Таърихи фанҳои анатомия, физиология ва гигиенаи одам

Таърих ва давраҳои тараққиёти фанҳои анатомия, физиология ва гигиенаи одам. Таърих ва даврахои тараккиёти фанхои анатомия, физиология ва гигиенаи одам


Одам ҳама вақт ҳаракат мекунад, доир ба сохти бадани худ маълумот дошта бошад. Сарчашмаҳои омӯзиши анатомия давраҳои хеле тӯлониро дар бар мегирад. Навиштаҷотҳо ва аксҳое, ки дар санг ва сангпораҳо ёфт шудаанд, далели он аст, ки одамон аллакай дар бораи ҷойгиршавии узвҳои ҳаётан муҳим, аҳамияти онҳоро дар организм медонистанд. Нахустин маълумот дар бораи сохти дил, шуш, гурда ва дигар узвҳо дар китоби қадимаи чинии «Нейсизин» (асрҳои XI –VII пеш аз мелод) ва китоби ҳиндуии «Аюр – Веда» ки (асрҳои IX – III – и пеш аз мелод) пайдо гардидаанд.

(Гиппократ) Буқрот
(Гиппократ) Буқрот

Аввалин олими намоён табиби Юнони қадим (Гиппократ) Буқрот (460-377) – падари илми тиб эътироф шудааст. Вай барои рушду нумӯи илми тиб дастурҳо ва китобҳои зиёде навиштааст.

Арасту (384-322 то милод) (Аристотел)
Арасту (384-322 то милод) (Аристотел)

Олими бузурги дигар (Аристотел) Арасту (384-323) мебошад, ки ақидаҳои Буқротро ривоҷ додааст. Вай яке аз асосгузорони анатомияи қиёсӣ ҳисобида мешавад. Ба ақидаи ӯ сутунмуҳра асоси пайдоиши ҳамаи устухонҳо мебошад ва шушу дил аз холигии шикам бо диафрагма ҷудо карда шудааст.

Духтур Клавдий Ҳален (130-201) асосгузори тибби таҷрибавӣ мебошад. Ӯ сохти анатомии узвҳои ҳайвонот (саг, хук, гӯсфанд)-ро омӯхта, натиҷаҳои ҳосилшударо дар одамон татбиқ кард, ки ин яке аз хатоҳои асосии ӯ ба ҳисоб меравад. Ин олим яке аз аввалинҳо шуда таснифи устухонҳо, пайвастшавии онҳо ва мавҷудияти ҳафт ҷуфти асабҳои косаи сару мағзи онро анҷом додааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар инкишофи фанҳои анатомия, физиология саҳми олими маъруфи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) хеле бузург аст.

Абуали Ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

Асоси фаъолияти илмии Сино китоби машҳури «Ал-қонун» (Қонуни тиб) ба ҳисоб меравад. Ин китоб аз панҷ ҷилд иборат буда, олими тавоно дар он маълумоти зиёдеро оид ба сохти бадани одам ҷамъ овардааст. Абӯалӣ ибни Сино на фақат асарҳои мутафаккирони гузаштаи Шарқ, балки мероси илмии тиббӣ ва фалсафии донишмандони бузурги Юнони қадим, ба монанди Арасту, Эвклид, Птоломей, Ҳален, Буқрот, Платон ва дигаронро низ хуб омӯхтааст.

Ӯ дар асари машҳури худ зикр кардааст, ки об ва ҳавои олудашуда сабаби пайдоиши бемориҳои гуногуни сирояткунанда ва паҳншавии онҳо мегарданд.

Инкишофи анатомия имконият дод, ки дар асрҳои XII – XIV дар Аврупо аввалин донишгоҳҳои махсус ташкил карда шаванд. Дар соли 1326 олим Мондино Лютси (1275-1327) аввалин китоби анатомияро чоп намуд. Натиҷаҳои хеле назаррасро анатомия ба монанди илмҳои дигар дар давраи Эҳё ба даст овард.

Саҳми олимон Леонардо да Винчи (1452-1510) ва Адреас Везалий (1514-1565) дар фанни анатомия хеле калон аст.

Рассоми хеле машҳур, риёзидон, муҳандис Леонардо да Винчи (1514-1565) сатҳи баробарии баданро омӯхта, аввалин маротиба мушакҳоро тасниф кардааст. Ӯ қариб 800 расми дақиқи устухонҳо, мушакҳо, дил ва дигар узвҳоро аз нигоҳи илмӣ асоснок намудааст.

Олими дигар А. Везалий дар асари худ «Оид ба сохти бадани одам» аввалин шуда, анатомияи систематикии узвҳои одам: устухонҳо, мушакҳо, узвҳои дохилиро дар асоси таҷрибаҳои худ, бо ҷарроҳӣ кардани организми фавтида гурӯҳбандӣ карда, навишта буд. Аз ин рӯ Везалийро ҳамчун асосгузори анатомияи систематикӣ меноманд. Дар асарҳои худ доир ба анатомия А. Везалий норасоиҳое, ки олимони гузашта содир карда буданд, бартараф намуд. Шогирдони А. Везалий, ба монанди Г. Фаллопи (1523-1562) дар асараш «Мушоҳидаҳои анатомӣ» аввалин шуда, ба таври ҷиддӣ сохти бисёр устухонҳо, мушакҳо, узвҳои сомеа ва босираро тавсиф намудааст.

