Қатори термитҳо. Катори термитхо

Қатори термитҳо. Катори термитхо.


Термитҳо ё мӯрчаҳои сафед гурӯҳгурӯҳ (то 3 млн фард дар гурӯҳ) зиндагӣ карда, ватани онҳо мамлакатҳои гарм мебошанд. Термитҳоро дар вилоятҳои Суғд ва Хатлони Тоҷикистон ҳанӯз соли 1904 ба қайд гирифта буданд. Онҳо иншоотҳои чӯбин, маводи пластмассагӣ, резин ва ҳатто металлро хойида, вайрон мекунанд.

Дар оилаи онҳо ба монанди оилаи мӯрчаҳо ва занбӯри асал ҳодисаи бисёршаклии фардҳои оила (полиморфизм) мушоҳида мешавад, аз ҷумла термити модина (малика), термити коргар ва термити сарбоз доранд (расми 101). Дар термити сарбоз сар ва ҷоғи нағз тараққикарда мавҷуд аст. Вай вазифаи ҳифзи оила аз мӯрчаҳоро иҷро мекунад. Термитҳои коргар вазифаи сохтани хона (расми 101), бо хӯрок таъмин кардани нарина ва малика, ғамхории наслҳои ҷавон ва ғайраро иҷро мекунанд.

Дар Тоҷикистон 2 намуди термит дида мешавад. Хӯроки термитҳо чӯб мебошад. Аз ин ҷиҳат ба чӯбҳои хонаҳои истиқоматӣ зарари калон мерасонад. Масалан, солҳои 1990 – 1993 аз 500 хонаи дар вилояти Суғд тадқиқшуда 200-тояш аз термитҳо осеб дида буданд.


Муфассал >> Қаторҳои маъмулии синфи ҳашарот

ҚаблӣҚатори гаҳвораҷунбонҳо. Катори гахворачунбонхо
БаъдӣҚатори шабушкҳо. Катори шабушкхо