Одам ва мавқеи он дар системаи олами органикӣ

Одам ва мавкеи он дар системаи олами органики


Одам ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи олами зинда ба ҳисоб рафта, бадани ӯ аз моддаҳое ташаккул ёфтааст, ки дар сайёраи Замин мавҷуданд. Одам бо дигар организмҳои зиндаи кураи Замин алоқаи зич дорад. Ин имконият медиҳад, ки монандии зоҳирӣ (берунӣ) ва ботинӣ (дохилӣ)-ии гузаштагони дуру наздик дар насли феълӣ боқӣ монад. Ба типи хордадорон, зертипи муҳрадорон, синфи ширхӯрон, дастаи приматҳо, оилаи одамон, авлоди одам (Homo), намуди одами боақл (Homo sapiens) мансуб аст. Барои он одамро ба типи хордадорон дохил мекунанд, ки мисли хордадорон дар давраи аввали инкишоф дар он нахуст хорда – асоси скелет ва дар болои он найи асабу дар поёнаш рӯдаи аввалин пайдо мешаванд. Асоси бадани одамро скелети дохилӣ ташкил мекунад, ки аз рӯйи сохт ба дигар муҳрадорон монандӣ дорад. Мисли ҳайвонҳои сутунмуҳрадор системаи марказии асабаш найшакл буда, он аз мағзи сар ва ҳароммағз иборат аст. Одам системаи гардиши хуни сарбаста дорад, ки узви марказии он дил мебошад. Аъзои нафаскашӣ бо муҳит тавассути ҳалқ, холигии бинӣ ва даҳон алоқаманд аст. Инчунин, одам зиндазой буда, насли худро бо шири пистон парвариш мекунад. Ҳарорати бадани одам доимӣ буда, +36,5-37°С-ро ташкил медиҳад. Нишонаҳоеро ҷудо кардан мумкин аст, ки барои синфи ширхӯрон хоссанд (расми 1). Нишонаҳои дигар мавҷудияти 7 муҳраи гардан, ду бор ивазшавии дандонҳо, дили чорхонагӣ, гӯшҳои берунӣ ва дохилӣ, пӯсти бо мӯйҳо пӯшонидашуда, ғадудҳои шир бо синаҳо, панҷ ангушти даст бо нохунҳои паҳн (ҳамвор). Маҷмӯи ин аломатҳоро хусусан дар намояндагони зергурӯҳи маймунҳои одамшакл (антропоидҳо) дидан мумкин аст.

Расми 1
Расми 1

Муҳимтарин нишонаҳои хеши наздик будани одам бо ҳайвонот рудиментҳо мебошанд.

Баъзе нишонаҳои одам ба нишонаҳои ҳайвонот монанд аст. Ҳодисаҳои аломати пешгузаштагонро такрор кардани баъзе фардҳоро атавизм меноманд. Дар баробари ин, бояд донем, ки дар байни одам ва ҳайвон фарқҳо вуҷуд доранд: Масалан, майнаи сари одам мураккаб сохта шудааст, ки он қобилияти ӯро назар ба ҳайвон гуногунҷабҳа ва хеле баланд мекунад. Бо одам ростгардӣ, шуури баланд, нутқи бурро хос аст.


Дониши худро санҷед:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Одам кадом нишонаҳои хордадоронро дорад?
  2. Аз чӣ сабаб К. Линней одамро ба қатори приматҳо дохил кард?
  3. Кадом монандии умумии пайдоиши одам ва ҳайвонот мавҷуд аст?
  4. Кадом узвҳои рудиментиро медонед?
  5. Атавизм чист?
ҚаблӣТаърихи фанҳои анатомия, физиология ва гигиенаи одам
БаъдӣТаҳаввулоти одам, нажоди одам