Типи Лӯндакирмҳо – Лундакирмхо (Зоология)

Типи Лӯндакирмҳо – Лундакирмхо маълумот аз фанни Зоология бо забони точики / тоҷикӣ.


Тавсифи умумии тип. Лӯндакирмҳо дар баҳрҳо, обҳои ширин, хок, рустанӣ, дохили организми ҳайвон зиндагӣ мекунанд. Зиёда аз 20 ҳазор намуди онҳо дар дунё маълум буда, аз ин садҳо намудаш дар Тоҷикистон вомехӯрад. Бадани онҳо дарози дӯкмонанди ду тарафаш борик буда, баръакси паҳнкирмҳо ба буғумҳо ҷудо нашудааст. Агар онро ба кӯндалангӣ бурем, шаклаш гирд аст, номи тип ба сохти баданашон мувофиқ аст. Лӯндакирмҳо ҳам ба гурӯҳи ҳайвонҳои сеқабатаи таносуби баданашон дутарафа дохил мешаванд.

Баръакси паҳнкирмҳо, дар лӯндакирмҳо якумин бор ковокии тана пайдо шудааст. Ҷойи холигии байни девори тана ва узвҳои дохилиро дар ҳайвонот ковокии тана меноманд. Ковокии танаи лӯндакирмҳо дар натиҷаи вайроншавии ҳуҷайраҳои паренхима ҳосил шудааст. Ин ковокӣ девори мустақили худро надорад, барои ҳамин, ковокӣ ё холигии якумин ном дорад. Ҳосилшавии ковокии бадан аломати пешравӣ дар лӯндакирмҳо нисбат ба паҳнкирмҳо мебошад. Чунки дар моеи ковокии бадан бурдани моддаҳои ғизоӣ ва моддаҳои нолозими дар натиҷаи ҳазмшавии ғизо ҳосилшуда, нисбат ба бурдани он тавассути ҳуҷайраҳои паренхима тезтар ба амал меояд.

Пӯсти лӯндакирмҳо бо пардаи зич – кутикула пӯшида шудааст. Дар лӯндакирмҳо, асосан, мушакҳои барқад инкишоф ёфтаанду халос. Барои ҳамин онҳо танаашонро печу тоби зиёд дода наметавонанд.

Дар системаи ҳозимаи лӯндакирмҳо, баръакси паҳнкирмҳо, рӯдаи қафо ва сӯрохии мақъад ташаккул ёфтааст. Лӯндакирмҳо ҳайвоноти ҷудоҷинса буда, афзоиши ғайриҷинсӣ барои онҳо хос нест. Лӯндакирмҳо аз паҳнкирмҳои қадим пайдо шудаанд. Ин тип якчанд синф дорад, аммо синфи аз ҳама калонтараш нематодҳо мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Синфи нематодхо

Синфи нематодҳо. Бисёр намояндаҳои ин синф муфтхӯри хавфноки инсон, ҳайвон ва рустанӣ мебошанд. Шакли бадани онҳо дӯкмонанд буда, андозаи он аз 1-2 мм то якчанд метр аст. Як намояндаи онҳо аскаридаи одам мебошад. Онҳо дар рӯдаи борики инсон муфтхӯрӣ мекунанд. Дарозии модина 40 см ва нарина 15 см буда, қафои баданаш чангакшакл аст (расми 66).

Нематодҳои муфтхӯри рустанӣ ва инсон
Расми 66. Нематодҳои муфтхӯри рустанӣ ва инсон

Халтаи пӯстию мушакӣ аз қабати пӯсти аз берунаш кутикуладошта ва мушакҳои барқад иборат аст. Дар зери халтаи пӯстию мушакӣ ковокии бадан ҷойгир буда, он девори мустақил надорад ва бо моддаи моеъ пур аст, барои ҳамин бадани аскарида доимо таранг аст.

Системаи ҳозима аз рӯдаи пеш, мобайн ва қафо иборат мебошад. Дар пеши бадан даҳон, дар қафои бадан сӯрохии мақъад мавҷуд аст (расми 67).

Системаи ихроҷ дар девори тана ҷой гирифта, аз ду найчаи паҳлугӣ иборат аст. Маҳсулоти нолозими дар бадан ҳосилшуда аз ковокии бадан ба найчаҳои ихроҷ дохил шуда, аз онҳо ба берун партофта мешаванд.

Системаи асаби аскарида ба панҷара монанд буда, суст тараққӣ кардааст. Узви ҳис надорад.

Системаи ҷинсӣ. Аскаридаҳо ҳайвони ҷудоҷинсаанд. Дар модина ду тухмдон мавҷуд буда, дар онҳо тухмҳуҷайра инкишоф меёбад. Дар нарина бошад, як моядон мавҷуд буда, дар он нутфа инкишоф меёбад.

Сохти дохилии лӯндакирмҳо
Расми 67. Сохти дохилии лӯндакирмҳо

Афзоиш. Аскарида фақат бо роҳи ҷинсӣ ва бе ивазкунии «хӯҷаин» афзоиш мекунад. Ба ин синф ғайр аз аскаридаи одам, инчунин аскаридаи асп, аскаридаи хук, трихинелла, гиҷҷа, ришта ва ғайраҳо дохил мешаванд. Синфҳои дигари ин тип коловратка ва мӯймонандҳо мебошанд. Коловратка ҳайвони хурди микроскопӣ буда, дар қабатҳои ғафси обҳои ширин вомехӯрад (расми 68а).

Мӯймонандҳо шаклан ба мӯйи асп монанд буда, дарозиашон 20-30 см ва паҳниаш 1 мм аст. Онҳо бештар дар оби дарёҳо вомехӯранд (расми 68 б). Лӯндакирмҳо ё нематодҳо бадани дарози риштамонанд дошта, танаашон ба буғумҳо ҷудо нашудааст. Бадани лӯндакирмҳо ҳам ба монанди бадани паҳнкирмҳо таносуби дутарафа дорад. Ҷанинашон аз се қабат иборат аст, яъне онҳо ҳайвони сеқабатаанд. Сохти бадани лӯндакирмҳо нисбат ба бадани паҳнкирмҳо мураккабтар шудааст.

Намуди зоҳирии коловратка (а) ва мӯймонанд (б)
Расми 68. Намуди зоҳирии коловратка (а) ва мӯймонанд (б)

Дар зери рӯйпӯши бадани лӯндакирмҳо мушакҳо хобида, онҳо фақат аз нахҳои барқад иборатанд. Аз ҳамин сабаб онҳо баданашонро печутоби зиёд дода натавониста, фақат имкони хам шудан доранд. Лӯндакирмҳо дар обҳои баҳру уқёнус, рӯдҳо, кӯлҳо ва хокҳои нам зиндагӣ мекунанд. Аксарияти лӯндакирмҳо муфтхӯри хавфноки рустанӣ, ҳайвонот ва одам мебошанд. Ба воситаи рӯйпӯши бадан нафас мекашанд. Дар дунё қариб 20 ҳазор намуди лӯндакирмҳо маълум буда, зиёда аз 360 намуди онҳо дар Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.


Саволҳо

  1. Лӯндакирмҳо аз паҳнкирмҳо чӣ тафовут доранд?
  2. Дар бораи сохти зоҳирии лӯндакирмҳо маълумот диҳед.
  3. Кадом системаҳои узвҳои дохилӣ дар лӯндакирмҳо мавҷуданд?
ҚаблӣСинфи кирмхои тасмашакл
БаъдӣТавсифи умумии типи Лундакирмхо