Назарияи ҳақиқат

Маърифат даъво дорад, ки инъикоси айниятии воқеиятро таъмин менамояд ва мақсадаш ноил шудан ба ҳақиқат мебошад. Муҳокима дар бораи чӣ будани ҳақиқат таърихи зиёда аз ду ҳазорсола дорад. Ҳанӯз Афлотун дониши ҳақиқиро (эпистеме) аз ақида (докса) ҷудо карда буд. Таърифи ҳақиқат, ки Афлотун дода буд, баъдтар ба сифати классикӣ эътироф шуд. Дар он чунин омадааст: ҳақиқат – ин мувофиқати фикр бо предмет, мувофиқати дониш бо воқеият мебошад. Дар назари аввал фаҳмиши ҳақиқат ҳамчун мувофиқати фикр ва воқеият хеле некбинона аст, чунки дар он ҳақиқати объектҳои мавҷуднабуда ғайриимкон мебошад. Аммо ҳангоми таҳлили амиқ мушкилот пеш меояд: 1) истилоҳи «мувофиқат», масалан, бо маъноҳои гуногун истифода мешавад (мувофиқати байни образ ва объект, байни ном ва ашё ва ғ.); 2) чӣ ба чӣ бояд мувофиқат дошта бошад – фикр ба предмет ё предмет ба фикр? Кадоми онҳо асос аст? Барои идеализми объективӣ воқеият бояд ба фикр, ба идеяи мутлақ мувофиқат дошта бошад. Материалистон бошанд, мувофиқати тасаввуроту фикрро дар бораи воқеият бо худи воқеият асоснок менамоянд. Бинобар ин, таърифи классикии ҳақиқат талаб мекунад, ки мафҳуми «мувофиқат», аз ҷумла эътирофи айнияти тафаккур ва воқеият, маънидод карда шавад.

Вобаста ба ин, мафҳуми «ҳақиқати объективӣ» мубрамтар мегардад. Ҳақиқати объективӣ – ин донишҳое, ки мазмунашон аз инсону инсоният, аз хоҳишу иродаи онҳо вобаста намебошанд. Мустақилияти ҳақиқат аз субъекти маърифат маънои онро дорад, ки ҳақиқат дар худ таҳрифи аз ҷониби субъект содиршударо надорад, балки бо худи объекти маърифатшаванда муайян мешавад. Хатои назарияи маърифати метафизикӣ (зидди деалектикӣ) дар он буд, ки ҳақиқатро як навъ ҳолати мукаммали инъикоси пурраи объект мефаҳмид. Дар чунин нуқтаи назар барои таҳаввул ва инкишофи мазмуни он ҷой намемонад.

Ҳарчанд Ф.Бэкон қайд карда буд, ки «ҳақиқат – духтари вақт аст, на духтари нуфуз», аммо танқиди асосноки назарияи ҳақиқати метафизикӣ бори нахуст аз ҷониби Гегел баррасӣ гардид. ӯ нишон дод, ки ҳақиқат раванди беш аз беш мувофиқат кардани предмет бо мафҳум мебошад, «ҳақиқат эътирофи хушку холӣ набуда, моҳиятан раванд аст». Сабаби равандӣ будани ҳақиқат аз ҳамтаъсирии беохири субъект ва объект, аз ҷудо кардани порчаҳои нав ба нави воқеияти объективӣ вобастагӣ дорад.

Фаҳмиши ҳақиқат ҳамчун раванд лаҳзаҳои нисбӣ ва мутлақ будани онро дар бар мегирад. Истилоҳи «ҳақиқати мутлақ» се маъно дорад: 1) истиораи дониши дақиқу мукаммали ҳамаи воқеятро то «ҳадди охир» дарбаргиранда, як навъ идеали гносеологӣ, ки дар ҳеҷ кадом дараҷаи маърифат пурра воқеӣ намешавад; 2) бақайдгирии як навъ донишҳои оддии доимӣ, ки дақиқ муайян шудаанд ва тағйир намеёбанд. Мисолҳои ин навъи ҳақиқат: Соли 1724 И.Кант таваллуд шудааст, унсури кимиёвӣ вазн дорад ва ғ.; 3) чунин дониш, ки ҳангоми инкишоф ёфтан ва ғанӣ гардидани тамоми низоми донишҳо вай аҳамияти худро гум намекунад. Масалан, қонунҳои механикаи классикии И.Нютон баъди кашфи назарияи нисбияти А.Эйнштейн аҳамияти худро нигоҳ доштанд.

Бо ҳақиқати мутлақ донишҳое алоқаманд карда мешаванд, ки дар рафти инкишофи минбаъдаи илм инкор нашуда, балки танҳо бо мазмуни тоза ғанӣ гардонида мешаванд. Ин маънои муҳими истилоҳи «ҳақиқати мутлақ» мебошад, ки абстрактӣ набудани ҳақиқат, мушаххас будани онро қайд мекунад. Низоми томи донишҳо унсурҳои мутлақан ҳақиқӣ ва нисбатан ҳақиқиро дар бар мегирад. Ҳакиқати нисбӣ  донишҳои нопурра, начандон мукаммалу дақиқ дар бораи предмет мебошад. Он – ифодаи маҳдудияти ҳақиқати объективӣ, нопуррагии он дар ягон зинаи инкишофи маърифат ба шумор меравад. Ҳақиқатҳои нисбӣ занаҳои расидан ба ҳақиқати мутлақ мебошанд.

Назариёти классикии ҳақиқатро назарияи мувофиқат ё назарияи корреспондентӣ (мукотиботӣ)-и ҳақиқат меноманд. Ин назариёти ҳақиқат нусхабардории оддии воқеиятро бо «мувофиқат» мепайвандад. Вале инсон дар маърифат кардани олам на бо олами «дархуд» балки бо он, ки ин олам чӣ тарз инъикос ва ҳиссию зеҳнӣ дарк карда мешавад, сарукор дорад. Маърифат ҳамчун «инъикоси инъикос» тасаввур карда мешавад. Олами далелҳо хусусияти фитрӣ дошта, тавассути мафҳумҳо бо тафсир алоқаманд мебошанд.

Дар назариёти классикии ҳақиқат тасдиқотҳо аз ҷумлаҳои ҳикоягии оддӣ фарқ карда мешаванд. Ҳақиқат на бо ҳар кадом ҷумлаҳои ҳикоягӣ, балки бо ҳамонаш, ки хусусияти тасдиқотро дорад, алоқаманд карда мешавад. Аммо на ҳар як тасдиқот бо худ дониши ҳақ дорад. Дар назариёти классикии ҳақиқат танҳо ҷумлаҳои тафсирӣ (дескриптивӣ) ба сифати ҳақиқат қабул мешаванд. Чунин фаҳмиш ба мушкилот дучор месозад, чунки олами фитрии дар назарияҳо офаридашудаи объектҳои идеалии назариявӣ бо талаботҳои тафсирот мувофиқат дошта наметавонад, чунки вай маърӯзачӣ надорад. Агар сухан дар бораи иброз ва тасдиқ намудани кулли хосиятҳо равад, он гоҳ мушкилоти санҷиши онҳо ба миён меояд, хусусияти тафсиротии онҳо ба зери шубҳа гирифта мешавад, чунки маърӯзачии ин иброзҳо ҳузур надорад. Дар мантиқи классикӣ ҳаққонияти мантиқиро ҳамчун ҳақиқати ҳамаи оламҳои имконӣ фаҳмида мешавад.

Ба назарияҳои ғайриклассикии ҳақиқат назарияи когерентӣ (ҳамбастагӣ)-и ҳақиқат мансуб мебошад. Дар ин назария кӯшиш карда шудааст, ки маҳдудиятҳо ва мушкилотҳои назарияи классикии ҳақиқат бартараф шаванд. Назарияи когерентии ҳақиқат ду тарз баён карда мешавад: 1) мафҳуми «ҳамбастагӣ» (когерентӣ) ба ҷои мафҳуми пешинаи «мувофиқат» гузошта мешавад; 2) тасдиқ карда мешавад, ки мувофиқат танҳо тавассути ҳамбастагӣ муайян шуданаш мумкин аст.

Дар фаҳмиши ҳақиқати когерентӣ диққат аз «мувофиқат» ба худҳамоҳангии унсурҳои низоми дониш ҷалб карда мешавад. Инҷо ҳақиқат дар он нест, ки донишҳо бо воқеият мувофиқат доранд, балки дар он аст, ки донишҳо низоми худҳамоҳангро ташкил медиҳанд. Назарияи когерентии ҳақиқат дар бораи он муносибате, ки донишҳои ботинан ҳамоҳанг бо олами объективӣ доранд, маълумот намедиҳад. Ҳамин тавр, назарияи когерентии ҳақиқат мушкилоти фаҳмиши классикии ҳақиқатро бартараф намуда, бо дигар масъалаҳои ҳалталаб рӯбарӯ мешавад.

Назарияҳои ғайриклассикии ҳақиқат пешниҳод менамоянд, ки моҳияти ҳақиқат на дар мувофиқати воқеият бо фикр, балки дар мувофиқат бо меъёрҳои интихобӣ баррасӣ карда шавад. Дар партави чунин нигариш назарияи прагматикии ҳақиқат маълум мегардад, ки мувофиқи он фоидабахшии амалӣ ва судмандии донишҳо дар комёбшавӣ ба ҳадаф ҳамчун ҳақиқат дониста мешавад. Агар назарияи прагматикии ҳақиқат мутлақ карда шавад, он гоҳ назарияи умумии нисбият ва дигар кашфиётҳои бунёдӣ, ки фоидаи бевоситаи амалӣ надорад, аз мазмуни ҳақиқиашон бенасиб мемонанд.

Ба назарияҳои ғайриклассикии ҳақиқат, ғайр аз назариёти прагматикӣ ва когерентӣ, инчунин назарияи семантикии ҳақиқатро мансуб медонанд. Семантика низомҳои аломатиро аз нуқтаи назари маъно ва мундариҷаи онҳо меомӯзад. Вай бештар назарияи мантиқӣ буда, зарурати гузаштан аз забони муқаррарӣ ба забони шаклиро исбот мекунад. Барои муҳокима намудани ҳаққонияти ифодаҳои забони шаклишуда зарурати забони махсус (метазабон) эътироф карда мешавад. (Метазабон – ин забоне, ки тавассути он забонҳои дигар ҳамчун объект таҳқиқ карда мешаванд. Аз нуқтаи назари шахси бо забони тоҷикӣ гуфтугузор дошта, ки забони ҳиндиро меомӯзад, забони тоҷикӣ метазабон буда, забони ҳиндӣ ба сифати забони объектӣ мебошад).

Назарияи семантикии ҳақиқат бо номи риёзидон, мантиқшинос ва файласуфи лаҳистонӣ А.Тарский (1902–1983) алоқаманд мебошад. Ба ақидаи ӯ, мафҳуми «ҳаққоният» таносуби байни низоми ифодаҳои аломатӣ ва объектҳо ё вазъи соҳаи тафсиркуниро муайян мекунад. Инчунин ӯ қайд кардааст, ки муҳокимаи мантиқан безиддияти масъалаҳои семантикӣ номумкин буда, мафҳуми ҳаққониятро тавассути воситаҳои забони таҳқиқшаванда муайян кардан ғайриимкон аст.

Дар раванди маърифат ба иштибоҳ низ дучор мешаванд. Иштибоҳ хатогиест, ки сабабаш камтаҷрибагии муҳаққиқ ё ба қадри зарурӣ дастрас набудани маълумотҳо доир ба предмет ва ғ. мебошад. Иштибоҳ ислоҳшаванда аст. Меъёрҳои мантиқӣ ва амалии ҳақиқат фарқ карда мешаванд. Меъёри мантиқии ҳақиқат маҳдудияти худро дорост. Алҳол амалия дар назарияи маърифат мавқеи муҳим дорад. Вай меъёри асосӣ  ва маҳаки умумии ҳақиқат мебошад. Чунки амалия фаъолияти моддист ва зуҳуроту предметҳои моддиро фақат тавассути таъсиррасонии материалӣ тағйир додан мумкин аст, на тавассути «тафаккури соф». Аз ин рӯ, вазифаҳои зерини амалияро дар маърифат ҷудо карда мешавад:

  • амалия сарчашмаи маърифат аст;
  • амалия мақсади маърифат аст;
  • амалия меъёри ҳаққонияти донишҳо аст.

Калидвожаҳо: Назарияи хакикат, хакикат чист?