Дар баёни Хислатҳои зишт (назм)

ДАР БАЁНИ ХИСЛАТИ ЗАМИМА

Чор чизи дигар, эй некӯсиришт,
Ҳаст аз ҷумла халоиқ сахт зишт.

3-он чаҳор аввал ҳасадгинӣ бувад,
3-он гузаштӣ уҷбу худбинӣ бувад.

Хашмро дигар фурӯ нохӯрдан аст,
Хислати чорум бахилӣ кардан аст.

Эй писар, кам гард гирди ин хисол,
Аз барои ин ки зишт аст ин фиол,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ғилу ғаш бигзор чун зар пок шав,
Пеш аз он ки хок гардӣ, хок шав.

Ҳирс бигзору қаноат пеша кун,
Охир аз мурдан яке андеша кун.

Бо муҳиббон бош доим ҳамнишин,
То тавонӣ рӯи аъдоро мабин.


Аз  “Пандномаи Аттор”

Шояд ин ҳам писандатон ояд:

Одоби сухан кардан бо мардумон

ҚаблӣНамунаи Санад (Акт)
БаъдӣТарзи навиштани Суратмаҷлис (Протокол, намуна)