консорсиум, корпоратсияҳо, ассотсиатсияҳои хоҷагидорӣ табдил дода шаванд. Дар шароити бозор ҳар як корхона ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ эътироф карда мешавад. Дар санадҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ чунин аломатҳои шахсияти ҳуқуқӣ бештар тарғиб дода мешавад.

Субъект:

— дар ихтиёри худ молу мулки алоҳида дорад;

— ҳамчун воҳиди юридикӣ (ҳуқуқӣ) тароз (баланс)-и мустақил ва счёт(сарҳисоб)-и алоҳида дорад;

— тибқи ӯҳдадориҳо барои дар ихтиёри худ доштани молу амлок ҷавобгар мебошад;

— аз номи худ ҳаққу ҳуқуқ дорад, ки ба ҳама гуна намуди фаъолият (заём, иҷора, харид, фурӯш) машғул бошад;

— ҳуқуқи пешниҳоди даъво ва муроҷиат карданро ба суд ва дигар ташкилотҳои ҳуқуқӣ дорад.

Барои он ки корхона ҳамчун шахсияти ҳуқуқӣ эътироф карда шавад, бояд дар маҷмӯъ дорои чунин хислатҳо бошад:

— миқдори молу маводи алоҳида дошта бошад;

— қобилияти ба гардиши хоҷагӣ ҳамроҳ шудан дошта бошад;

— қобилияти ба ӯҳдадориҳои худ ҷавоб гуфтан дошта бошад;

— имконияти пешкаш намудани даъво ва ба сифати даъвогар ба ташкилотҳои ҳуқуқӣ (суд, арбитраж) муроҷиат кардан дошта бошад.

Бояд тазаккур дод, ки корхона дар шароити сотсиализм ҳамчун звенои асосии ҳоҷагии халқ тасаввур карда мешуд. Он ҳамчун моликияти “умумихалқӣ” пурра ба давлат таалуқ дошт. Аз ин ҷиҳат муносибатҳои ҳуқуқӣ байни давлат ва корхона на ҳамчун муносибатҳои ҷудогона, балки муносибатҳои ҳамҷоя, дар асоси қонунгузориҳои муттамарказ муайян карда мешуданд. Албатта, дар ин шароит шакли ҳуқуқии корхона, ки дар боло зикр карда шуд, маҳдуд гардонда мешавад.

Дар шароити бозор, корхонаҳо дар асоси принсипи ҳисоби тиҷорат фаъолият мекунанд. Аз ин ҷиҳат барои амалӣ гардондани мақсади асосӣ (истеҳсолу фурӯши маҳсулот, адои хизмат…), ногузир ба субъектҳои гуногуни иқтисодӣ, чӣ дар доираи истеҳсолот ва чӣ тиҷорату молия ва бурунмарзӣ, дучори муло-қоти ҳамдигарӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз, фаъолияти ҳар як корхона аз нигаҳи шакли ҳуқуқ бояд асоснок гардонда шавад.

Маҷмӯи тадбир ва меъёрҳои комплексии ҳуқуқӣ, ки характер, шароит, тарзу услуби ташаккули хоҷагидориро перомуни моликияту моликиятдорӣ дар корхона, байни корхонаҳо ва корхонаю давлат ташкил медиҳад, ҳамчун шакли ҳуқуқии таҳсиси корхонаҳо сурат мегирад.

Дар ин асно набояд фаромӯш кард, ки дар шароити сотсиализм, муносибат ва алоқамандии корхонаҳо бо воситаи нақша-ҳои панҷсола, шартномаҳои марказонидашудаи давлат ва меъ-ёрҳои ҳуқуқӣ муайян карда мешавад. Аз ин сабаб барои таъмин кардани алоқаҳои иқтисодӣ, яъне ҳамгироию ҳамбастагии фаъолияти онҳо, режими ҳуқуқӣ талаб карда мешавад. Ин чизро “План” ва дигар директиваҳои ҳуқуқӣ иҷро мекунанд.

Корхона дар шароити бозор, нисбат ба корхонаҳои дар шароити иқтисоди амрӣ амалкунанда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бештар маҳсулот ва хизматҳоро ба анҷом расонад ва дар натиҷа дараҷаи баланди даромади фоидаро таъмин намояд.

Агар амалӣ гаштани ин вазифа ва мақсад аз як тараф, оқилона ташкил кардани тақозои бозориро аз ҷониби корхона дар назар дошта бошад, аз тарафи дигар, ҳалли он ба сатҳ ва дараҷаи ҳосилнокии меҳнат, инкишофи илму техника, дараҷаи ташкили истеҳсолот, рақобат ва ғайра вобаста мебошад.

Ин шароит аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҳар як тавлидгар (корхона) вобаста ба шароитҳои субъективӣ (айнӣ) роҳу услуби хосаи тараққиёти худ, ташкили истеҳсолот ва шакли фаъоли хоҷагидории худро интихоб менамояд. Тадбиқ ва имконпазирии он аз дараҷа ва сатҳи истифодаи шакли ҳуқуқ ба моликият, алалхусус, соҳибӣ ва азхудкунии омилҳои истеҳсолот алоқаманд мебошад.

Аз ин сабаб муносибатҳо оиди азонихудкунии натиҷаҳои истеҳсолот, ки тибқи шакли моликият ба воситаҳои истеҳсолот, яъне имконияти мустақил ва бо ихтиёри худ истифода кардани он ба миён меояд ташкил мегардад.

Дар ин асно истифодаи чунин вариантҳои шакли ҳуқуқии моликият ба миён меояд:

— субъекти ташкилкунанда яку якбора ҳам тавлидгар ва ҳам соҳиби омилҳои истеҳсолот мебошад;

— субъект фақат соҳиби шароитҳои моддии истеҳсолот буда, ба тавлидот сару кор надорад, вале ба сифати ташкилот дар он ширкат варзида метавонад;

— субъект соҳиби воситаҳои истеҳсолот мебошад, вале имконияти ташкилотчигии он ба зиммаи каси дигар гузошта мешавад.

Истифодаи ин вариантҳо фақат дар лаҳза ва шароитҳои муфиде истифода карда мешавад, ки агар он масрафи ками захира ва дараҷаи аксари фоидаро таъмин карда тавонад. Маҳз истифодаи ин вариантҳо имконияти дар асоси корхона таҳсис намудани шаклҳои гуногуни ҳуқуқии фирма — корхонаҳо дар шакли моликияти давлатӣ, коллективӣ, муҳталат, иҷора ва ғайраро ба вуҷуд меоварад. Дар ин ҷода таҳсиси корхонаҳои нав истисно нестанд. Онҳо тибқи дархости созмондиҳандагон дар асоси шартнома ташкил дода мешаванд. Охирон, ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқӣ нақш ва ҷойгаҳи ҳар яке аз созмондиҳандагонро ҳамчун соҳиби корхона муайян мекунад.

Шартнома дар мояи Кодекси гражданӣ ё худ қонуну қонун-гузориҳои ҳуқуқӣ таҳсис дода мешавад. Дар он: шакли ташкилию ҳуқуқӣ; мақсад ва мақоми фаъолияти корхона; мавзеи ҷой-гиронию суроға; ҳаҷми сармояи воқеии нақд (сармояи уставӣ); саҳми иштирокчиён ва қоидаи тақсиму истифодаи он; прин-сипҳои муҳимтарини фаъолияти фирма; ҳайати идора (менеҷеру менеҷмент); масоили тақсими фоида дар байни саҳмгузорон; ҳаққу ҳуқуқи созмондиҳандагон нисбат ба худи корхона; маълумот дар хусуси созмондиҳандагон ва ғайра акс карда мешавад.


Фирма хамчун шахсияти хукуки

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама