Мавзӯи 16. Технологияи тарбия (педагогика)

Тарбия чист? – Хок зар кардан,
Қатраи обро гуҳар кардан.
Бедил


Нақша

  1. Санъат ва технологияи тарбия
  2. Муносибати комплексӣ
  3. Корҳои тарбиявӣ

1.Санъат ва технологияи тарбия

Дар таҷриба назария бо ёрии технология ба вуҷуд меояд. Калимаи «технология» аз лотинӣ гирифта шуда, маънои «техне» – санъат, устогӣ ва «логос» – илм, яъне илми санъатро ифода мекунад.

Дар раванди истеҳсолӣ технология – ин системаи пешниҳодкардаи илми алгоритмҳо буда, тарз ва воситаҳое, ки истифодабарии онҳо ба тахминӣ пешбинӣ кардаи натиҷаи фаъолият, ваколатдиҳандаи маҳсулоти миқдоран хушсифатро дар назар дорад. Ҳамаи истеҳсолоти муосир ба технология асосонида шудааст.

Муфассал >>

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

2.Муносибати комплексӣ

Ғояи яклухтии раванди тарбия дар технологияи амалӣ тибқи муносибати комплексӣ иҷро карда мешавад. Комплекс ягонагии мақсад, вазифаҳо, мазмун, метод ва шаклҳои таъсирбахши тарбия ва ҳамкориро ифода мекунад.

Чунин муносибаткунӣ басо зарурияти муҳим дорад, аз он сабаб вай ба миён омад, ки ҳам дар назарияи тарбия ва ҳам дар амалияи корҳои тарбиявии мактаб раванди тарбия дар даҳсолаҳои охир ҳамчун қисми ҷамъулҷамъи раванди сохти он дида мешуд. Гумон мекарданд, ки ин ҷараёнҳоро ташкил кардан ва ҳамчун дар мустақилияташон такомулот додан мумкин аст.

Ба ғайр аз ин, на ба ташаккули умумии шахсият такя мекарданд, балки ба баъзеи сифатҳои он пайравӣ менамуданд. Алалхусус, принсипи ҳамаҷониба ва мутаносиби рушди шахсият вайрон карда мешуд.

Муфассал >>


3.Корҳои тарбиявӣ

Дар адабиётҳои психологию педагогӣ мафҳуми «чорабиниҳои педагогӣ» барои ифодаи истифода бурдани намуд ва шаклҳои гуногуни корҳои тарбиявӣ кор фармуда мешавад. Чорабиниҳои тарбиявӣ – ин маҷмӯи гуногуни таъсирбахшии тарбиявӣ нисбати шароитҳои муайян ба миён омада, баҳри тарбияи комплексии талабагон хизмат мекунад. Аз чорабиниҳои тарбиявӣ раванди тарбиявӣ пайдо мешавад.

Мафҳуми «корҳои тарбивӣ» системанокӣ, комплексӣ, пайдарҳамӣ, бефосилагии кори тарбиявиро ифода менамояд. Корҳои тарбиявӣ (КТ) – ин намуди (шакли) ташкилкунӣ ва иҷро намудани фаъолияти аниқи муайян бо тарбиягирандагон.

Муфассал >>


Санҷиши контролӣ

  1. Технология аз санъати тарбия бо чӣ фарқ дорад?
  2. Оянда ба санъат ё технологияи тарбия тааллуқ дорад?
  3. Моҳияти комплексона рафторкунӣ дар чист?
  4. Корҳои тарбиявиро чӣ хел фаҳмидан мумкин аст?
  5. Вазифаи устод дар маарҳилаи банақшагирӣ ва ташкилкунии корҳои тарбиявӣ аз чӣ иборат аст?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Подласый И.П. Лихачев Б. П. Педагогика. книга 2.- М., 2000 Рахимов Х., Нуров А., Педагогика, Душанбе 2000.
  •  Юнусов И. Педагогика: Душанбе, 2005.
  •  Лутфуллоев М. Истиқлолияти Тоҷикистон ва маорифи навин, Душанбе 2006.
ҚаблӣМавзӯи 15. Тарбияи экологии хонандагон
БаъдӣСанъати тарбия. Технологияи тарбия