Бофтаҳо, аъзо ва танзими узвҳо

Бофтахо, аъзо ва танзими узвхо


Бофтаҳо. Бофта чист? Маҷмӯи ҳуҷайраҳо ва моддаи байниҳуҷайравие, ки аз рӯйи пайдоиш, сохт ва иҷрои амал ба ҳамдигар монанд буда, вазифаи якхеларо иҷро мекунанд, бофта номида мешавад.

Дар организм чор гурӯҳи бофтаҳо ҳастанд: эпителӣ, васлкунанда (пайвасткунанда), мушакӣ ва асабӣ (расми 5).

Расми 5. Бофтаҳо
Расми 5. Бофтаҳо

Бофтаи эпителӣ (аз калимаи юнонии эпи – дар рӯй, дар боло) рӯйи бадан, ғадудҳо ва ковокиҳои узвҳои дохилиро мепӯшонад.

Ба бофтаи васлкунанда хун, лимфа, бофтаҳои устухонӣ, тағоякӣ ва ғизоӣ дохил мешаванд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бофтаи мушакӣ бофтаи асосии мушакҳои скелетӣ ва дигар узвҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад. Ин бофтаҳо вазифаи кашишхӯриро иҷро мекунанд.

Бофтаи асабиро бофтаҳои мағзи сар ва ҳароммағз ташкил мекунанд. Ҳуҷайраҳои асабро нейрон меноманд. Нейрон аз се қисм: ҷасади нейрон, изофаи кӯтоҳ, изофаи дароз иборат аст.

Аъзо ва системахои узвхо

Аъзо ва системаҳои узвҳо. Аз бофтаҳо узв ба вуҷуд меояд. Узвҳо шакл, сохт ва мавқеи муайян дошта, вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Як қисми узвҳо дар ковокии бадан (расми 6) ҷой гирифтаанд ва аз ҳамин сабаб онҳоро узвҳои дохилӣ меноманд (расми 5).

Расми 6. Ковокии бадан
Расми 6. Ковокии бадан

Узвҳое, ки якҷоя вазифаи умумиро иҷро мекунанд, инҳоянд:

Системаи такягоху харакат

Системаи такягоҳу ҳаракат. Аз устухонҳо ва мушакҳои ба онҳо часпида иборат аст. Ин система имконият медиҳад, ки одам рост истад, ҳаракат кунад, корҳои мураккабро иҷро кунад, инчунин узвҳои дохилиро аз осеббинӣ ҳимоя намояд.

Системаи хозима

Системаи ҳозима. Дар ҳазмкунии ғизо, ҷаббидани моддаҳои ғизоӣ дар хун иштирок мекунад. Системаи ҳозима аз нойи ҳозима – ковокии даҳон, ҳалқ, сурхрӯда, меъда, рӯда ва ғадудҳое, ки аз худ шираи меъда, рӯда, зери меъда, ҷигар ва ғайраҳоро дар бар мегирад.

Системаи иммуни

Системаи иммунӣ. Организмро аз таначаҳои бегонаи зараровар ва моддаҳои зидди онҳо ҳимоя мекунад. Ба ин система мағзи сурхи устухон, ғадуди душоха (тимус), гиреҳҳои лимфагӣ, испурч, бофтаҳои лимфоидӣ, роҳҳои нафаскашӣ ва узвҳои ҳозима дохил мешаванд.

Системаи гардиши хун

Системаи гардиши хун. Узвҳои бадани одамро бо моддаҳои ғизоӣ, оксиген таъмин намуда, аз он гази карбон ва дигар моддаҳои нодаркорро ба узвҳои ихроҷ меорад. Хун вазифаи ҳимоявиро иҷро мекунад.

Системаи нафаскаши

Системаи нафаскашӣ. Раванди мубодилаи газҳо байни муҳити беруна ва шуш мебошад. Ба ин система ковокии бинӣ, гулу, ҳалқ, нойи нафас, бронхҳо, бронхиолаҳо, алвеолаҳо ва шуш дохил мешаванд.

Системаи шошаю таносул

Системаи шошаю таносул. Узви асосии системаи шошаро гурдаҳо ташкил мекунанд, ки тавассути онҳо аз организм ба воситаи пешоб моддаҳои нодаркор бо роҳҳои пешобгузар ба пешобдон (масона) ва аз он бо роҳҳои пешоббаро ба берун бароварда мешаванд. Тавассути узвҳои таносул насли оянда тавлид мешавад, ки он ҳангоми омезишёбии нутфа бо ҳуҷайратухм ба амал меояд.

Системаи асаб

Системаи асаб. Тавассути ин система танзимкунии кори якҷояи ҳамаи узвҳо ва мутобиқатии онҳо ба шароити муҳит таъмин карда мешавад. Масалан, ба воситаи узвҳои ҳис, чашм, гӯш, бинӣ, забон, пӯст алоқамандӣ бо муҳити атроф таъмин карда мешавад. Бе мавҷудияти системаи асаб фаъолияти бошууронаи одам ва рафтори ӯ танзим карда намешавад. Системаи асаб аз майнаи cap, ҳароммағз, қисмҳои асаб иборат аст.

Расми 7. Узвхои дохили (даруни)
Расми 7. Узвҳои дохилӣ (дарунӣ)

Системаи эндокрини (дохили)

Системаи эндокринӣ (дохилӣ). Ғадудҳои секретсия (тарашшуҳ)-и дохилӣ, ки аз худ ҳормон ҷудо мекунанд, танзимкунандаҳои идоракунии биологӣ тавассути хун ва моеи организм ба ин ё он узву бофтаҳои организм бурда мешаванд ва таъсири худро мерасонанд. Ба ин система ғадудҳои ҳипофиз, эпифиз, сипаршакл, наздисипаршакл, душоха (тимус), зери меъда, болои гурда, ҷинсии мардона, занона дохил мешаванд. Ҳормонҳо ба фаъолияти организмҳо таъсири мусбат ва манфӣ мерасонанд.

Системаи функсионали

Системаи функсионалӣ. Барои иҷрои ин ё он вазифа узвҳои организм дар якҷоягӣ амал мекунанд. Ин фаъолияти муваққатии онҳоро системаи функсионалӣ меноманд. Аввалин маротиба, соли 1935 системаи функсионалиро ба илм дар асоси таҷрибаҳои худ олими бузурги рус П. К. Анохин дохил кардааст.

Ҳамин тавр, организми одам хеле мураккаб буда, аз системаи узвҳо сохта шудааст, ки онҳо аз бофтаҳо, ҳуҷайраҳо ва моеи байниҳуҷайравӣ иборатанд.


Дониши худро санҷед:

  1. Бофта чист?
  2. Кадом бофтахоро медонед?
  3. Моеи байнихучайрави чист?
  4. Кадом бофта баъди осеб дидан тез баркарор мешавад?
  5. Чаро хуни моеъро ба бофтахо дохил мекунанд?
  6. Узвхо кадом вазифаро ичро мекунанд?
ҚаблӣХосияти ҳаётии ҳуҷайра. Муҳити дохилии организм
БаъдӣОрганизм ҳамчун як воҳиди том