ИТТИЛООТ: НАМУД ВА ХОСИЯТҲОИ ОН

Мафҳуми иттилоот. Иттилоот мафҳуми хеле васеъ буда, охири асри гузашта устуворона ба таркиби луғавии забони муосири тоҷикӣ, ҳамчун синоними калимаи байналмилалии «информатсия» ворид гаштааст. Мафҳуми информатсия аз калимаи лотинии «informatio» сарчашма гирифта, маънои маънидодкунӣ, фаҳмондадиҳӣ, баёнкунӣ, хабардоркунӣ ва ғайраро дорад. Калимаи «иттилоот» бошад, баромади арабӣ дорад. Калимаҳои дигари арабиасоси «хабар», «ахбор», «маълумот» ва ғайра баъзе паҳлӯҳои ин мафҳумро маънидод менамоянд. Сигнали ягон датчик ё бӯйи ягон таъомро низ иттилоот гуфтан мумкин аст.

Инсон аввал иттилоотро дарк мекунад ва баъд ба дигарон мерасонад. Иттилоотро бо тарзҳои шифоҳиву хаттӣ, имову ишора ва ё ба воситаи аломатҳо расонидан мумкин аст. Новобаста ба шакли тасвир иттилоот ҳамеша маълумот оид ба ягон шахс, чиз ё ҳодиса аст. Вай ҳодисаҳои аллакай рӯйдода ё баъд рӯйдиҳандаро инъикос менамояд.

Иттилоот – маълумот дар бораи ягон ҳодиса, ашё, шахс, рӯйдод ва умуман муҳити атроф аст, ки сатҳи номуайянии дониши инсонро дар ҳамон самти омӯзиш кам менамояд.

Иттилоот объекти моддӣ нест:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  • ҳангоми аз як ҷой ба ҷойи дигар ирсол додан, вай дар ҷойи қаблӣ низ боқӣ мемонад;
  • барои ирсол додан, онро тавассути ягон барандаи моддӣ тасвир мекунанд;
  • новобаста аз намуди баранда, миқдори иттилооти интиқолёфта бетағйир мемонад.

Тасвири моддӣ, энергетикӣ ва иттилоотии олам. Инсоният дар тӯли мавҷудияти худ як зумра инқилобҳои илмию техникиро паси сар намудааст, ки ҳар кадоме дар камолот ва худшиносии он нақши амиқ боқӣ гузоштааст. Масалан, асри санг ба пайдоиши аввалин олоти меҳнат сабаб гаштааст, ки он заҳмати инсонро куллан дигаргун сохтааст. Асри биринҷ азхудкунии гудохтани металлро рӯйи кор овардааст, ки он ба дигаргун гаштани моҳияти ҳаёт такони бузурге додааст. Асри чарх ба пайдоиш ва истифодаи аробаю худгард, асри барқ ба офариниш ва истифодаи энергияи барқ, асри ядро ба омӯзиши кайҳон ва истифодаи энергияи ҳастаӣ сабаб гаштаанд, ки ҳар кадоме меҳнати зеҳнию ҷисмии инсонро миллионҳо маротиба осон гардонидааст. Акнун мо ҳар лаҳза дар хусуси асри иттилоот сухан меронем.

Воқеан асри ХХI, ки он асри информатика ва технологияҳои иттилоотӣ ном гирифтааст, тамоми самтҳои фаъолияти инсонро аз дастовардҳои техникаи компютерӣ ва технологияи навтарини коркарди иттилоот баҳравар гардонидааст. Саҳми иттилоот дар қабули қарорҳои идоракунии истеҳсолот, ҷамъият, тафаккур ва ҳалли масъалаҳои рӯзмарра ба дараҷае афзудааст, ки он ба қатори ду омили ҳаётан муҳими дигар – модда ва энергия шомил гаштааст. Ҳоло омилҳои сегонаи модда-энергия-иттилоот ба зумраи он ғизоҳое табдил ёфтаанд, ки инсони қарни нав мазмуну мундариҷаи ҳаёт ва фаъолияти ақлонию ҷисмонии худро дар такя ба онҳо ба низом овардааст.

Намудҳои иттилоот. Инсон иттилоотро амалан бо тамоми узвҳои ҳиссиёти худ қабул менамояд. Вай аллакай коркарди компютерии қисми зиёди намудҳои иттилоотро аз бар намудааст. Аммо ҳанӯз баъзе намудҳои дигари иттилоот (масалан, идроки эстетикӣ ё муносибати байни одамон) мавҷуданд, ки коркарди компютерии онҳоро вақт интизор аст. Дар замони мо компютер бештар дар коркарди намудҳои зерини иттилоот мавриди истифода қарор гирифтааст: ададӣ, матнӣ, графикӣ, савту садоӣ, видеоӣ, аниматсионӣ ва чандрасонаӣ.

Хосиятҳои иттилоот. Дарёфти иттилоот – ба даст овардани далелу маълумот дар бораи хосиятҳо, сохтор ва алоқамандии байни объектҳо ё рӯйдодҳои муҳити атроф мебошад. Иттилоот дорои хосиятҳои зерин мебошад: саҳеҳӣ, мукаммалӣ, муҳимӣ, рӯзмаррагӣ, возеҳӣ, аниқӣ, дастрасӣ, кӯтоҳӣ ва ғайра.

  • Иттилоот саҳеҳ (мӯътамад) ҳисоб карда мешавад, агар вай вазъи аслро мутлақо дуруст тасвир намояд. Иттилооти носаҳеҳ боиси каҷфаҳмии рӯйдод ва қабули қарорҳои нодуруст мегардад.
  • Иттилоот мукаммал (пурра) ҳисобида мешавад, агар вай барои фаҳмиши вазъи асл ва қабули қарори дахлдор кифоя бошад. Нопуррагии иттилоот монеаи қабули қарорҳо ва сабабгори роҳдиҳӣ ба хатоҳо мегардад.
  • Муҳимии (арзандагии) иттилоот дар он зоҳир мегардад, ки бо ёрии он кадом масъалаҳо ҳал карда мешаванд.
  • Иттилоот рӯзмарра (замонавӣ, актуалӣ) ҳисобида мешавад, агар вай дар шароити доимо тағйирёбанда воқеиятро дуруст инъикос намояд.
  • Иттилоот возеҳ (фаҳмо, аён) ҳисобида мешавад, агар вай тарзе ифода шуда бошад, ки дастраси истифодабаранда бошад.
  • Иттилоот аниқ ҳисобида мешавад, агар вай дараҷаи беҳтари наздикии вазъи аслии объект, раванд ё рӯйдодро инъикос намояд.

Калидвожаҳо: ИТТИЛООТ: НАМУД ВА ХОСИЯТХОИ ОН, Мафхуми иттилоот, Намудхои иттилоот, Хосиятхои иттилоот, иттилоот чист?, намудхои информатсия, информатсия чист.
ҚаблӣПРЕДМЕТИ ФАННИ ИНФОРМАТИКА. ҲАМБАСТАГӢ ВА ТАЪСИРИ ИНФОРМАТИКА БА ИЛМҲОИ ДИГАР
БаъдӣТАРЗҲОИ РАМЗБАНДИИ ИТТИЛООТ