Низомулмулк (1017-1092)

Абуалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тусӣ, ки бо номи Низомулмулк машҳур аст, соли 1017 дар деҳаи Радакони вилояти Тус ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоияшро дар Тус гузаронида хату савод пайдо мекунад ва дар ҳамон ҷо дар назди донишмандони бузург илмҳои гуногуни замонаашро ба хубӣ аз худ менамояд. Абуалӣ махсусан дар донистани илмҳои калом, таърих, ҷуғрофия мумтоз мешавад. Дониш ва ақлу заковати баландаш имконият доданд, ки ӯро ба корҳои роҳбарии давлатӣ ҷалб намоянд. Низомулмулк, пеш аз он, ки ба мансаби вазирӣ расад, дар девон ба корҳои оддӣ машғул буд ва ба мактабу маориф роҳбарӣ мекард.

сиёсатномаи Низомулмулк

Низомулмулк дар замони худ яке аз симоҳои барҷаста буда, дар инкишофи илму фарҳанг хизмати бузург кардааст. Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ дар шаҳрҳои гуногуни мамлакат мадрасаҳо сохта, донишмандони бузург ба мадрасаҳо ҷалб карда шуданд. Ӯ бо шоир, риёзидон ва астрономи барҷастаи форсу тоҷик Умари Хайём алоқаи дӯстӣ дошта, ба олим ёрии моддию маънавӣ мерасонд. Дар натиҷаи ҳамкории онҳо соли 1079 тақвими нав тартиб дода шуд. Ин тақвим дар Аврупо аз тарафи Папа Григорий соли 1582 қабул гардид.

Дар дарбор Низомулмулк мақому мартабаи зиёд дошт. Ҳасудон аз пешрафту муваффақиятҳои кори ӯ ҳасад бурда, аз паи нест кардани Низомулмулк шуданд. Ниҳоят, соли 1092 Низомулмулк аз тарафи ин гурӯҳ кушта мешавад.

Дар таърихи маданияти халқҳои форсу тоҷик Низомулмулкро на ҳамчун вазир, балки ҳамчун муаллифи «Сиёсатнома» мешиносанд. Ӯ ин асарро дар охирҳои умраш навишта ба анҷом расонд. Асар аз 51 боб иборат буда, доир ба масъалаҳои гуногуни давлатдорӣ, қоидаю усули роҳбарӣ маслихатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам бисёр фикрҳои Низомулмулк қимату арзиши худро гум накардаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Низомулмулк дар ҳар як боб пас аз баёни масъалаи асосӣ барои тасдиқи ин масъала аз ҳаёти шоҳони гузашта, сарлашкарон, вазирону олимон ва шоирону нависандагон нақлу ривоят, ҳикояҳо меорад, ки онҳо характери пандомузӣ доранд. Ақидаҳои ӯ барои ягонагии давлат аҳамияти калон доранд.

Низомулмулк ба воситаи ҳикоятҳои пандомез тарзу усули корбарии роҳбарони давлатро нишон дода аз онҳо талаб мекунад, ки бояд роҳи адолат, некандешӣ, накукориро нисбат ба халқ пеш гиранд.


Маълумот дар бораи Низомулмулк, хаёт ва фаъолияти Низомулмулк, зиндагиномаи Низомулмулк, Сиёсатномаи Низомулмулк, эчодиёт, Абуали Хасан ибни Али ибни Исхоки Туси, Хасани Туси.

ҚаблӣКаҷрав мабош
БаъдӣБозаргон ва султон Маҳмуд (ҳикоя аз Сиёсатнома)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед