Таҳаввулоти одам, нажоди одам

Тахаввулоти одам, нажоди одам


Одам ҳамчун мавҷудоти табиати зинда давраҳои гуногуни пайдоиш дорад, ки то ҳол пурра ва дақиқ муайян карда нашудааст.

Таҳаввулоти одам аз таҳаввулоти приматҳо сарчашма мегирад, ки қариб 60 миллион сол пеш шурӯъ шудааст. Таҳқиқотҳои антропологӣ нишон додаанд, ки маймунҳои дараҷаи олӣ – дриопитекҳо ду шохаи таҳаввул (эволютсия) – понгидҳо ва гоминидҳоро додааст. Аз понгидҳо – горилла ва шимпанзе, аз гоминидҳо бошад, фақат як намуд: одами боақл боқӣ мондааст. Аз сабаби он ки кофтуковҳои антропологӣ нопурраанд, бинобар ин маълумот доир ба эволютсияи гоминидҳо гуногунанд. Ба ақидаи олимон, қариб 14 миллион сол пеш дар сайёраи мо маймунҳое пайдо шудаанд, ки онҳоро ба оилаи гоминидҳо дохил намуданд. Он рамапитек буда, дар ҳудуди Ҳиндустони ҳозира, Аврупои Шарқӣ, Русия зиндагӣ кардааст. Ғизои ин маймунҳо тухми хӯшадорон, реша, поя ва барги рустаниҳо будааст. Ба ивази рамапитек дигар гоминидҳо, аз он ҷумла австралопитекҳо, пайдо шудаанд. Боқимондаи онҳоро дар ҷанубу шарқи Африқо пайдо кардаанд, ки 5-5,1 миллион сол пеш зиндагӣ кардаанд ва бисёртар ба одамон монанд будаанд. Дарозии қадашон 120-130 см буда, вазнашон ба 25-45 кг баробар аст. Ҳаҷми майнаи сарашон бошад, 530 см2-ро ташкил мекунад. Аз як ҷиҳат австралопитекро пешгузаштагони одам гуфтан мушкил аст. Барои он ки боқимондаи олоти меҳнат дар ҷойҳои ёфтшудаи онҳо пайдо карда нашудааст. Дар ин давраи таърихи инкишоф ҳайвоне мавҷуд буд, ки зоҳиран ба австралопитек монандӣ дошт ва ҳаҷми майнаи сараш то 650-1100 см2 буд. Скелети пояш ба одами ҳозира монанд буда, озодона бо ду пояш роҳ мегаштааст. Панҷаҳои дасти ин гоминид хеле хуб инкишофёфта буда, панҷаи калони даст муқобили дигар панҷаҳо ҷойгир буда, имконияти аз олотҳои меҳнат истифода бурданро доштааст. Олимон ин гоминидро одами боҳунар номидаанд. Олимон се даври таҳаввулоти одамро муайян кардаанд: одамони қадимтарин, одамони қадим, одамони ҳозира (расми 2).

Расми 2. Таҳаввулоти одам
Расми 2. Таҳаввулоти одам

Таҳқиқотҳои баъдинаи олимон муайян кард, ки боқимондаи одамони қадимтаринро дар қитъаҳои Осиё, Аврупо ва Африқо пайдо кардаанд. Ин одамонро ростгард номиданд, ки давомдиҳандаи насли одам мебошанд. Онҳо тахминан аз 1 миллион то 300 ҳазор сол пеш зиндагӣ кардаанд. Аввалин боқимондаи ин одамонро солҳои 1890 дар ҷазираи Ява олими нидерландӣ Е. Дюбуа ёфтааст. Қади онҳо ба 160 см ва ҳаҷми майнаи сарашон ба 1100 см2 баробар буд. Ин одамон ҳаёти фаъол ба монанди шуғли шикорчигӣ, ҳунари сохтани олоти содаи меҳнат дошта, гурӯҳ-гурӯҳ зиндагӣ мекардаанд. Давраи инкишофи одамони қадим, ки дар натиҷаи кофтуковҳо дар Аврупо, Африқо, Осиё пайдо карда шудаанд, номи одами неандерталиро аз номи ҷойи пайдокардашудаи онҳо – водии Неандертали (Олмон) гирифтааст. Ин одамон 300-400 ҳазор сол пеш зиндагӣ кардаанд. Қади онҳо 170 см-ро ташкил мекунад. Ин одамон аввалин шуда оташро пайдо кардаанд ва ба сифати либос пӯсти ҳайвонҳоро истифода бурдаанд. Аввалин маротиба дар ин одамон тақсимоти меҳнат миёни мардҳо, занҳо ва кӯдакон ба вуҷуд омад. Одамони ҳозира – кроманионҳо қариб 40 ҳазор сол пеш зиндагӣ кардаанд. Номи худро ин одамон аз ҷойи пайдокардашудаашон – Кроманион (Фаронса) гирифтаанд. Майнаи сари ин одамон ба 1800 см3 баробар аст. Аз рӯйи нишондоди олимон дар давоми 40 ҳазор соли зиндагӣ намуди зоҳирии онҳо бетағйир мондааст. Ин одамон донишманд номида шудаанд. Ба онҳо аҳолии ҳозираи кураи Замин дохил мешаванд. Ҳамин тавр, таҳаввулоти одам давраҳои хеле гуногун ва тӯлониро дар бар мегирад.

Одамон гуногунанд: онҳо аз якдигар бо ранги пӯст, чашм, мӯйи сар, қад, вазн, тарҳи рӯй фарқ мекунанд. Ҳамаи ин фарқ фарқҳои фардӣ мебошанд. Инчунин нишонаҳои фарқкунандае ҳаст, ки одамони зиёдеро дар бар мегиранд онро нажод меноманд. Нажод ин гурӯҳи одамонеро меноманд, ки як ҷойи пайдоиши муайян дошта, аз ҷиҳати нишондиҳандаҳои антропологӣ, морфологӣ, физиологӣ ва урфу одатҳои ба ҳам монанд дар мавзеи муайян зиндагӣ доранд.

Маълумот доир ба пайдоиши нажодҳо ва таснифи онҳо таърихи дуру дарозро дар бар мегирад. Аввалин кӯшишҳо оид ба навиштани нажоди одам дар асри XVII аз тарафи олими Фаронса Бернё роҳандозӣ шуда, баъдан К. Линней 4 нажодро пешниҳод кард: амрикоӣ, аврупоӣ, осиёӣ ва африқоӣ. Дар замони ҳозира бисёрии олимон нажодҳоро ба 3 гурӯҳи калон, 30 гурӯҳи хурд ва 10 гурӯҳи омехта пешниҳод кардаанд. Ба нажодҳои калон экваторӣ (австралиягию негалӣ), аврупоию осиёӣ (аврупоӣ), осиёиву амрикоӣ (муғулӣ) дохил мешаванд. Намояндаҳои нажоди экваторӣ асосан дар ноҳияҳои тропикии қитъаи Африқо вомехӯранд.

Барои онҳо пӯсти тираранг ё сиёҳ, мӯйҳои ҷингила, мавҷнок, зич, бинии паҳн, лабҳои ғафс хос аст. Ҷойи паҳншавии нажоди аврупоӣ – осиёӣ – Аврупо, як қисми Осиё, шимоли Африқо, Амрико мебошад.

Барои намояндаи ин нажодҳо пӯсти сафед, баъзан тираранг, мӯйҳои рост, баъзан мавҷнок, нарм, бинии борик, дароз, лабҳои тунук, мӯйҳои хуб инкишофёбанда, рӯй (риш, мӯйлаб) хос аст. Нажоди осиёӣ-амрикоӣ дар Амрико ва дар Осиёи Марказӣ, Шарқӣ паҳн шудааст.

Барои ин нажод мӯйҳои сиёҳи сахт, рост, ришу мӯйлаби суст сабзанда, пӯсти тираранг хос аст. Ба муғулҳо бинии васеи миёна, дар ҳиндуҳо, амрикоӣ бошад, бинии дароз, баланд хос аст. Яке аз нишонаҳои асосии ин нажод доштани рӯйи паҳн, рухсораҳои барҷаста, чашмҳои танг, лабҳои ғафси миёна ва ғайра хос аст.

Дар дохили як нажод гурӯҳи одамоне вомехӯранд, ки аз якдигар фарқ мекунанд: Мисол: малайягӣ бо намуди берунии худ ба бурятҳо ва эвенкҳо кам монандӣ дорад. Негроидҳои пигмеӣ аз соҳилҳои дарёи Конго аз бушменҳои биёбони Калахара фарқ мекунанд. Аврупоиҳои шимолӣ (норвегиягиҳо, шведҳо) чашмони осмониранг, мӯйҳои сафедранг, сафедпӯст хос аст.

Дар замони ҳозира одамон тез-тез ва ниҳоят фаъол дар тамоми сатҳи кураи Замин ҷой иваз мекунанд, яъне аз як ҷо ба ҷойи дигар мераванд. Бинобар ин омехташавии нажодҳо хеле зиёданд. Агар ба таърихи пайдоиши нажодҳо назар кунем, он гоҳ маълум мегардад, ки нажодҳо хеле барвақт пайдо шудаанд. Аввалин тақсимкунӣ ба нажодҳо 90-92 ҳазор сол пешро дар бар мегирад, ки дар он 2 шохаи калони нажодҳо негроидӣ ва аврупоӣ-муғулӣ вуҷуд дошт. Нишонаҳои аврупоӣ ва муғулӣ қариб 50 ҳазор сол пешро дар бар мегирад ва ба новобаста аз он, ки нажодҳо зиёданд, пайдоиши онҳо гуногунанд. Олимон доир ба пайдошавии нажодҳо ду назарияро пешниҳод кардаанд.

1.Моносентризм; 2.Полисентризм. Тарафдорони назарияи моносентризм бар он ақидаанд, ки ҳамаи нажодҳо дар як мавзеи ҷуғрофӣ пайдо шудаанд. Тарафдорони назарияи полисентризм дар он ақидаанд, ки нажодҳои одам дар мавзеъҳои гуногуни ҷуғрофӣ пайдо шудаанд.

Танкиди нажодпарасти

Танқиди нажодпарастӣ. Илми нажодшиносӣ пайдоиши нажодҳо, аломатҳои махсус ва шароити муҳитеро, ки ин ё он нажод таърихан ба худ гирифтааст, меомӯзад. Маълумоте, ки дастрас шудааст, барои ҳалли масъалаҳои пайдоиши одам муҳим аст. Моҳияти даъвои як идда олимон ин аст, ки фардҳои одамон гӯё баробарқимат нестанд, яъне яке нажоди оливу дигаре нажоди паст аст. Нажодпарастон сабабҳои қафомонии иқтисодӣ ва мадании баъзе халқҳоро аз камқиматии биологии ҳамон нажод медонанд.

Нажодпарастон тафовути нажодҳоро ҳамчун гуногуннамудӣ ва ҳатто аз як ҷинс набудани одамон маънидод мекунанд. Онҳо ягонагии пайдоиши нажодҳоро эътироф намекунанд ва ба ақидаи онҳо ҳар кадом нажод аз пешинагони худ пайдо шудаанд. Дар ҳар нажод шахсоне ҳастанд, ки нажоди худро аз нажодҳои дигар боло гузоштанӣ мешаванд. Мақсади назарияи нажодҳои олӣ ва паст ҳақ баровардани ҷангҳои империалистӣ, сиёсати мустамликадорӣ ва нобаробарҳуқуқии нажодист.

Сотсиал дарвинистҳо чунин меҳисобанд, ки капитализми ҳозира барои интихоби табиии одамоне, ки аз ҷиҳати биологӣ пурқиматанд, ҳама гуна имконҳоро фароҳам меоварад. Ба фикри онҳо, нобаробарии иҷтимоӣ ва ба синфҳо тақсим шудани ҷамъият оқибати нобаробарии биологии одамон аст, ки гирифтори интихоби табиӣ шудаанд.


Дониши худро санҷед:

  1. Кадом хайвонхои кадима, ки дар сайёраи мо зиёда аз 10 миллион сол кабл зиндаги кардаанд, пешгузаштаи одам хисоб мешаванд?
  2. Неандерталихо кадом намуди олоти мехнатро сохтаанд?
  3. Кадом акидахои муосир оиди пайдоиши одам ба шумо маълуманд?
  4. Неандерталихо аз австралопитекхо бо чи фарк мекунанд?
  5. Одамони хозира чанд сол пеш пайдо шудаанд?
  6. Нажод чист?
  7. К. Линней чанд нажодро пешниход кардааст?
  8. Олимони хозира кадом нажодхоро пешниход кардаанд?
  9. Нажодхои калон ба чанд намуд таксим шудаанд?
  10. Нажодхои хурд чандто мебошанд?
  11. Барои чи нажодхоро мобайни меноманд?
  12. Назарияи нажод чист?
  13. Чанд назарияи пайдоиши нажодхо мавчуд аст?
  14. Оё вобаста ба ивазкунии чойи зист намуди зохирии нажод тагйир меёбад?
ҚаблӣОдам ва мавқеи он дар системаи олами органикӣ
БаъдӣҲуҷайра / Хучайра, сохт, вазифа ва таркиби он