Ҷаҳонишавии равандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир

Ҷаҳонишавии равандҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир. Чахонишавии равандхои ичтимои ва фарханги дар чахони муосир.


Агар назариҳои навъҳои таърихӣ-фарҳангии фавқуззикрро бо ҳам муқоиса намоем, мебинем, ки байни назарияи навъи таърихӣ-фарҳангии

П.А. Сорокин ва О.Шпенглеру А.Тойнби фарқияти ҷиддӣ вуҷуд дорад. П. А. Сорокин пешрафтро дар рушди ҷомеа ҷоиз шумурда, вижагиҳои тамаддуни нави ташаккулёбандаро, ки тамоми инсониятро муттаҳид менамояд, нишон додааст. Қобили зикр аст, ки дар шароити имрӯза идеяи ташаккуллёбии тамаддуни ягона дар рӯи замин васеъ паҳн гардида рушд намуда истодааст. Бояд гуфт, ки ба истиқрори он дар илм ва шуури одамон сурат гирифтани ҷаҳонишавии равандҳои иҷтимоию фарҳангӣ дар ҷаҳони муосир мусоидат намуда истодааст.

Зарурат ба таъкид аст, ки мафҳуми «ҷаҳонишавии равандҳо»-ро набояд бо андешаи тамоми рӯи заминро фаро гирифтани ин равандҳо маҳдуд намуд. Дар зери мафҳуми мазкур ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки тамоми инсоният имрӯз ба систеаи ягонаи робитаю муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, иқтисодию сиёсӣ ва ғайра ворид шуда истодааст. Ҳамин тариқ, дар шароити муосир

дар муқоиса бо марҳилаҳои таърихии гузашта ягонагии умумисайёравии инсоният, ки суперсистемаи навро бо тақдиру масъулияти ягона таҷассум менамояд, хеле зиёд ва пурқувват гардидааст. Бинобар ин, новобаста ба зиддиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодии минтақаҳо ва халқҳою давлатҳо сотсиологҳо дар хусуси ташаккулёбии тамаддуни ягона сухан гуфтанро воқеӣ мешуморанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳамин таҳқиқи ҷаҳонфарогир аллакай дар таълимотҳои «ҷомеаи баъдииндустриалӣ», эраи технотронӣ ва ғайра равшан ба назар мерасанд. Ин таълимотҳо ба он нукта бештар таваҷҷуҳ месозанд, ки ҳама гуна дигаргунии технологӣ ба тағйиротҳои амиқ на танҳо дар қувваҳои истеҳсолкунандаи ҷомеа, балки дар тамоми тарзҳои ҳаёти одамон оварда мерасонанд. Ба шарофати рушди васеи микроэлектроника, компютеркунонӣ, рушди ахбороту воситаҳои алоқаи умум, амиқгардии тақсимоти меҳнату тахассуснокӣ инсоният ба як вуҷуди томи фарҳангӣ- иҷтимоии ягона муттаҳид шуда истодааст. Мавҷудияти ҳамин томмият ба инсоният дар умум ва ба ҳар як шахс дар алоҳидагӣ талаботҳои худро пешниҳод менамояд.

Дар чунин ҷомеа талош барои доштани информатсияи фаровон, азхуднамоии донишҳои нав ва ҳамзамон истифодаи онҳо бояд самти афзалиятнок ҳисобида шавад. Ҳар қадаре дараҷаи истеҳсолоти технологӣ ва тамоми фаъолияти инсон баланд бошад, ҳамон қадар дараҷаи рушди инсон, таъсири мутақобилаи он бо муҳит бояд баланд бошад. Вобаста ба ҳамаи ин фарҳанги нави башардӯстона ташаккул ёфта, дар он инсон бояд ҳамчун мақсади рушди ҷомеа таҳқиқ гардад. Аз ин рӯ, дар шароити нав ба шахсият талаботҳои нав, чун тахассуснокии олӣ, сатҳи баланди истифодабарии техникӣ, дар сатҳи ниҳоӣ ҷавобгӯ будан ба тахассуси хеш дар ҳамбастагӣ бо масъулияти иҷтимоӣ ва арзишҳои ахлоқии умумиинсонӣ пеш гузошта мешавад.

Дар зерматни мазкур мехоҳем илова намоем, ки зери таъсири раванди ҷаҳонишавӣ як қатор халқияту миллатҳо ҳувияти миллии худро аз даст дода, ба маводи этнографӣ мубаддал гардиданд. Иддаи дигари халқияту миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон зери роҳбарии хирадмандона ва ҳидоятҳою ташаббусҳои сарвари ватандӯсту миллатпарвари хеш баҳри ҳифзи ҳувияти миллию арзишҳои миллӣ талош варзида истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ дар яке аз суханрониҳои хеш махсус қайд сохта буданд: «Раванди ҷаҳонишавӣ, чуноне ки ҳамаи мо шоҳид ҳастем, имрӯз ба тамоми паҳлӯҳои ҳаёти башар дар баробари таъсири мусбат нақши манфии худро низ мегузорад.Ба хусус фишори фарогири ҷаҳонишавӣ ба забону фарҳанг, ки рукнҳои асосии пойдории миллат ба шумор мераванд, бештар эҳсос мегардад.Дар чунин шароит агар мо забонамонро азизу гиромӣ надорем ва ҳимоя накунем, имкон дорад, ки он пас аз муддати начандон тӯлонӣ ба як забони доираи истифодааш маҳдуд ва ҳатто забони хонагӣ мубаддал гардад»[1].

Ҳамзамон сарвари давлат таъкид менамоянд, ки «Дар баробари ин, дастовардҳои навини тамаддуни ҷаҳониро аз худ накарда, ба пешрафти мамлакат умед бастан гумон аст».Бо ин мақсад ӯ рӯ овардан ба илмро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа ба қадам медиҳад . «Зеро илм, -идома медиҳад андешаи худро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон,- ба мисли чароғи фурӯзонест, ки пеши назари инсоният уфуқҳои нави тараққиётро барои чандин асрҳо мекушояд, ба ниҳонхонаи пурасрори кайҳони беканор рӯшноӣ меандозад, имони фарзанди инсонро ба қудрати халлоқияти хеш комил месозад ва ӯро, ки вориси таҷрибаи илми чандҳазорсолаи аҳли башар аст, ба истифодаи оқилона ва хайрхоҳонаи комёбиҳои илму техника дар сайёраи Замин ҳидоят мекунад»[2].

Аз маврид истифода бурда таъкид сохтанием, ки мутаассифона ба ҳифзу устувории арзишҳои миллии мардуми тоҷик имрӯз инчунин ҷараёни навбунёди салафия низ хатар эҷод сохта истодааст.Зеро ҷараёни мазкур, ки бешак идомабахши фаъолияти ваҳҳобия ба ҳисоб меравад, бо дастгирӣ ва кӯмаки молиявии давлатҳои хориҷа ташаккул ёфта интишор ёфта истодааст ва фаъолияти он на барои тавсиа бахшидани арзишҳои исломӣ, балки баҳри танг намудани доираи истифодаи арзишҳои миллию ба ҷои он бо истифода аз дин густариш додани арзишҳои миллии бегона равона гардидааст. Бинобар ин, имрӯз талош намудан баҳри рушди забони миллӣ, дар сатҳи ҷавобгӯ ба талаботи замона баҳрамандӣ аз улуми муосир, ҳифзи маросиму анъанаҳоии неки ниёгон аз ҷумлаи иқдомоте маҳсуб мегарданд, ки дар лобалои мушкилоти пешомада баҳри рушди фарҳанги миллӣ мусоидат менамоянд.

Ҳамзамон бояд ёдовар шуд, ки ҷаҳонишавии равандҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир дар қатори ҷанбаҳои мусбӣ, боз як идда мушкилоти ҷиддие низ эҷод сохтааст, ки онҳо «проблемаҳои умумибашарии замони муосир» ном гирифтаанд.

Асосгузори маркази байналхалқии тадқиқотии «Клуби Рим», ки дурнамои инсониятро дар пешорӯи проблемаҳои умумибашарии замони муосир меомӯзад, моҳияти ин проблемаро ба таври зер баён намудааст: «Мушкилии асосии зоти инсонӣ дар марҳилаи зерини таҳаввули он аз он иборат аст, ки вай дар муносибати фарҳангӣ натавонист, ки бо он тағйиротҳоое, ки худ ба ин олам ворид намуд, қадам ба қадам пеш равад ва ба он пурра мутобиқ шавад».

Агар мо хоҳем, ки инқилоби техникиро зери идора қарор диҳему инсониятро ба ояндаи арзандаи ӯ равона созем, бояд пеш аз ҳама дар бораи тағйир додани худи инсон, инқилоб дар худи ӯ фикр намоем.[3] Бо ташаббуси ӯ ва фармоиши «Клуби Рим» тадқиқотҳои васеъ гузаронида шуданд ва моделҳои умумибашарии рушди тамоюлҳои буҳронӣ дар таъсири мутақобилаи ҷомеа ва муҳити зист бунёд ёфтанд. «Мир-2»-и Д.Форрестер (1971), «Мир-3»-и Д.Медоуз (1978), «Стратегияи зиндамонӣ»-и М.Месарович ва Э.Пестел (1974) маҳсули чунин тадқиқотҳо мебошанд. Дар соли 1976 зери роҳбарии Я. Тинберген (Голандия) проекти нави «Клуби Рим»- «Тағйири низоми байналхалқӣ» ва ғайра коркард гардиданд.

Баъд аз солҳои 90-уми асри гузашта дар адабиётҳои сотсиологӣ проблемаи потмодернизм бештар мавриди таваҷҷуҳу баррасӣ қарор мегирад.Муҳаққиқону тарафдорони постмодернизм Р.Инглегарт, Ж.Ф.Лиотар, Ж.Бодрийар, Ч.Дженкс, М.Фуко ва ғ. ба ҳисоб мераванд. Сотсиологи амрикоӣ Р.Инглетар ба раванди модернизм раванди постмодернизмро муқобил мегузорад.

Аз нигоҳи ӯ баъзе аломатҳои хоси ин равандро ба таври зер баён кардан мумкин аст: посмодернизм рӯ тофтанро аз таваҷҷуҳи зиёд ба маҳсулнокии иқтисодӣ, сохтори бюрократии ҳокимият ва ақлгароии илмӣ, ки барои равандҳои модернизатсия хос буд, дар назар дорад. Дар марҳилаи постмодернизм гузариш ба ҷамоаи нисбатан башардӯстона, ки дар он ба мустақилият, гуногуншаклию худзоҳирсозии шахсият фазои васеъ пешниҳод мегардад, сурат мегирад. Ҷомеа аз функсионализми стандартӣ, аз шавқмандӣ ба илму рушди иқтисодӣ дур рафта, ба лаҳзаҳои эстетикию инсонӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамояд[4].


  • [1] Эмомалӣ Раҳмон.Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. Ҷилди 9.-Душанбе:Ирфон.2011.саҳ.373.
  • [2] Эмомалӣ Раҳмон.Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ. Ҷилди 3. Душанбе: Ирфон, 2011. саҳ.573.
  • [3] Печчеи А. Человеческие качества. М.; 1985.саҳ.42.
  • [4] Инглегарт Р. Модернизатсия и постмодернизатсия// Новая постиндустриальная волна на Западе.Антология.-М., 1999.

Саволҳо барои андеша ва худсанҷӣ

  1. Тағйироти иҷтимоиро таъриф диҳед.
  2. Кадом навъи тағйиротҳои иҷтимоиро медонед?
  3. Байни тағйироти таҳввулӣ ва инқилобӣ чӣ умумият ва фарқият вуҷуд дорад?
  4. Моҳияти таҳаввули иҷтимоиро аз нигоҳи сотсиологи англис Г.Спенсер шарҳ диҳед.
  5. Ғояи асосии таҳаввули иҷтмоии Г.Спенсерро баён намоед.
  6. Таҳаввули иҷтимоӣ тибқи таълимоти сотсиологи фаронсавӣ Э.Дюркгейм чӣ тавр сурат мегирад?
  7. Сотсиологи олмонӣ Ф.Тённис фарқияти байни ҷамоаи анъанавии деҳотӣ ва ҷомеаи муосири индустриалиро бо кадом хусусиятҳо нишон додааст?
  8. Назарияи индустриалии ҷомеа кай ва аз тарафи кӣ пешниҳод мегардад? Хусусиятҳои асосии онро баён намоед.
  9. Назарияи баъдииндустриалии ҷомеа кай ва аз тарафи кӣ коркард мешавад?
  10. Фарқияти байни ҷомеаҳои тоиндустриалӣ, индустриалӣ ва баъдииндустриалӣ дар назарияи баъдииндустриалии ҷомеа чӣ тавр баён мегардад?
  11. Назарияи дигаргунсозии инқилобии ҷомеа аз тарафи кӣ коркард мешавад ва моҳияти он аз чӣ иборат аст?
  12. Назарияи навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ аз тарафи кӣ пешниҳод мегардад ва бок адом мақсад?
  13. Дар таълимоти Н.Я.Данилевский кадом халқҳо таърихӣ ва кадом халқҳо ғайритаърихӣ ба ҳисоб мераванд?
  14. Дар кадом асос олими олмонӣ О.Шпенглер дар хусуси «ғуруб»-и Аврупо сухан рондааст?

Мавзӯъҳо барои рефератҳо

1. Тағйироти иҷтимоӣ ҳамчун раванди зарурӣ ва ҳатмӣ дар рушди ҷомеа.

2. Инъикоси тағйироти иҷтимоӣ дар мафкураи динии аҳли ҷомеа.

3. Назарияҳои сотсиологӣ доир ба тағйироти иҷтимоӣ.

4. Моҳияти назарияҳои индустриалӣ ва баъдииндустриалии ҷомеа.

5. Навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ: моҳият ва зуҳурот.

6. Ҷаҳонишавӣ: ҷанбаҳои мусбӣ ва манфӣ.

7. Тағйироти иҷтимоӣ дар ҷомеаи муосири тоҷик.

8. Модернизм ва постмодернизм: моҳият ва зуҳурот.


Адабиётҳои асосӣ

1.Идиев Х.И. Сотсиология. –Душанбе, 2006.

2.Идиев Х.У.,Маслова О.М., Самиев Б.Ҷ., Гиёев Қ.Ҳ. Сотсиологияи амалӣ.-Душанбе.,2008.

3.Мирошниченко И.В. Сотсиология (иҷтимоиёт).Конспекти лексияҳо.Таҳия ва тарҷумаи Одинаев Ё. аз забони русӣ. –Душанбе,2008.

4.Решетников А.В. Социология медицины.М.,2007.

5.Фролов С.С.Общая социология:Учебник.-Москва:Проспект,2011.

6.Социология. Основы общей теории: Учебник для вузов/Отв.ред.академик РАН Г.В.Осипов, действительный член РАЕН Л.Н.Москвичев.-Москва:Норма, 2005.


Адабиётҳои иловагӣ

  1. Идиев Х.И. Фалсафаи иҷтимоӣ. Душанбе, 2013
  2. Общая социология: Учебное пособие / Под общ.ред.проф. А.Г.Эфендиева.-М.: Инфра, 2000.
  3. Волков Ю.Г., Мостовая И.В. Социология: Учебник для вузов /Под ред.проф.В.И.Добренкова.-М.:Гардерика,2000.
  4. Тощенко Ж.Т. Социология :Обий курс. -2-е изд.доп. и перераб.-М.: Юнайт-Издат,20003.
  5. Гидденс Э. Социология.-М.,1999.
ҚаблӣНазарияҳои навъҳои таърихӣ-фарҳангӣ
БаъдӣТашаккули тарзи ҳаёти солим