Организм ва хосиятҳои асосии он

Организм ва хосиятхои асосии организм


Инсон ва табиат. Мувофиқи гуфтаи падари физиологияи рус олими бузург И. М. Сеченов, мавҷудияти организм бе муҳити беруна ғайриимкон аст. Барои он ки дар байни организм ва муҳит мунтазам мубодилаи моддаҳо ба амал ояд, организм бояд аз муҳит оксиген ва моддаҳои ғизоӣ гирад. Аз ҳисоби онҳо ҳуҷайраҳои нав ба вуҷуд меоянд ва кори узвҳо, масалан мушакҳоро таъмин менамоянд. Дар баробари ин, организм ба муҳити беруна маҳсулоти нодаркор, моддаҳо ва гармии зиёдатиро хориҷ мекунад. Ба организм, инчунин омилҳои гуногуни табиӣ: тағйирёбии ҳарорати ҳаво, намнокӣ, нурҳои радиоактивӣ, нурҳои офтоб, боридани барфу борон, тӯфон, тундбод, сӯхтор, заминҷунбӣ таъсир мерасонанд. Ҳангоми каме тағйир ёфтани ҷойи зист организм кори худро тағйир дода, ба шароити нав мутобиқ мешавад. Масалан, ҳангоми баланд шудани ҳарорати ҳаво нафаскашӣ ва кори дил тез шуда, аз бадан бештар арақ ҷудо мешавад.

Одам баробари ба вуҷуд овардани шароити хуби зиндагӣ (манбаи доимии гармӣ, об, неру, манзил, асбобҳои гуногуни меҳнат, сарулибос, дору, нақлиёт) нисбат ба дигар организмҳои зинда метавонад худро ба омилҳои номусоиди муҳити табиӣ бештар одат кунонда, воситаҳои аз он муҳофизаткуниро ба вуҷуд орад.

Ҳамаи ин шароити мусоид дар натиҷаи фаъолияти мақсадноки тамоми ҷамъияти инсонӣ дар давоми ҳазорсолаҳо ба вуҷуд оварда шуд. Ба туфайли ин, одам тавонист, ки дар ҳар минтақаи ҷуғрофии Замин: дар Шимоли Дур ва биёбонҳо, дар рӯйи замин ва зери об, дар водиҳо ва ноҳияҳои баландкӯҳ, дар зери замин ва коинот зиндагӣ кунад. Одам бе ягон тайёрии махсус дар ҳарорати ҳавое, ки то ба 60° (аз +50°С то +70°С) тағйир меёбад, зиндагӣ карда метавонад. Дар чунин ҳолат, одам на танҳо зиндагӣ мекунад, балки дар шароити табиии барояш ғайримуқаррарӣ босамар кор ҳам карда метавонад.

Одам чун як ҷузъи зинда бо табиат ҳамкорӣ мекунад. Аз табиат нафту газ, маъдану масолеҳи бинокорӣ гирифта, онҳоро чун маҳсули меҳнати худ истифода мебарад. Барои ҳаёти одамон, инчунин маҳсулоти наботот ва ҳайвонот зарур аст. Ҳамин тавр, одам нисбат ба муҳити табиӣ истеъмолкунанда мебошад. Дар айни ҳол одам заминҳоро обёрӣ карда, дар пеши роҳи маҷроҳои харобиовар бандҳо месозад, баҳрҳои сунъӣ ба вуҷуд оварда, табиатро тағйир медиҳад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Муносибати тарафайни одаму табиат масъалаи нисбатан изтиробовари ҷамъияти имрӯза мебошад. Маълум аст, ки табиат муҳити сукунати одам мебошад. Ба он на танҳо ҳолати саломатии имрӯзаи аҳолии рӯйи замин, балки ояндаи инсоният вобаста аст. Муносибати тарафайни одаму табиат бояд ба қоидаҳои оқилона ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои табиӣ ва беҳтар кардани муҳит асос ёбад. Амалиёти тарафайни табиату одам бояд муташаккилона, ва бо раванди назорати ҷиддӣ ба амал бароварда шавад. Одам барои пурра нигоҳ доштани муҳити табиат, мақсаднок тағйир додани он масъул аст. Дар ҷумҳурии мо муҳофизати табиат кори умумихалқӣ буда, онро қонун муайян кардааст. Тадбирҳои муҳофизати табиат ба таври илмӣ асоснок ва амалӣ карда мешаванд. Нигоҳ доштани тозагии ҳаво, захираҳои об, хок, олами набототу ҳайвонот гарави саломатии ҷисмонӣ ва маънавии насли инсон аст.

Табиати биоичтимоии одам

Табиати биоиҷтимоии одам. Одам зери назорати ду барнома – биологӣ ва иҷтимоӣ ба камол мерасад.

Барномаи биологӣ хусусияти сохт ва физиологияи организми одамро муайян мекунад. Он дар раванди таҳаввулоти дуру дароз ба миён омадааст. Хромосомаҳо ирсияти биологӣ буда, аз волидайн ба фарзанд мегузаранд.

Барномаи иҷтимоӣ ба таъсири муҳит ва одамони гирду атроф, ташаккул ёфтани шахсияти одам вобаста аст. Моҳияти иҷтимоии шахс аз сифатҳои ба монанди ахлоқ, виҷдон, ватандӯстӣ, маълумот, фарҳанг ва ғайра иборат аст. Барномаи иҷтимоиро тамоми инкишофи ҷамъиятию таърихии инсоният ба миён овардааст. Он аз насл ба насл намегузарад. Ҳар як одам дар давоми умри худ дар байни одамони ба худ монанд зиндагӣ карда, онро тадриҷан меомӯзад. Ҳар насли калонсол дар ташаккул ёфтани шахсияти насли хурдсол саҳм мегузорад. Дар ин ҷараён зуҳуроти ботинии одам муносибати ӯ ба таъсири шароити беруна низ ташаккул меёбад. Дар корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ иштирок кардани одам дар ташаккул ёфтани шахсияти ӯ нақши ҳалкунанда мебозад.

Вазифаи ҳар як ҷамъияти пешқадам тарбия намудани насли солим ва аз ҷиҳати эҷодӣ ва маънавӣ ғанӣ кардани инсони ҳақиқӣ аст. Ташаккул ёфтани чунин шахсият раванди дуру дароз ва мураккаб аст.


Дониши худро санчед:

  1. Амалиёти тарафайни организм бо мухити беруна аз чи иборат аст?
  2. Омилхои биологи ва ичтимои дар ташаккул ёфтани одам чун шахсият чи ахамият доранд?
  3. Сабаб чист, ки одам ба шароит хеле номусоид одат мекунад?
  4. Фарки омилхои биологи аз ичтимои дар чист?
  5. Дар раванди мутобикшави кадом узвхои организм иштирок мекунанд?
  6. Мохияти ичтимоии одам чиро дар бар мегирад?
ҚаблӣОрганизм ҳамчун як воҳиди том
БаъдӣХосиятҳои умумии сохти системаи асаб