Нигоҳубини нохунҳои даст (маникюр) ва пой (педикюр). Гигиенаи духтарон

Нигохубини нохунхои даст (маникюр) ва пой (педикюр). Гигиенаи духтарон


Маникюр нигоҳубини махсуси нохунҳои даст аст. Маникюрро баъди ҳар 7 – 10 рӯз ин тавр кардан мумкин аст: бо атсетон ё ҳалкунандаи махсус лаки пештараро тоза намуда, нохунҳоро бо қайчӣ ё нохунгирак то ҳадди дилхоҳ кӯтоҳ мекунанд. Нохуни ангуштони ғафси кӯтоҳро дарози байзашакл ва нохуни ангуштони борикро гирда кардан лозим аст. Нохунҳоро ҳамеша бояд ба як тараф суфта кард. Он гоҳ нохун шикаста намерезад. Баъди суфта кардан ба пӯсти гирди нохун крем молида, баъд онро ба белчаи кунд боло мекунанд. Бо мақсади нарм шудани пӯсти гирди нохун ангуштонро чанд дақиқа дар собунобаи гарми собуни дастшӯйӣ ё собуни кӯдакон (детское мыло) медоранд, чунки собуни ҷомашӯйӣ пӯстро хушку шахшӯл мекунад. Дастҳоро бо сачоқи нарм тоза карда, ҳангоми зарурат кремҳои нармкунанда ё махсус (крем барои даст) мемоланд. Агар ҳангоми шустан ва пеш аз пӯст кандани сабзавот ё иҷрои ягон кори дигар ба даст крем ё вазелин молед, чиркинӣ боқӣ намемонад. Баъди тоз кардани сабзавот доғи ангуштонро бо сирко ё пораи лимӯ ё лосёни «Кристал» меравонанд.

Нигоҳубини нохунҳои даст
Нигоҳубини нохунҳои даст

Педикюр – нигоҳубини махсуси нохунҳои пойро гӯянд. Баъди ҳар 1,5 моҳ ба таври зерин педикюр мекунанд: аввал пойҳоро дар собунобаи гарм нигоҳ дошта, пӯсти шахшударо нарм мекунанд (ба об 1 қошуқ спирти навшодир ё содаи хӯрокӣ илова бояд кард), баъди 20 – 30 дақиқа пойҳоро бо сачоқи нарм пок ва пӯстҳои шахшудаи кафу панҷаро бо алмос ё санги ҷилбур пемза тоза мекунанд.

Сипас обилаҳоро бурида, нохунҳоро нимдоира мегиранд. Канорҳои нохунро гирифтан лозим нест, зеро ин боиси ба пӯст фурӯравии нохунҳо мегардад. Нохунҳоро бо сӯҳони махсус суфта кардан лозим (агар нохунро ба ҳар тараф суфта кунанд, шикаста мерезад). Сипас пойҳоро банавбат боз ба оби гарм меандозанд. Ҷойҳои шахшӯли пӯстро боз бо санги ҷилбур суфта ва пойҳоро пок мекунанду кремҳои «Атланий», «Люкс», «Деффект» (витамини А дорад) мемоланд. Нохунҳоро лок кардан ҳам мумкин. Ҳангоми педикюр қоидаҳои гигиениро риоя бояд кард. Асбобҳоро бо спирт ё атр тоза менамоянд. Агар ягон ҷойи пӯст бурида шавад, пахтаи дар маҳлули 3-фоизаи пероксиди гидроген таркардаро мегузоранд ва баъд йод мемоланд. Ғайр аз шустушӯи ҳаррӯза ҳафтае як маротиба пойҳоро 10 – 15 дақиқа дар оби гарм (беҳтараш ба 2 литр об 1 қошуқ намаки ош илова карда) нигоҳ доштан нафъ дорад. Баъд ҷойҳои шахшӯли пӯстро бо санги ҷилбур тоза карда, пойҳоро хуб мешӯянд. Сипас хушк карда, крем ё вазелин мемоланд. Баробари ин ба нигоҳубини пӯсти пой ҳам аҳамият додан лозим аст. Пойҳоро ҳар рӯз бо оби гарму собун шустан лозим аст. Ванна барои пой пӯстро тоза карда, хастагиро бароварда, гардиши хунро мураттаб мекунад. Пойи пӯсташ кафидаро дар оби бо нақеи гули ҳамешабаҳор (настойка календулы, 1 қошуқ ба 1 л) омехтакарда гузоштан муфид аст. Байни ангуштони пойи шустаро нағз хушк кардан лозим аст. Ҳафтае 2 ё 3 маротиба ба пой молидани сиркои хӯрокӣ ё лосёни гигиенӣ пӯстро аз бемории занбӯруғӣ пешгирӣ мекунад. Ҷӯробҳоро ҳар ҳафта 1 ё 2 бор иваз бояд кард.

Нигоҳубини нохунҳои пой
Нигоҳубини нохунҳои пой

Зебоиро бо дасти худ ба вуҷуд оред. Чанд дастур.

1. Ним истакон творогро ғафсакак ба рӯй молида, баъд аз 15 дақиқа онро шӯед, ожангро нест мекунад.

2. Ба 1 пиёла оби ҷӯш чойи сиёҳ андохта, омехта карда, барои таҳшин шудан 1 соат гузоред. Ба он 3 қошуқи калон творог андозед ва омехта карда ба рӯй молед. Баъд аз 10 дақиқа онро шӯед. Агар хоҳед, ба ин омехта 1 қатра оби лимӯ андозед.

3. Як каф гули бобунаро гирифта, ба 75 мл шири гармиаш муътадил андозед ва болояшро пӯшида 20 дақиқа гузоред, баъд ширро даромехта, гарм кунед ва ба он 1 қошуқ сабӯсу ½ қошуқча асалро омехта карда, дар ҳолати гармиаш ба рӯй молед. Баъди 15 дақиқа шӯед. Барои нигоҳубини пӯсти рӯй истифодаи маҳсулоти ширӣ аҳамияти калон дорад, чунки шир ва маҳсулоти ширӣ – йогурт, ҷурғот, қаймоқ ва творог дар таркибашон моддаҳои косметикӣ доранд.

Барои он ки пӯсти рӯй мулоим ва ҷилодор шавад, маҳсулоти ширӣ ва меваҷотро истифода баред.


Савол

  1. Маникюр ва педикюр гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Нигоҳубини нохунҳои даст ва пой чӣ аҳамият доранд?
  3. Барои нигоҳубини нохунҳои дасту пой кадом крем ва маҳулулҳоро истифода мебаранд?
ҚаблӣНигоҳубини рӯй. Гигиенаи духтарон
БаъдӣАдабиёт (аз китоби Таълими меҳнат барои духтарон, синфи 6)