Назарияҳои навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ

Назарияҳои навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ. Назарияхои навъхои таърихи-фарханги.


Дар қатори назарияҳои таҳаввулӣ ва инқилобии ҷомеа, ки бар идеяи пешрафт асос меёбанд, боз назарияҳое вуҷуд доранд, ки имконияти рушди прогрессивиро инкор месозанд. Яке аз назарияҳои васеъ паҳнгардида ва дар сотсиология аз мақому нуфузи зиёд бархӯрдор таълимоти навъҳои таърихӣ-фарҳангии рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар ин таълимот, ки бисёрсамта будани рушди ҷомеа ва фарҳанг ба асос гирифта мешаваду навъҳои муайяни низоми иҷтимоию фарҳангӣ ҷудо мегардад, вижагиҳои махсуси онҳо қайд мегардад ва дар баъзе ҳолатҳо идеяи пӯшида будану хусусияти минтақавӣ доштани фарҳангу тамаддунҳо пешниҳод мегардад.

Назарияи навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ ҳамчун антитеза (муқобил)-и назарияи ростхаттаи аврупомарказии рушди ҷомеа, ки мувофиқи он ҳама гуна рушди таърихӣ дар доираи тамаддуни ягонаю тақсимнашаванда сурат гирифта, аз раванди қонунию яксамтаи рушди прогрессивӣ, гузариш аз зинаи паст ба зинаи олӣ иборат хоҳад буд, пайдо шудааст. Ба сифати модели рушди таърихӣ дар ин таълимот рушди Аврупои Ғарбӣ, ки гӯё баъди муддати дуру дарози мубориза ахиран асли таъиноти худро-ҳукмрони ҷаҳон буданро дарёфтааст, баромад менамояд.

Таълимоти яксамтаи аврупомаркази рушди ҷомеа рушди Шарқ, Русия ва дигар манотиқро, ки аз тамаддуни Аврупои Ғарбии рушкарда дар канор мондаанд, ба таври қаноатбахш шарҳ дода натавонист. Назарияи навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ кӯшиш менамояд, ки ин проблемаҳоро ба таври қаноатбахш ҳал намояд. Асосгузори назарияи навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ сотсиологи рус Н.Я. Данилевский ба шумор меравад. Вай тамоми халқҳоро ба халқҳои «таърихӣ» ва «ғайритаърихӣ» тақсим менамояд. «Халқҳои ғайритаърихӣ», тибқи назари Н.Я. Данилевский, маводи этнографӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун навдаҳои сарбуридаи дарахт дар рушди ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Онҳо барои тақдири худро худ ҳал кардан ва ё шакли давлатдории худро худ коркард намудан ва амсоли инҳо қодир нестанд.Бинобар ин, онҳо барои коркарди навъи таърихӣ-фарҳангии ба худ хос низ қодир намебошанд.

Ҳуқуқи коркарди навъи таърихӣ-фарҳангии ба худ хос ба «халқҳои таърихӣ» тааллуқ дорад. Н.Я. Данилевский 14 «навъ» ё «тамаддуни ба худ хос»-ро ҳисоб намудааст: мисрӣ, чинӣ,ашшурӣ-бобулӣ (сомии қадим), ҳиндӣ, иронӣ, яҳудӣ, юнонӣ, римӣ, сомии нав (арабӣ), романогерманӣ, перуӣ. «Навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, мувофиқи андешаи Н.Я.Данилевский, аз рӯи баҳамоии чор унсури асосӣ: динӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ-ҷамъиятӣ фарқ менамоянд. Қариб тамоми навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ, ба ақидаи Н.Я.Данилевский, як асос доранд, яъне зимни баҳамойии чор унсур яке аз унсурҳо бартарият дорад. Барои баҳамойии халқҳо ба навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ қаробати забонӣ зарур аст. Н.Я. Данилевский чунин меҳисобад, ки халқҳои славянӣ дар роҳи сохтмони навъи таърихӣ-фарҳангӣ қарор доранд.

Тибқи назари Н.Я. Данилевский ҳар як навъи таърихӣ-фарҳангӣ, агар иҷборан дучори марг нагардад,чор марҳилаи рушди худро паси сар менамояд: давраи якум-бешуурӣ, ки ҳоло халқҳо ба саҳнаи таърихӣ набаромаданду ҳоло дар сатҳи «маводи этнографӣ» қарор доранд; давраи дуюм-давраи ташаккулёбии давлатдорӣ, ташаккулёбии ниҳодҳои асосии иҷтимоӣ; давраи сеюм-давраи гул-гулшукуфии тамаддун ва давраи чорум-давраи инқироз.

Дар сотсиологияи Ғарб тарафдорони назарияи навъҳои таърихӣфарҳангӣ олими немис О. Шпенглер ва муаррихи англис А. Тойнби мебошанд. О. Шпенглер ҳашт навъи таърихӣ-фарҳангиро фарқ сохааст: мисрӣ, ҳиндӣ, бобулӣ, чинӣ, юнонӣ-римӣ, византиявӣ-арабӣ, фарҳанги майя ва фарҳанги бедоршавандаи сибирӣ-русӣ. Ҳар яке аз ин навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ дар асоси тарзи махсуси пешбурди ҳаёт сабзида, ба даврагардии қатъии биологӣ тобеъ мебошад ва марҳилаҳои асоии рушд: таваллуду кӯдакӣ, ҷавониву камолот ва пирию « ғуруб»-ро паси сар менамояд.

Барои он ки марҳилаҳои асосии рушдро равшан ҷудо созад, О.Шпенглер фарҳанг ва тамаддунро ба ҳам зид мегузорад. Вай марҳилаи якумро дар рушди навъи таърихӣ – фарҳангӣ фарҳанг меномад. Фарҳанг – ин зинаи болораванда дар рушди ин ё он навъи таърихӣ-фарҳангӣ ба шумор меравад. Вай бо навъи «органикӣ»-и таҳаввул дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ: иҷтимоӣ ва сиёсӣ, динӣ ва этникӣ, бадеӣ ва илмӣ тавсиф меёбад.

Марҳилаи дуюм-тамаддун бо навъи «механикӣ»-и таҳаввул, яъне шахшуда мондани мабдаъҳои эҷодии фарҳанг ва инқирози он тавсиф меёбад. Ҳолати мазкур ифодаи худро дар ҷангҳои ҷаҳонӣ меёбад , ки мақсад аз онҳо ҳукмрони ҷаҳон шудан аст. Ба ақидаи О.Шпенглер Аврупо имрӯз дар маррҳиллаи тамаддун қарор дорад. Аз ин ҷо ӯ дар бораи «ғуруб»-и ҳатмии қарибулвуқуи Аврупо хулоса баровардааст.

Давомдиҳанда ва ҳомии идеяҳои Н.Я.Данилевский ва О.Шпенглер сотсиолог, файласуф ва муаррихи англис А.Тойнби ба ҳисоб меравад. Тибқи назари А.Тойнби инсоният пурра ё ягон иттиҳоди давлатӣ-миллӣ ё ягон навъи муайяни таърихӣ-фарҳангӣ, ки онҳоро ӯ тамаддун меномад, метавонад объекти омӯзиши илм бошад. Тамаддун гуфта ӯ баъзе воҳидҳои бо ақл даркшавандаи таърих, низоми томеро меномад, ки тамоми унсурҳои он ба ҳам мувофиқат мекунанду ба ҳам таъсир мерасонанд.Тамаддунҳо муқоисашавандаанд. Дар асоси меъёрҳои муайян муҳаққиқ метавонад муайян созад, ки чӣ тавр баъзе тамаддунҳо пешрафт намудаанду баъзеи дигар қафомондаанд ва дар асоси ин муқоиса метавон дар бораи аҳамияти ҳар як тамаддун низ сухан гуфт.

Аз тарафи тамаддунҳо амалӣ гардидани муқаррароти мақсадноки ниҳоияшонро, яъне амалӣ шудани таъиноти муайянашонро дар таърих ӯ меъёри муҳимтарини рушди тамаддун ба қалам додааст. А.Тойнби шаш навъи асосии таърихӣ-фарҳангиро қайд намудааст: 1) тамаддунҳои ибтидоии ҷудошуда (мисрӣ, андӣ); 2) тамаддунҳои ибтидоии ҷудонашуда (шумерӣ, минойӣ, ҳиндӣ, шаннӣ, майя); 3)тамаддунҳои духтарии зинаи дуввум (бобулӣ аз шумерӣ, хеттӣ аз шумер, эллинӣ аз минойӣ, шомӣ аз минойӣ,ҳиндии қадим аз ҳиндӣ, чини қадим аз шан, юкатанӣ аз майя, мексикойӣ аз майя); 4)тамаддунҳои духтарии зинаи саввум (православӣнасронӣ, русӣ, ғарбӣ, арабӣ-мусулмонӣ, шарқидурӣ–японӣ); 5) тамаддунҳои шахшуда (эскимосӣ, кучманчигӣ, усмонӣ, спартанӣ); 6)тамаддунҳои рушднокарда (шарқи дурӣ-насронӣ, ғарби дурӣ-насронӣ).

Зимни шарҳ додани сабабҳои ташаккулёбӣ ва рушди тамаддунҳо А.Тойнби назарияҳои нажодию назарияҳои муҳити зистро инкор менамояд. Ба андешаи ӯ нақши ҳалкунанда ба «Посух»-и халқҳо тааллуқ дорад, ки нисбати «Даъват»-и замона ё муҳит сурат мегирад. Ва аз ҳамин ҷо меъёри рушди ҷомеа хулосабарорӣ карда мешавад.Силсилаи посухҳои пайдарпай ба даъватҳои пайдарпай бояд ҳамчун зуҳуроти пешрафт шарҳ дода шавад.

Таълимоти махсуси навъҳои таърихӣ-фарҳангиро П.А.Сорокин асос бахшидааст. Ба сифати чунин навъҳо вай суперсистемаҳои иҷтимоӣфарҳангиро тадқиқ кардааст. Асоси ташкили ин суперсистемаҳоро ҷаҳонбинӣ созмон медиҳад, ки дар заминаи тарзи махсуси маърифат ташаккул меёбад. П.А.Сорокин се навъи суперсистемаро қайд намудааст: 1)руҳӣ (спиритуалӣ), ки дар он дар мавқеи аввал ҳақиқат ва воқеияти фавқулҳиссӣ меистад; 2)сенсуалистӣ, ки дар он сарчашма ва меъёри тамоми ашёҳо эҳсос ҳисобида мешавад; 3) идеалистӣ, ки бар синтези ҳадс, ақл, ва эҳсосот асос меёбад. Сабаби асосии тағйиротҳо, ба андешаи П.А. Сорокин, дар дохили суперсистемаҳо қарор доранд. Ба сифати яке аз сарчашмаҳои муҳимтарини тағйиротҳо П.А.Сорокин вобаста ба зарурат интегратсияи нокомили ин суперсистемаҳоро ном мебарад.

ҚаблӣТағйиротҳои иҷтимоӣ. Назарияҳои рушди ҷомеа
БаъдӣҶаҳонишавии равандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир