Организм ҳамчун як воҳиди том

Организм хамчун як вохиди том Усулхои танзими функсияхои организм


Усулҳои танзими функсияҳои организм. Дар организми одам ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, аъзо ва системаи онҳо ҳамчун як узви ягона ва бутун (том) кор мекунанд. Кори онҳо бо ду роҳ: ҳуморалӣ (моддаҳои кимиёвӣ тавассути моеи муҳити дохилии организм – хун, лимфа, моеи байни ҳуҷайра сурат мегирад) ва асабӣ танзим карда мешавад.

Моддаҳои кимиёвӣ ба ҳуҷайраҳо, бофтаҳо, узвҳо ва умуман, дигар равандҳои организм таъсир расонида, кори онҳоро танзим менамоянд. Миқдори ками моддаҳо қобилияти баланди таъсиркунӣ доранд. Бинобар ин, онҳоро моддаҳои фаъоли биологӣ меноманд, ки ҳуҷайраҳои махсуси организм аз худ ҷудо мекунанд. Ба ин узвҳо, пеш аз ҳама ғадудҳои тарашшуҳ (секретсия)-и дохилӣ тааллуқ доранд.

Ғадудҳои тарашшуҳ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: ғадудҳои тарашшуҳи берунӣ – маҳсули худро ба ковокиҳои бадан хориҷ мекунанд ва ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ маҳсули худро фақат ба хун медиҳанд. Ба ғадудҳои тарашшуҳи берунӣ ғадудҳои луоби даҳон, ашкбарор, арақҷудокунанда, ҷигар ва ғадудҳои меъдаю рӯдаҳо дохил мешаванд.

Танзими асабии вазифахо

Танзими асабии вазифаҳо. Мағзи сар ва ҳароммағз тавассути торҳои асаб тамоми узвҳои организмро бо ҳам алоқаманд мекунанд. Системаи асаб ҳам ба монанди ҳормонҳо ба узвҳо таъсир расонида, корашонро тез ё суст мекунад. Бинобар мавҷудияти мағзи сар организм аз тағйирёбии шароити муҳит мунтазам бохабар мешавад, чунки байни мағзи сар ва тамоми узвҳо алоқамандии тарафайн мавҷуд аст.

Давоми матн пас аз блоки реклама
Расми 8. Гадудхои тарашшухи беруни
Расми 8. Ғадудҳои тарашшуҳи берунӣ

Танзимкунандаҳои асабӣ ва ҳуморалӣ алоқамандии дутарафа ва кори бо ҳам мувофиқи системаи узвҳоро амалӣ мегардонанд. Аз ҳамин сабаб, организм ҳамчун як узви бутун (том) амал мекунад. Ин ду система пойдории муҳити дохилӣ ва устувории тамоми вазифаҳои организмро дар натиҷаи худтанзимкунӣ таъмин мекунанд. Худтанзимкунӣ ҳолатеро меноманд, ки ҳар як дигаршавии таркиби муқаррарии муҳити дохилии организмро системаи асаб ва ҳуморалӣ ба ҳолати аввалааш бармегардонанд. Мисол, дар вақти зиёд шудани миқдори қанд (глюкоза) дар хун системаи асаб ва ҳуморалӣ ба кор даромада, миқдори қандро кам мекунанд.


Дониши худро санҷед:

  1. Фаъолияти ба хам мувофики хучайрахо, бофтахо, узвхо ва системаи онхо бо чи таъмин мегардад?
  2. Танзими хуморали чист?
  3. Фарки байни гадудхои тарашшухи беруни ва дохили дар чист?
  4. Танзими асаби чист ва аз хуморали чи фарк дорад?
  5. Худтанзимкуни чист ва чи ахамият дорад?