Кор бо матоъхои пашми.
Матоъҳои абрешимӣ аз нахҳои табиии аз ҳашарот ҳосилшаванда гирифта мешаванд.
Матои пашмиро аз пашми чорво, асосан, аз пашми бузу гӯсфанд ҳосил мекунанд. Гӯсфандро 8 ҳазор сол пеш аз ин хонагӣ карда буданд.
Пашми гӯсфандро бо қайчиҳои махсус тарошида, якбора ба навъҳо ҷудо мекунанд. Пашми тахтапушт – навъи 1-ум, биқин – навъи 2-юм, боқимондааш – навъи 3-юм ва ғайра.
Баъд аз ин пашмро дар ваннаҳои махсус бо собун ва сода дар оби гарм шуста, хушк мекунанд, тит ва ғоз медиҳанд. Дар вақти шустан пашм як қисми вазни худро гум мекунад.
Нахҳои аз пашм гирифтаро ба фабрикаи ресандагӣ месупоранд. Аз онҳо калоба тайёр мекунанд. Калобаҳоро ба сехҳои бофандагӣ месупоранд ва аз онҳо матоъ мебофанд. Баъд дар сехи шустагарӣ онро сафед мекунанд ва рангубор медиҳанд.
Хосият ва сифати матоъ ба ғафсӣ, мустаҳкамӣ, чандирии нахҳо вобаста аст. Аз нахҳои дарозу борик матоъҳои маҳин, ғафс, мустаҳкам ва мулоим тайёр мекунанд, ки онҳо аз худ обу ҳаворо мегузаронанд, гармиро нигоҳ медоранд, дар вақти шустан кам кашиш мехӯранд, рангашон дер мепарад, дарзмол карданашон осон аст.
Ҳамаи инро хосиятҳои физикию механикии матои пашмӣ меноманд. Он ба коркарди гарм низ мувофиқ аст. Ин хосиятҳоро дониста, бо роҳи коркарди гарм либосҳоро ба шаклу намудҳои дилхоҳ овардан осон аст. Онҳо чангро зуд ба худ мегиранд. Бинобар ин онҳоро тез-тез тоза карда истодан лозим аст.

Савол
- Матои пашмиро аз чӣ ҳосил мекунанд?
2.Хосиятҳои физикию механикии матои пашмиро гӯед?




















