Тарзи навиштани Санад (Акт)

Санад ҳуҷҷатест, ки дар он ягон амалиёт, кори иҷро кардашуда тасдиқ карда мешавад. Ин ҳуҷҷатро ҳайате аз шаҳрвандон, ходимони муассиса ё корхона таҳия месозанд ва бо имзоҳояшон тасдиқ менамоянд.

санад акт намуна

Баъзан, ин ҳуҷҷатро метавонад як шахс (масалан, корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) ба танҳои таҳия намуда, воқеаи руйдода (масалан, садамаи автомобил)-ро сабт намояд. Комиссияи босалоҳияте маҳсулоти нав, ихтироот, бинои маъмурӣ ё истиқоматиро аз санҷиш гузаронида, санад таҳия менамояд. Баъзан, дар корхонаву муассисаҳо барои аз ҳисоб баровардани молу анҷому асбобҳо ва ашёи куҳнаву фарсудашуда комиссия ташкил карда мешавад. Ҳайати комиссия баъд аз дида баромадани ашёи корхона санад тартиб медиҳад ва аъзои комиссия дар охири он имзо мегузоранд. Агар дар дарсхона (аудитория) дару тирезаҳо, мизу курсиҳо шикаста шаванд, куратор, намояндаи деканат ва ё дигар шахсони масъул, шоҳидони воқеа ва ё комиссияи салохиятдор санад тартиб медиҳанд. Комиссияи салоҳиятдор пас аз тафтишу баррасӣ ва аз назар гузаронидан барои роҳбарияти корхона хулоса пешниҳод менамояд. Роҳбари корхона дар асоси санад дастур ва ё фармоиш содир менамояд. Қисмҳои асосии санад инҳояд:

  1. Номи ҳуҷҷат (санад).
  2. Дар гушаи чапи варақ – маҳалли таҳияи санад.
  3. Дар гушаи роста варақ – таърихи таҳияи санад.
  4. Вазифа, насаб, ном ва номи падари аъзои комиссияитаҳиякунандаи санад.
  5. Матни санад.
  6. Пешниҳоду хулосаҳо (агар зарур дониста шаванд).
  7. Имзои раиси комиссия ва аъзои он.

Намунаи Санад (Акт):

Санад

шаҳри Душанбе                3 сентябри 2020.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мо, дар зер имзо гузоштагон, ин санадро дар хусуси ба пули нақд 75 (ҳафтоду панҷ) сомонӣ барои китобхонаи Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) харидорӣ карда шудани ҷилдҳои 1-ум ва 2-юми китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Гафуров аз шаҳрванд Азимов Шуҳрат Бобоевич тартиб додем. Азимов Ш.Б. ду ҷилд китоби «Тоҷикон»-ро ба китобхона супурд ва бо фармоиши Ректор маблағи нишондодашударо аз хазинаи ДМИТ гирифт. Китобҳо ба фонди китобхона дохил карда шуданд.

 

Мудири китобхонаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон      /         / Муҳаммадиев С.А.

Мудири хочагии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон      /         / Абдолов Ҳ.Б.

Хазинадори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон          /       / Ҳокимов А.Ш.

Тарзи навиштани Дархост (Заявка)


Тарзи навиштани акт, санад, акт бо забони точики, санад чихел тартиб дода мешавад, тартиб додани санад, акт намуна, санад намуна

ҚаблӣНамунаи Маълумотнома (Справка)
БаъдӣНамунаи Санад (Акт)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед