Тарбияи ақлӣ – асоси ташаккули шахсият

Тарбияи акли – асоси ташаккули шахсият.


Тарбияи ақлӣ – асоси ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият аст. Ақл (хирад, зеҳн, қобилияти фикр) – шакли олии ба инсон хоси маърифати назарии воқеият. Ақлу заковат – поягузори рушди ҷомеа, омили муҳими ихтирооти нав ба нави ҷаҳонӣ мебошад. Ақли инсон бо мурури замон зимни таҷрибаҳои амалии зиндагии наслҳо нашъунамо ёфта, мунтазам боло меравад.

Тарбияи ақлӣ, чӣ тавре, ки баъзеҳо гумон мекунанд, танҳо аз хату саводнокии шахс иборат набуда, ба фаҳму фаросат низ вобаста мебошад. Фаҳму фаросат бошад айёми тифлӣ тавассути фаҳмондану амалиёти калонсолон аз оила сарчашма мегирад. Чунончи, калонсолони соҳибтаҷриба ба дасту пои тифлакон чойнику пиёлаи гармро «ҷиз – за» гӯён расонда мегиранд, то ки минбаъд ба онҳо даст назанад, худро насӯзад. Баъди ин амалиёт тифлакон, ҳатто аз чойнику пиёлаи холии сард ҳам ҳазар мекунанд. Бо чунин дарккуниҳо фаҳмиши худро афзун меградонанд. Дарк кардани аломатҳои ашё ва чизҳо, эҳсос, эҳсос бошад манбаи дониш ва дониш ин ақлу заковат аст.

Аммо чунонки пештар зикр карда будем, кӯдакон то ба мактаб омаданашон дар доираи фаҳмиш ғалатфаҳмиҳои зиёд доранд, ки онҳоро мактаб аз нигоҳи дурусти илмӣ ислоҳ мекунад. Бинобар ин тарбияи ақлии ворисони инсоният қисми таркибӣ ва муҳими инкишофи ҳамаҷонибаи шахсият буда, дар ташаккул додани он саҳми мактабу омӯзгорон басо калон аст.

Асоси ташаккулёбии кӯдаконро мактаб тавассути омӯзиши асосҳои фан ва корҳои тарбиявӣ таъмин мекунад. Дар мактаб барои инкишофи маданияти ақлии дастпарварон ҳамагуна шароит ва имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Тарбияи зеҳнии толибилмони хурдсол дар равобити мустаҳками ҷаҳонбинии илмӣ сурат мегирад, зеро ҳар қадаре, ки маълумотнокии онҳо баланд шавад, фаҳму фаросати онҳо ҳам ҳамон қадар гиро мегардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бахусус тарбияи ақлӣ асоси ташаккули шахсият аст, зеро ба вай хатту савод ва ақлу заковати гиро имконяит медиҳад, ки инкишофи ҳамаҷонибаи худро таъмин кунад; дар ину он масъала адабиёти марбутро мутолиа намуда, қобилият ва қувваи эҷодкориашро нашъунамо диҳад. Вале барои шахси бесавод чунин имконият ғайри имкон аст.


Мавзӯи 21. Тарбияи ақлии (фикрии) хонандагон

ҚаблӣМавзӯи 21. Тарбияи ақлии (фикрии) хонандагон
БаъдӣМазмун ва вазифаҳои тарбияи ақлӣ