Б. Евстахий (1510-1574) анатомияи дандонҳо, гурда, венаҳо, узви босираро хуб омӯхта, дар бораи анатомияи қиёсӣ маълумот гирд овардааст. И. Фабритсий (1537-1619) сохти сурхрӯда, ҳалқ, клапанҳою венаҳоро тавсиф кардааст. Баъзе узвҳо бо номи ин олимон номгузорӣ шудаанд.

Дар асрҳои XVII – XIX анатомия бо таҳқиқотҳои нав ва кашфиётҳо бой гардид.

Соли 1628 олими англис У. Гарвей (1578-1657) дар асари худ «Таҳқиқи анатому ҳаракати дил ва хун дар ҳайвонҳо» нишон дод, ки хун бо системаи сарбаста ҳаракат мекунад, бо артерияҳо аз дил берун мешавад ва бо венаҳо ба дил ворид мешавад. Ин кашфиёт имконият дод, ки фанни нави мустақил доир ба фаъолияти узвҳо – физиологияи таҷрибавӣ арзи ҳастӣ намояд.

Соли 1661 олим М. Малпиги (1628-1694) шушро омӯхта, алвеолаҳо ва мӯйрагҳоро, ки алоқамандии байни артерияҳо ва венаҳоро таъмин мекунанд, муайян кардааст.

Дар соли 1685 Г. Бидлоо (1649-1713) муайян кард, ки асабҳо аз якчанд дастаи нахҳои асабӣ таркиб ёфтаанд.

Аввалин маротиба аз тарафи олими рус Н. И. Пирогов (1810-1881) тарзи ҷойгиршавии узвҳо дар бадан муайян карда шуд. Ин дастоварди илмӣ боиси ташаккулёбии фанни нав анатомияи топогафӣ (харитавӣ) гардид. Инчунин, ин олим аввалин маротиба ҷарроҳиро дар майнаи сар гузаронида, барои шикастабандӣ гаҷро истифода бурдааст. Барои ҳис накардани дард ҳамчун воситаи мадҳушкунанда аз эфир истифода кардааст.

Дар инкишофи фанҳои анатомия, физиология ва гигиена саҳми олимони дигар, ба монанди Уилям Гарвей, Загорский П. А., Павлов И. П., Боткин С. П., Воробёв В. П. хеле калон аст. Олимони тоҷик низ дар рушди ин фанҳо хизматҳои назаррас кардаанд. Дар соҳаи анатомия профессорон Раҳимов Я.А., Абдураҳмонов Ф. А., Каримов М. К., Усмонов М. У., дар соҳаи физиология Ахмедов К. Ю., Шукуров А. Ш., Сафаров Ҳ. М., Ивазов Н. И.,дар соҳаи гигиена Бобоев Н. Б., Рофиев М. Қ. ва чанде дигарон дар солҳои гуногун таҳқиқотҳои илмии гуногунҷанбаро анҷом дода, дар ин замина асарҳои пурарзиши таҳқиқотӣ ва дастуру китобҳои дарсӣ таълиф намудаанд, ки барои пешрафти илми биология нақши муҳим доранд. Дар замони ҳозира барои ташхиси беморон асбобҳои хуби замонавӣ мавҷуданд. Солҳои аввали истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуруҷ кардани бемориҳои сирояткунанда дар ҷумҳурии мо мушоҳида карда шуд, ки дар натиҷаи он одамони зиёде фавтиданд. Ба мушкилоти иқтисодию сиёсӣ нигоҳ накарда, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон барои пешгирӣ ва тамоман аз байн бурдани ин бемориҳо кӯшиши зиёдеро ба харҷ дод. Дар муддати кӯтоҳ дар кишвар теъдоди одамони ба ин беморӣ гирифтор хеле кам шуданд. Давлати мо ғамхории худро, махсусан барои пиронсолон ва кӯдакон дареғ намедорад. Ин ғамхорӣ имконият медиҳад, ки насли ояндаи миллати мо солим ба воя расад.

Ҳамин тавр, ҳар як шахси бо сохт ва вазифаҳои узвҳои худ шиносбуда метавонад қоидаҳои беҳдошти организми худро риоя кунад. Қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ва ҷамъиятиро дар амал истифода бурда, метавонед организми худро пурқувват намоед, обутоб диҳед, худро аз ҳар гуна бемориҳо эмин доред, ҷисман ҳамаҷониба инкишоф ёбед, одами бардаму солим ва қобилу кордон бошед ва ба Ватани азизи худ хизмат кунед.


Дониши худро санҷед:

  1. Доир ба мафхумхои дар давраи кадим пахншуда ва холо кухнашуда, инчунин оиди сохт ва вазифаи организми одам мисолхо оред.
  2. Сахми Арасту дар инкишофи илми анатомия чи гуна аст?
  3. Кадом акидахои Букрот то хол мухимманд ва онхоро дар тибби муосир истифода мебаранд?
  4. Леонардо да Винчи дар фанни анатомия чи дигаргунихо ворид кард?
  5. Гален оид ба сохти системаи гардиши хун чи тасаввурот дошт?
  6. Сахми Абуали ибни Сино дар рушди фанни тиб чи гуна аст?
  7. Кадом олимони точик дар инкишофи ин фанхо сахми худро гузоштаанд?
  8. Кадом кашфиётхои Н. Пироговро дар сохаи тиб медонед?

ҚаблӣБиология – Анатомия, физиология ва гигиенаи одам
БаъдӣОдам ва мавқеи он дар системаи олами органикӣ