Духтани пойафзоли хонаги.
Барои қисми болои пойафзол (расми 68 а) матоъҳои яклухти ғафс ё тунуки дуқабатаро истифода мебаранд. Таги пойафзолро (расми 68 б) аз матои ғафс ё борики чандқабата тайёр мекунанд. Матои таги пойафзолро дар мошини дарздӯзӣ ё бо ресмони тофтаи ғафс медӯзанд (расми 68 в).
Ҷойи бандро аз матоъҳои куҳна ё милки матоъ ва ҷӯроби куҳна бофтан мумкин аст.
Тайёр кардани қолаби пойафзол:
- Пойро бе пойафзол ба рӯйи коғаз гузошта, гирди онро қалам кашед (расми 68 г).
- Хатро ба хати гирди пой мувофиқ карда, 0, 5 см изофа менед. Барои чок аз ҳамин хат мебуред ва таги пойафзол ҳосил мешавад (расми 68 ғ).
- Аз коғаз шакли мураббаъ буред ва тарафҳояшро ба дарозии таги пойафзол баробар қат кунед. Як қисми қатшударо буред (расми 68 д). Росткунҷа ба вуҷуд меояд ва он ба ду тақсим мешавад (расми 68 е). Аз тарафи чапаш то хати қаткунии нуқтаи Н қат карда, нӯги кунҷашро ба нуқтаи А оред (расми 68 ё). Коғазро кушода, аз кунҷи Н хати уреб кашед ва нишона гузоред. Нуқтаи Х ҳосил мешавад (расми 68 ж).


а – қисми болоӣ, б – таги пойафзол, в – таги пойафзол бо бофти ресмонӣ, г – андозагирии гирди пой, ғ, д, е, ё, ж – муайян кардани андоза
Савол
- Барои дӯхтани пойафзоли хонагӣ кадом матоъро истифода мебаранд?
- Тарзи гирифтани ченак аз пойро гуфта диҳед.






















