Шухрати чахонии Шохнома

Шохномаи Фирдавси Шоҳномаи Абулқосим Фирдавсӣ

Шуҳрати ҷаҳонии “Шоҳнома”. Пайравӣ ба “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ дар даврони шоир оғоз гардида, то садаҳои охир давом ёфтааст. Аз маснавиҳое, ки дар пайравии ҳамосаи шоири бузург эҷод гардидаанд, бобарортаринашон “Гаршоспнома”-и Асадии Тӯсӣ мебошад.

Низомии Ганҷавӣ, гӯяндаи “Хамса”-и номӣ, агарчи қасди дар пайравии “Шоҳнома” асар навиштанро надошт, онро аз сарчашмаҳои асосии маснавии худ “Искандарнома” медонад.

Нахустин тарҷумаи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ба забонҳои дигар дар асри ХIII ба забони арабӣ буд, ки онро Бундории Исфаҳонӣ анҷом додааст. Пас аз он ин маснавӣ дар асри ХV ба забони туркӣ, дар асри ХVI ба забони гурҷӣ, дар асри ХVIII ба забонҳои фаронсавӣ ва англисӣ ва дар асрҳои ХIХ ва ХХ ба забонҳои олмонӣ ва русӣ баргардон шудааст. Ҳоло пора ва достонҳои ҷудогонаи “Шоҳнома” ба аксари забонҳои мардуми дунё тарҷума шудаанд.

Дар пайравӣ ва бо илҳом гирифтан аз достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар адабиёти Шарқ ва Ғарб шеъру достонҳои зиёде ба вуҷуд омадаанд, монанди достони адиби англис Матео Арнолд (а.ХIХ) бо номи “Рустам ва Суҳроб”, афсонаи русии “Достони Еруслан Лазаревич”, яъне, достони Рустами Золи Зар ва ғ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба “Шоҳнома” ва шахсияти фавқулодаи гӯяндаи он бузургтарин адибон ва андешамандони дунё, монанди Иоҳан Волфҳанг Гёте, Ҳенрих Ҳейне, Виктор Ҳуго, Байрон, А.Пушкин, В. Жуковский, М. Лермонтов, С. Есенин ва дигарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд. ”Шоҳнома” аниси кунҷи танҳоӣ барои нависанда ва мутафаккири барҷастаи рус Н.Чернишевский дар зиндонҳои Сибир будааст. Шоир ва мунаққиди номии фаронсавӣ Сент Беёв (а.ХIХ) аз Фирдавсӣ дар қатори саромадони адабиёти ҷаҳон, аз қабили Ҳомер, Верҳилий, Овидий, Тассо ва Данте ном гирифта, нақши бузурги ӯро дар равнақи адабиёти умумиҷаҳонӣ эътироф намудааст.

Бечиз нест, ки дар гузашта ва имрӯз “Шоҳнома”-ро бо ҳамосаҳои маъруфи ҷаҳон, чун “Моҳобҳорото” ва “Ромоёно” дар адабиёти ҳиндӣ, “Илиёдо” ва “Удисӣ” дар адабиёти юнонӣ, “Анйид” дар адабиёти румӣ, “Мазҳакаи илоҳӣ”-и Данте ва ғ. санҷидаанд. Бартарии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз асарҳои мазкур дар он аст, ки агар дар онҳо ҳодисаҳои маҳаллӣ ва таассуботи қавмию гурӯҳӣ ва интиқомҷӯйиҳои шахсӣ баён гардида бошад, дар он ҳамосаи инсон ва тамаддуни башарӣ мебошад.


Пурсиш ва супориш

  1. Ҳунари шоирии Фирдавсӣ дар чӣ намудор аст?
  2. Дар бораи пайравиҳо ба “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва тарҷумаи он дар Шарқу Ғарб чиро медонед? Маводи намоишӣ омода бисозед.

ҚаблӣАбуали Ибни Сино – Шоир
БаъдӣТашхис дар адабиёт ва шеър