Муаллими мактаби ибтидои – поягузори илму дониш ва тарбия.
Муаллими мактаби ибтидоиро дар ҷомеа нафақат барои «муаллими аввалин» буданаш, ҳамчунин баҳри поягузориаш дар илму маърифат ва навниҳолони солим тарбия карданаш қадр мекунанд. Чунки таълиму тарбияи мақсадноки насли наврас аз ин сарчашмаи боэътимод оғоз мегирад. Муаллим ҳамчун роҳбари синфи ибтидоӣ кӯшишу заҳмати зиёд ба харҷ дода, шогирдонашро аз ҷиҳати дониш ва аз ҷиҳати рафтору кирдор сазовори давру замон дар зинаи нави болоравӣ мегузорад.
Яке аз вазифаҳои басо масъулиятноки рӯзмараи муаллим тибқи нишондодҳои фанни нави «Одобнома» тарбия кардани кӯдакон мебошад. Зеро «Ободнома» шогирдонро пайваста бо панду ҳикматҳои ниёгону муосир, анъанаҳои миллӣ, ба хушрафторӣ, одаму одамгарӣ, раҳму шафқат, ақлу заковат, лутфу эҳсос ҳидоят намуда, навдаҳои навниҳолонро пурбор мегардонад. Ба роҳбарони синфҳои минбаъда лозим аст, ки ба сербории ин навдаҳо ғамхорӣ зоҳир намоянд, то ки онҳо осебе надида, бо сифатҳои нав ба нав ба «пазиш» рӯ оваранд.
Вазифаи дигари муаллимон ва роҳбарони синф – талабаҳоро ба маҳфилҳои дилчаспашон ҷалб намудан, ба мутолеаи адабиёти бадеӣ, илмӣ – оммавии беруназтаълимӣ (мувофиқи синну солашон) ташвиқ кардан; донишҳои онҳоро баланд бардоштан, қобилияту истеъдодашонро ошкору ривоҷ додан. Илова бар ин нисбати тарбияи ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ, варзишу беҳдошти онон сарварӣ бинмудан аст. Ҳини саёҳатҳои гуворои табиат дастпарваронро ҳаддалимкон бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ, ба ғундоштани тухмиҳо, гулу гиёҳҳои дурувор, инчунин дар корҳои худхизматрасонии ошхонаи мактаб, китобхона ва таъмири китобҳо ва ғайра ҷалб намудан аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.