Тарзи навиштани Забонхат (Расписка)

Бо ин санад гирифтани маблағи пул ва ё миқдори муайяни мол тасдиқ карда мешавад. Он ба шакли дастнавис дар як нусха таҳия мегардад. Миқдори пул ё моли гирифташуда бо рақам, сипас бо ҳарф навишта мешавад. Ҳангоми зарурат ному насаб ва имзои шоҳидон низ оварда мешавад. Забонхатро то баргардонидани қарз қарздиҳанда нигоҳ медорад.

Забонхат аз ҷузъҳои зерин иборат мебошад:

  1. Номи санад
  2. Ному насаб ва вазифаи шахсе, ки забонхат медиҳад ва ному насаби шахсе, ки аз ӯ маблағи пул ва ё мол гирифта мешавад.
  3. Маблағи пул ё миқдори моли гирифташуда.
  4. Имзои шахсе, ки забонхат медиҳад.
  5. Таърихи навишти санад.

Намунаи забонхат:

Забонхат

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ман, Муқимов Акбар Тоҳирович, донишҷӯи соли дуюми факултаи ҳуқуқшиносӣ, сардори гурӯҳи буҷавӣ аз ҷонишини декан оид ба таълим, профессор Қаҳҳоров Ҷонибек идрорпулии донишҷӯёни гурӯҳамонро барои моҳи апрел, ки 4000 (чор ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, гирифтам.

Имзо /                     / Муқимов А.Т.

2 майи соли 2020.


ДИГАР НАМУНАҲО


Забонхат намуна, тарзи навишти забонхат, забонхат бо забони точики, расписка на таджикском языке, намунаи забонхат.

ҚаблӣТарҷумаи ҳол (Зиндагинома, Автобиография)
БаъдӣХислатнома (Тавсифнома, Характеристика)