Намунаи Санад (Акт)

Намунаи 1.

Санад

шаҳри Душанбе                                   5 октябри соли 2020

Мо, дар зер имзогузоштагон комиссия дар ҳайати сармуҳосиб Салоҳиддинова Сабоҳат Ҳоҷиевна – раис, иқтисодчӣ Ғуломова Манзура Бобоевна – аъзо, мудири хоҷагӣ Бобоев Асрор Вафоевич – аъзо, санади мазкурро дар хусуси аз ҳисоби рӯйхати молу ашёи корхона ба сабаби куҳнаву фарсуда шудани мизҳову курсиҳо, кондитсионери ҳучраи 5-ум, ҷевони китоби ҳуҷраи 10-ум тартиб додем. Дар корхона 2 (ду) мизу 7 (ҳафт) курсии шикаста, 1 (як) кондитсионери аз кор баромада ва 1 (як) ҷевони шикаста ба ҳисоб гирифта шуданд. Комиссия ба хулоса омад, ки ашёи номбаршуда аз рӯйхати молу ашёи корхона соқит карда (бароварда) шаванд.

Пешниҳод дорем, ки роҳбарияти корхона барои ба ҷойи ашёи номбаршуда харидории ашёи нав маблағ ҷудо намояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Комиссияи салоҳиятдор:

Раис – Салоҳиддинова С.Ҳ.                имзо

Аъзо:

Имзо /                            / Ғуломова М.Б.

Имзо /                            / Бобоев А.В.

санад акт намуна


Намунаи 2. Барои мизу курсиҳои шикастаи аудитория

Санад

шаҳри Душанбе              15 декабри соли 2019

Мо, дар зер имзо гузоштагон ҳайати комиссия, ки бо фармоиши декани факултаи Иқтисодиёт ва молия ташкил гардидааст, дар ҳайати муовини декан оид ба тарбия Абдуллоев Аҳмад Бобоевич – раис; куратори курси якуми шуъбаи Кори бонкӣ, гурӯҳи «А» Қурбонов Аҳмад Муртазоевич – аъзо; сардори курси якуми гурӯҳи «А», шуъбаи Кори бонкӣ Мирзоев Шодӣ Азизович вазъи аудиторияи 106-умро санҷида, аз назар гузаронидем. Чунонки, баъзе донишҷӯён гувоҳӣ доданд, ки ду нафар донишҷӯйи хамин гурӯҳ – Акобиров Зафар ва Тағоев Акбар дар танаффус бо ҳам муноқиша намуданд ва дар натиҷаи ин амалашон як мизу ду курсӣ шикаста, аз кор баромаданд. Мо, аъзои комиссия дар хусуси шикастан ва аз кор баромадани ашёи мазкур ин санадро тартиб додем.

Пешниҳод дорем, ки мизу курсиҳои шикаста иваз карда шаванд ва дар бораи донишҷӯёни номбаршуда чораҳо андешида шаванд.

Раиси комиссия – имзо /        / Абдуллоев А.Б.

Аъзои комиссия – имзо /      / Қурбонов А.М.

Аъзои комиссия – имзо /      / Мирзоев Ш.А.


Намунаи 3.

Санад

шаҳри Душанбе                3 сентябри 2020.

Мо, дар зер имзо гузоштагон, ин санадро дар хусуси ба пули нақд 75 (ҳафтоду панҷ) сомонӣ барои китобхонаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) харидорӣ карда шудани ҷилдҳои 1-ум ва 2-юми китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Гафуров аз шаҳрванд Азимов Шуҳрат Бобоевич тартиб додем. Азимов Ш.Б. ду ҷилд китоби «Тоҷикон»-ро ба китобхона супурд ва бо фармоиши Ректор маблағи нишондодашударо аз хазинаи ДМИТ гирифт. Китобҳо ба фонди китобхона дохил карда шуданд.

Мудири китобхонаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон      /         / Муҳаммадиев С.А.

Мудири хочагии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон      /         / Абдолов Ҳ.Б.

Хазинадори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон          /       / Ҳокимов А.Ш.

Тарзи навиштани Забонхат (Расписка)


Тарзи навиштани акт/санад бо забони точики, намунаи санад/акт, хуччати акт, хуччатнигори бо забони точики, документация.

ҚаблӣТарзи навиштани Санад (Акт)
БаъдӣДар баёни Хислатҳои зишт (назм)

3 шарҳ

    • Салом. Дар инҷо мо якчанд намуна овардаем. Метавонед вобаста ба инҳо “санад барои китобҳои дарсӣ” нависед.

      • тарзи навишти санад.
        «Тасдиќ мекунам»
        Муовини ректор оид ба
        таълим ва идораи сифати тањсилот
        ____________ Қудратзода П.Қ.
        «____»____________ соли 2022

        САНАД
        аз «____» _________ соли 2022 № ____ ш – ки Данғара
        Мо дар зер имзокунандагон Тураев С.С. мудири кафедраи геология ва коркарди нафту газ, Саидов А.И. котиби комиссияи аттестатсионии нињоии хатм ва Шамсуддинзода М.Б. сардори бахши бойгонӣ санади мазкурро оид ба супоридан ва қабули корҳои рисолаи хатм дар ихтисоси 1-51010104-геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои нафту газ дар соли таҳсили 2021 – 2022 (ҳамагӣ 9 адад кори рисолаи хатм) тартиб додем:
        № Ному насаби донишљў Номи мавзуи рисола (лоиња)-и хатм
        1. Ёрматов Намоз Эргашоевич Хусусиятҳои геологӣ-сохторӣ ва қонуниятҳои ҷойгиршавии қабатҳои маҳсулноки Қуми ҷанубӣ.
        2. Шарипов Дурандеш Махсуддинович Лоињаи иктишофї ва дурнамоии нафтугаздорї дар майдони Хољасартез.
        3. Ҷобиров Гулмаҳмад Шералиевич Таҳлили геологӣ-сохторӣ ва нефтугаздории ҷануби Тоҷикистон.
        4. Умаров Иброҳим Холмуродович Лоҳаи пармакунии пармачоҳи эксплуататсионӣ ва баҳодиҳии геологӣ-иқтисодии кони нефту гази Шоҳамбарӣ.
        5. Саидов Навруз Авазхонович Лоиҳаи пармакунии пармачоҳи эксплуататсионии №1 дар кони Сариқамиш (н.Шаҳринав).
        6. Муҳаммадиев Баҳодур Неъматуллоевич Таҳлили геологӣ-сохторӣ ва нефтугаздории Шимоли Тоҷикистон.
        7. Султонов Рамазон Иззатуллоевич Лоиҳаи ҷустуҷўӣ ва дурнамоии нафту газдорӣ дар майдони Хонақо (пастхамии Душанбе).
        8. Талбаков Сунатулло Сафаралиевич Шароитҳои геологии пайдоиши зонаҳои нафтугаздорҷамшавӣ дар пастхамии Душанбе.
        9. Атоев Махмадлоиқ Маҳмадисоевич Лоихаи пармакунии пармачоҳҳои иктишофӣ бо истифодаи маҳлулҳои нави пармавӣ дар кони Сулдузӣ.

        Супорид:
        Мудири кафедра ____________ Тураев С.С.
        Котиб ____________ Саидов А.И.

        Мувофиқа карда шуд:
        Декани факултет ____________ Алиев Ф.А.

        Мудири шуъбаи мониторинги
        сифати таҳсилот ____________ Ҷ.Х. Раҳмоналиев

        Сардори бахши омор ____________ Пирова М.А.

        Қабул кард:
        Сардори бахши бойгонӣ ____________ Шамсуддинзода М.Б.

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед