Тақсими мафҳум ва навъҳои он

Таксими мафхум ва навъхои он.


Тақсим, амали мантиқӣ доир ба қимати истилоҳ, аз ҷумла, дар бораи ҳаҷми мафҳумҳост. Ҳангоми таҳқиқи ин ё он мафҳум барои мо лозим меояд, ки ҳаҷми он ошкор шавад. Аниқтараш, масъала ин тавр гузошта мешавад: чизҳое дар мафҳум инъикос шуда ба гурӯҳҳои алоҳида тақсим шаванд. Масалан, барои таҳқиқи моҳияти «давлати истисморӣ» лозим меояд, ки навъҳои таърихии он (ғуломдорӣ», феодалӣ ва буржуазӣ) ҷудо шавад.

Амали мантиқие, ки тавассути он ҳаҷми мафҳум ошкор мешавад, тақсим ном дорад.

Тақсим ду хел мешавад: таксономӣ (юн. taxis- бо тартиб ҷойгиршавӣ ва «nomos» – қонун) ва мереологӣ (юн. «meros» – қисм, ҷузъ ва «logos»-таълимот).

Тақсими таксономӣ гуфта навъи тақсимро меноманд, ки дар он ҳаҷми мафҳум аз рӯи нишонаи муайян ба гурӯҳ ҷудо мешавад. Нишонае, ки аз рӯи он тақсим сурат мегирад, асоси тақсим ном дорад. Масалан шартномаҳо аз рӯи «ба итмомрасии ҳуқуқиашон» ба шартномаҳои пешакӣ ва пурра (қатъӣ) тақсим мешаванд.

Мафҳуме, ки ҳаҷмаш ба гурӯҳҳо тақсим мешавад, мафҳуми тақсимшаванда ном дошта, мафҳумҳое, ки дар натиҷаи тақсим ба амал меоянд, узвҳои тақсим ном доранд.

Тақсими мереологӣ ду хел мешавад:

1) аз рӯи тағйири нишонаи фаслсоз;

2) дихотомӣ.

Тақсими мафҳум аз рӯи тағйири нишонаи навъӣ. Агар гурӯҳбандӣ (яъне ҷудо кардани узвҳои тақсим) дар асоси тағйири нишонаи муайян сурат гирад, ин гуна тақсимро «тақсим аз рӯи тағйири нишонаи фаслсоз» меноманд. Масалан давлати истисмориро дар асоси тағйири тарзи истеҳсолот ба давлатҳои ғуломдорӣ, феодалӣ ва буржуазӣ тақсим кардан мумкин аст. Одамонро аз рӯи синну сол, дараҷаи маълумот ва ғайра, ба гурӯҳҳо тақсим менамоянд.

Мафҳуми тақсимшаванда нисбат ба узвҳои тақсим ҷинс буда, узвҳои тақсим фасл мебошанд. Узвҳои тақсим, дар баъзе мавридҳо мафҳумҳои фард низ шуда метавонанд. Аксаран тақсим аз рӯи тағйири нишонаи фаслсоз тавре сурат мегирад, ки ба нишонаҳои фаслсози мафҳуми ибтидоӣ нишонаҳои нав илова карда мешаванд ва онҳо ба баъзе чизҳои ҷинс хос буда, ба дигарашон хос нестанд. Ба ҳамин минвол нишонаҳои фаслсоз тағйир дода мешаванд.

Масалан, яке аз нишонаҳои давлати истисморӣ мавҷуд будани моликияти хусусӣ нисбат ба воситаҳои истеҳсолот мебошад. Ҳангоми тақ-сим ба нишонаи мазкур мунтазам нишонаҳои махсуси давлатҳои ғулом-дорӣ, феодалӣ ва буржуазӣ илова шудан мегирад.

Ба ҳамин тариқ, агар мафҳуми ибтидоӣ дорои намуди хА(х) бошад пас, нишонаҳои фаслсози (нишонаи навъӣ) узвҳои тақсимро ин тавр ифода кардан мумкин аст:

A(x)∧B1(x), A(x)∧B2(x), A(x)∧B3(x).

 Дар ин ҷо, А(х) – нишонаи фаслсози мафҳум мебошад. Мисоли дигар, тақсими одамон аз рӯи маълумот. Мафҳум «шахсе, ки дорои ягон хел маълумот мебошад»-ро мегирем. Мафҳуми мазкурро тавассути забони мантиқи предикатҳо ифода мекунем: x∃yR(x,y). Ин формуларо чунин хондан мумкин аст: «Шахсе, ки дорои ягон хел маълумот мебошад». Бигузор a1,a2,a3– аломатҳое бошанд, ки тавассути онҳо мо мувофиқан ис-тилоҳҳои «маълумоти миёнаи нопурра», «маълумоти миёна» ва «маълу-моти олӣ»-ро ишора мекунем. Дар натиҷа, фаслҳои мафҳуми тақсимшавандаро чунин тасвир кардан мумкин аст:

xR(x,a1),xR(x,a2),xR(x,a3)

Агар, бо ибораи дигар гӯем, тағйири нишонаҳои фаслсози мафҳум ҳархела мешавад. Фаслҳои дар натиҷаи тақсими мафҳуми ибтидоӣ ҳосилшуда метавонанд боз тақсим шаванд. дар чунин мавридҳо тақсимро тақсими серзина меноманд. Масалан, давлатҳои ғуломдорӣ, феодалӣ ва буржуазиро дар навбати худ, аз рӯи сохти давлатдорӣ ба давлатҳои унитарӣ (таъсиси давлати ягона), федератсия (аз ҷиҳати ҳуқуқ муттаҳид шу-дани давлатҳои нисбатан мустақил – ҷумҳуриҳо, иёлотҳо, заминҳо ва ғайра ё худ шакли давлатдорӣ, ки мувофиқи он ҳар як узви федератсия соҳиби конститутсия, қонунгузорӣ, мақомоти суд ва ғайра буда, дар айни ҳол, ҳама якҷоя мақомоти федералии ҳокимияти давлатиро таъсис менамоянд ва як хел шаҳрвандӣ, як хел пул ва ғайра доранд) ва конфедератсия (иттиҳодияи давлатию ҳуқуқӣ) тақсим кардан мумкин аст.

Тақсими дихотомӣ. Ин навъи тақсим ҳаҷми мафҳумро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунад, ки мафҳумҳои онҳо дар муносибати тоззоданд. Калимаи «дихотомия» аз калимаи юнонии dichotomia гирифта шуда, маънояш «ду ҳисса кардан» аст. Масалан: моддаҳо ба моддаҳои органикӣ ва ғайриорганикӣ тақсим мешаванд. Тақсими дихотомӣ низ серзина шуда мета-вонад.

Таъкид кардан ҷоиз аст, ки амали ба қисмҳои таркиби ҷудо намудани ашё ё амали таҳлилро аз тақсими таксономӣ бояд фарқ кард. Аввалҳо таҳлил гуфта ба қисмҳои таркибӣ ҷудо намудани ашёро меномиданд. Баъдтар фикран ба қисмҳо ҷудо кардани чизро меномидагӣ шуданд.

Дар тақсими таксономӣ муносибати байни мафҳуми тақсимшаванда ва узвҳои тақсим (ҳаҷми онҳо) ҳамчун муносибати «ҷинс – фасл» сурат мегирад.

Муносибати мазкур (таксономӣ) сабаби ин номро гирифтани тақсим гардидааст (Таксономия – мувофиқи қонуният ҷойгиршавии чиз мебошад). Истиллоҳи мазкур аз илми биология гирифта шудааст ва он ҷо таснифи объектҳо аз рӯи схемаи « ҷинс – фасл» маъмул аст. Бинобар, ин мувофиқи ин терминология, ҳаҷми мафҳумҳои навъиро баъзан так-сонҳо низ меноманд.

Дар байни натиҷаҳои таҳлил ва объекти ибтидоӣ муносибати «ҷузъ – кулл (том)» ҷой дорад, ки онро муносибати мереологӣ меноманд. Исти-лоҳи мереология ба туфайли тадқиқоти мантиқшиносӣ голландӣ С. Лес-невский маъмул гардид. Ӯ мереология гуфта фасли мантиқро номидааст, ки дар он муносибати мазкур тавсиф мешавад.

Дар мантиқи имрӯза, тақсим гуфта на танҳо тақсими таксономиро, балки аз рӯи муносибати «кулл – ҷузъ» ба қисмҳо тақсим карданро низ меноманд. Ин гуна тақсим тақсими мереологӣ номида мешавад. Мисоли тақсими мереологӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ректорат, 14 фа- култа ва қисмҳои хизмати хоҷагӣ шуда метавонад.

Тақсими мереологӣ якзина ва серзина шуда метавонад. Саволе ба миён меояд, ки дар масали Эзоп дар бораи кадом тақсим сухан меравад? «…ҳайвонҳо сайди худро тақсим мекарданд. Шер чун шоҳи ҳайвонот барои худ чоряки сайдро талаб намуд. Боз барои дорои ҷасорати беам-сол доштанаш чоряки дигарро талаб намуд ва чоряки дигарро барои модашер ва бачаҳояш талаб намуд. Хайр майлаш суханашро анҷом дод шер, ҳар як ҳайвон то чоряки охирин бояд муноқишаро давом диҳад». Агар шартҳои масъала маълум набошад, пас тақсими мазкур иҷрона-шаванда мебошад. Масалан, агар онҳо миқдори ҷуфти заргушҳоро тақ-сим карда бошанд, он гоҳ тақсими таксономӣ ва агар барзаговро тақсим карда бошанд, он гоҳ тақсимоти мерологӣ ҷой дорад.

Қоидаҳои тақсим ва хатогиҳое, ки ҳангоми риоя нашудани он рӯй медиҳанд.

Одатан дар китобҳои мантиқ фақат қоидаҳои тақсими таксономӣ баён мешаванд. Мо дар ин ҷо кӯшидаем, ки қоидаи мазкурро барои тақсими мереологӣ низ татбиқ намоем.

Қоидаи якум. Тақсим бояд мутаносиб бошад. Ҳангоми тақсими таксономӣ бояд ҳосили ҷамъи ҳаҷми узвҳои тақсим ба ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда баробар бошад. Дар мавриди тақсими мерологӣ бошад, ҷамъ кардани узвҳои тақсим (ҷузъҳо) бояд чизи тақсимшавандаро таш-кил диҳад. Ҳангоми риоя нашудани ин қоида хатогиҳои зерин ба амал меоянд:

а) «Тақсими нопурра». Агар ҳангоми тақсим яке аз узвҳои он партофта шуда бошад, мегӯянд,ки тақсими мазкур нопурра аст. Масалан, секунҷаҳо тезкунҷа ва кундкунҷа мешаванд. Дар ин мисол «секунҷаҳои росткунҷа» партофта шудааст. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба 14 фа-култа ва қисмҳои хизмати хоҷагӣ тақсим мешавад. Дар ин, ҷо яке аз узв-ҳои тақсим, яъне «ректорат» партофта шудааст.

б) «Тақсим бо узвҳои зиёдатӣ». Ин хато дар мавридҳое ба амал меояд, ки агар ба узвҳои тақсим мафҳуме илова шавад, ки ба ҳаҷми маф-ҳуми тақсимшаванда дохил набошад (ҳангоми тақсими таксономӣ), ё ин ки ба қатори узвҳои тақсим чизҳоеро илова намоянд, ки дар асл қисмҳои чизи тақсимшаванда набошанд (ҳангоми тақсими мереологӣ). Масалан, унсурҳои химивӣ ба металлҳо, ғайриметалҳо ва хӯлаҳо тақсим меша-ванд. Аммо, хулаҳо унсури химиявӣ нестанд. Агар мо Донишгоҳи мил-лии Тоҷикистонро ба ректорат, 14 факултет, қисмҳои хизмати хоҷагӣ ва қисмҳои хизмати таъмини хӯрок тақсим намоем, ин нодуруст аст, чунки қисмҳои хизмати таъмини хӯрок ҷузъи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нестанд. Қоидаҳои а) ва б) – ро ин тавр ҷамъбаст кардан мумкин аст: агар узвҳои тақсим ҳаҷми мафҳуми тақсимшавандаро ташкил надиҳанд, он гоҳ, тақсим нодуруст аст.

Дар тақсим, ҳангоми барзиёд будани узвҳои тақсим, тақсим бо узвҳои зиёдатӣ ва кам будани узвҳои тақсим, тақсими нопурра ҷой дорад. Ин хатоҳо ба вайрон шудани қоидаи мутаносиб алоқаманд аст, ки мувофиқи он ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда бояд ба маҷмӯи узвҳои тақсим баробар бошад. Масалан, агар ҳангоми тақсими форматсияҳои иҷтимоию иқтисодӣ фақат форматсияҳои ғуломдорӣ, фео-далӣ ва капиталистӣ нишон дода шаванд, он гоҳ қоидаи мутаносибии тақсим вайрон мешавад, чунки ду узви тақсим (ҷамеаи ибтидоӣ ва ком-мунистӣ) ба ҳисоб гирифта нашудаанд. Агар, ҳангоми тақсими мафҳуми «ҷазо додан» ба ғайр аз ҳамаи навъҳои ҷазо, огоҳӣ низ номбар шавад, пас хатогии тақсим бо узви зиёдатӣ ба амал меояд, чунки огоҳӣ мувофи-қи қонунҳои ҷиноятӣ ба номгӯӣ чораи ҷазо дохил намешавад.

Вай навъи ҷазои маъмурӣ аст.

Қоидаи дуюм: Тақсим бояд аз рӯи як асос сурат гирад.

Ҳангоми тақсим нишонае, ки дар асоси он узвҳои тақсим муайян мегарданд, набояд тағйир ёбад ё ки бо нишонаи дигар иваз шавад. Вай-рон шудани қоидаи мазкур боиси хатое мешавад, ки онро «тақсими печ дар печ» меноманд. Масалан, агар мо ҷиноятҳоро ба ҷиноятҳои ошкор-шуда, ошкорнашуда ва барқасдона тақсим намоем, ин тақсими нодуруст аст. Зеро узвҳои тақсим: ҷиноятҳои ошкоршуда ва ҷиноятҳои ошкорна-шуда аз рӯи як асос ва узви ҷиноятҳои барқасдона аз рӯи асоси дигар номбар шудааст.

Вобаста ба мақсади тақсим ва вазифаҳои амалии он, нишонаҳои гуногун ба сифати асоси тақсим мавриди истифода шуда метавонанд. Зимнан, бояд асоси тақсим дорои талаботи маълум, аз ҷумла аниқию возеҳӣ бошад. Масалан, илмҳоро ба душвору осон ва лексияҳоро ба шавқовару дилгиркунанда ҷудо кардан лозим нест. Чизи барои як кас шавқовар барои каси дигар дилгиркунанда буданаш мумкин аст, аз ин рӯ, ин қабил тақсим ноаниқ мешавад.

Дурустии тақсим ҳангоми риояи қоидаҳои муайяни тақсим ба амал омада, вайрон карданашон боиси хатоҳо мегардад. Ҳангоми вайрон кардани ин қоида кадом хатоҳо ба амал меоянд?

Аксаран донишҷӯён (ва ҳатто баъзе устодон) ҳангоми муоинаи шаклҳои давлат, идоракунии давлатиро бо режими сиёсӣ, яъне усули татбиқи роҳбарии давлат меомезанд. Ин гуна хато низ дар натиҷаи вай-рон кардани қоидае, ки мувофиқи он тақсим бояд аз рӯи як асос гузаро-нида шавад, ба амал меояд. Масалан, агар давлатҳоро дар як вақт ҳам аз рӯи шакли идоракунӣ ва аз рӯи ҳам режими сиёсӣ тақсим кунем, пас ба қатори давлатҳои режими идоракуниашон – парламентӣ, давлатҳои мо-нархӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳам ворид мешаванд.

Ба ин муносибат тақсими зуҳуроти иқтисодиро таъкид менамоем. В.И. Ленин дар ин бора навиштааст; «… Маркс тамоми маҳсулоти ҷамъиятиро аз рӯи шакли натуралии маҳсулот ба ду қисм тақсим мекунад: 1) воситаҳои истеҳсолот; 2) молҳои истеъмолӣ. Баъд ҳар кадом аз ин қисм-ҳои маҳсулот аз рӯи элементҳои арзиш ба се қисм тақсим мешавад. 1) капитали доимӣ; 2) капитали тағйирёбанда; 3) арзиши изофа».

П. Струве, вақте, ки ба ҷои қисми маҳсулоти ҷамъиятӣ, ки Маркс пешниҳод кардааст, қисми худаш (ба воситаҳои истеҳсолот, васоили истеъмолӣ ва арзиши изофаро) таклиф намуд, В. И. Ленин, филҳол гапи бекор будани онро нишон дод. Зеро вай ба талаботи тақсим, ки дар мантиқи шаклӣ баён шудааст, ҷавоб дода наметавонад. «Магар равшан нест, ки навишта буд В.И Ленин – доир ба гуфтаҳои П. Струве, – ин гуна тақсимот мантиқан беасос аст (зеро вай аз рӯи шакли натуралии маҳсулот тақсим карданро бо тақсим кардан аз рӯи элементҳои арзиш аралаш мекунад) ва ҷараёни мубодилаи ҷамъиятии чизҳоро хира мегардонад»[1].

Он, чизе, ки мо доир ба тақсим аз рӯи як асос баён кардем, ба тақсими таксономӣ дахл дошт.

Акнун қоидаи мазкурро нисбат ба тақсими мереологӣ баён мекунем, ки вай чунин аст: ба қисмҳо тақсим намудани чиз бояд аз назари як мақсад сурат гирад. Масалан, бо мақсади беҳтар намудани тайёрии мута-хассисони соҳаи гуманитарии донишгоҳ вайро ба доираи фанҳои (сикли) гуманитарӣ, ғайригуманитарӣ ва қисмҳои хизмати хоҷагӣ тақсим кардан мумкин аст, агар ба шарте, ки сикли гуманитарии тамоми факултетҳои гуманитарӣ ва қисми ректоратро, ки факултетҳои мазкурро назорат ме-кунад, фаро гирад. Агар, як қисм мувофиқи як мақсад ва қисми дигар мувофиқи мақсади дигар ҷудо шаванд, он гоҳ тақсими печ дар печ меша-вад.

Қоидаи сеюм. Узвҳои тақсим бояд ҳамдигарро истисно кунанд. Вайрон шудани қоидаи асоси ягона, боиси вайрон шудани қоидаи дигар мегардад, ки мувофиқи он қисмҳои тақсим бояд якдигарро истисно кунанд. Дар ҳақиқат, агар тақсим аз рӯи як асос ба анҷом расонида шавад, он гоҳ узвҳои он ҳам ҳамдигарро истисно мекунанд. Ин қоида талаб менамояд, ки ҳар як унсури ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда бояд танҳо ба як узви тақсим тааллуқ дошта бошад. Бинобар ин, узвҳои тақсим набояд унсурҳои умумӣ дошта бошанд (тақсими таксономӣ) ва на бояд ҷузъҳои (қисмҳои) – умумӣ дошта бошанд (тақсими мереологӣ). Маса-лан; секунҷаҳо ба секунҷаҳои баробарпаҳлӯ, баробартараф ва гуногун-паҳлӯ тақсим мешаванд. Дар ин мисол узвҳои тақсим якдигарро истисно намекунанд.

Қоидаи чаҳорум. Тақсим бояд бефосила бошад. Дар мавриди тақ-сими таксономӣ бояд аз мафҳуми ҷинсӣ ба фасл гузашт. Ин кор бояд чу-нин сурат гирад, ки узвҳои мафҳуми тақсимшаванда дорои тартиби як-хела бошанд. Ҳар як узви тақсим (фасл) дар навбати худ метавонад боз тақсим шавад ва ҳоказо. Дар мавриди тақсими мереологӣ бошад – аз том ба ҷузъҳои он ва аз ҷузъ ба ҷузъҳои ҷузъ ва ҳоказо гузаштан лозим аст. Агар қоидаи муттасилият вайрон шавад, хатоие рӯй медиҳад, ки онро «ҷаҳиш дар тақсим меноманд».

Мисолҳо барои тақсими нодуруст: файласуфон ба материалистон, идеалистони субъективӣ ва объективӣ тақсим мешаванд; мавҷудоти зин-да ба растаниҳо, ҳайвоноти сутунмӯҳрадор ва бесутунмӯҳра тақсим ме-шаванд; скелети одам ба скелети сутунмӯҳра, скелети сандуқи дил, скелети сар ва дасту по тақсим мешавад.

Мисолҳо барои тақсими дуруст: файласуфон ба материалистон ва идеалистон тақсим мешаванд; мавҷудоти зинда ба растаниҳо ва ҳайвонот, растаниҳо ба растаниҳои яксола ва бисёрсола, ҳайвонот ба сутунмӯҳрадор ва бесутунмӯҳра, скелети одам ба скелети дасту по, скелети бадан (тан) ва скелети сар тақсим мешавад.

Дуруст аз худ намудани навъҳо ва қоидаҳои тақсим дар фаъолияти ҳуқуқшинос, махсусан дар амалияи тафтишот аҳамияти калон дорад. Масалан ҳангоми таҳқиқи ҷиноятҳо, тартиб додани схемаҳо дар ҷараёни ба нақшагирӣ, таснифи версияҳо ва дигар амалиёти тафтишот амали тақсим кӯмак мерасонад. Аз ин рӯ, муфаттиш, прокурор ё адвокат нақшаи корро тартиб дода, бояд ба қоидаи тақсим такя кунад, зеро донис-тани онҳо ҷараёни фаъолияти амалии онҳоро осон гардонида, аз хатоҳо нигоҳ медорад.


[1]Ленин В.И. Асарҳо, Ҷ. 4, с. 76.

ҚаблӣТаъриф ва тавсиф (мантиқ). Таърифи ошкор / ноошкор
БаъдӣТасниф (дар мантиқ)