Навда, барг ва поя

Навда, барг ва поя

Навда чист? Навда узви мураккаб буда аз тана, барг ва муғҷа иборат аст. Барг аз тана дар буғумҳо (банд) мебарояд, муғҷа бошад дар нӯги навда ва дар бағалаи барг ҷойгир шудааст.

Якчанд намудҳои ҷойгиршавии барг: пайдарҳам (навбатӣ), рӯ ба рӯ, ҳалқагӣ дида мешавад.

Вазифаи асосии навдаҳои нашвӣ – ғизогирии ҳавоӣ мебошад.

Муғҷаи нашвӣ – пайдокунандаи навдаи нашвӣ буда, дар он пояи ибтидоӣ, барги ибтидоӣ ва муғҷаи ибтидоӣ ҷойгиранд.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар пояи ибтидоии муғҷаҳои гулӣ, гули ибтидоӣ ё гул ҷойгир шудааст.

Навда дар дохили муғҷа месабзад. Аз бофтаҳои ҳосилкунандаи конуси нуқтаи расиш банди нави поя бо барги ибтидоӣ дар шакли теппача пайдо мешавад.

Шохронӣ чист? Шохронӣ – кушодашавии муғҷаҳои паҳлуӣ мебошад. Дар раванди шохронӣ системаи навдаҳо пайдо ва ташаккул меёбанд. Аҳамияти шохронӣ ба вуҷуд овардани сатҳи васеи барг, майдони калонро пайдо кардан, зиёд намудани миқдори гул ва мева мебошад.

На ҳамаи муғҷаҳо дар як вақт месабзад. Як муғҷаи рустании бисёрсола баъди зимистонгузаронӣ соли дигар навдаи навро пайдо мекунад. Муғҷаҳои дигар (муғҷаҳои хобанда) метавонанд якчанд сол зинда ва ором ҳамчун эҳтиётӣ нигоҳ дошта шаванд ва баъди зарарбиниҳои гуногуни рустанӣ ба сабзиш оғоз намоянд.

Ҳангоми шохронӣ навдаҳо ба якдигар таъсир мерасонанд. Агар нӯги навдаи нумӯёфтаистодаро буранд, шохронии онро мушоҳида кардан мумкин аст. Тавассути навдабурӣ ташаккулёбии системаи навдаҳо ё башаклдарории рустаниро идора кардан мумкин аст. Дарозии байни бандҳои навдаҳо гуногун (кӯтоҳ ва дароз) мешаванд.

Навъхои навда: Навдаҳо ростистода, нимростшуда, хобанда, хазанда, печанда, часпидабароянда шуда метавонанд.

Навдаҳои зеризаминӣ – пояреша, лӯнда, пиёзак – шаклдигаркарда буда, вазифаи захира намудани моддаҳои ғизоӣ ва афзоиши нашвиро иҷро мекунанд.

Барг аз паҳнак, думча, асос ва наздбаргаҳо таркиб ёфтааст. Думча баргро бо поя пайваст мекунад. Чунин баргҳоро баргҳои думчадор меноманд ва барги бедумчаро – нишаста меноманд. Агар думчаи барг фақат як паҳнаки барг дошта бошад онро барги сода ва барг дорои якчанд паҳнаки барг бошад, онро барги мураккаб меноманд.

Баргҳои мураккаб метавонанд сечанда, панҷашакл, паршакли мураккаб шаванд.

Баргҳои паршакли мураккаб дар навбати худ ба ҷуфтпаршакл ва тоқпаршакл тақсим мешаванд.

Рагронии баргҳо метавонанд паршакл, панҷашакл (ба рустаниҳои дупалла хос аст) мутавозӣ, камонакшакл (ба   рустаниҳои якпалла хос аст) шаванд.

Бофтаи пӯшиши барг аз ҳуҷайраҳои духела: якеяш калони беранг, шаффоф, бо ҳамдигар зич пайваст буда ва дигарашон – хурд, сабз аз масома пайдокунанда сохта шудааст. Тавассути роҳи масома ҳаво ба ҳуҷайраҳои дохилӣ ворид ва бароварда мешавад.

Мағзи барг аз бофтаҳои сутуншакл ва исфанҷшакл таркиб ёфтааст.

Ба таркиби рагҳои барг лиф, чӯб, нахҳои бофтаҳои механикӣ дохил мешаванд.

Дар хлоропластҳои ҳуҷайраҳои мағзи барг фотосинтез мегузарад. Дар раванди фотосинтез аз об ва гази карбонат моддаҳои органикӣ ҳосил шуда, оксиген хориҷ мешавад. Дар раванди фотосинтез энергия дар шакли моддаи органикӣ захира мешавад. Дар вақти нафаскашӣ моддаи органикӣ таҷзия шуда, энергия ва гази карбонат хориҷ мешавад. Фотосинтез дар равшанӣ дар давоми шабонарӯз мегузарад.

Бухоршавии об аз барг асосан тавассути роғи масома дар шакли буғ ба берун хориҷ мешавад. Бухоршавӣ рустаниро аз гармшавӣ (тасфидан) ҳифз намуда, ҳаракати бошиддати обро таъмин менамояд ва моддаҳои ғизоии дар он ҳалшударо аз реша ба қисми рӯйизаминии рустанӣ мебарорад. Рустанӣ ҳангоми норасоии об худро аз бухоршавии барзиёд бо пӯшидашавии масомаҳо муҳофизат мекунад.

Поя ҷузъи таркибии навда мебошад. Поя вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: такягоҳ, интиқол, фотосинтезкунанда, захиракунанда.

Ба таркиби пояи чӯбшудаи бисёрсола бофтаҳои зерин: пӯшиш (пӯк), лиф (найчаи элакшакл ва ҳуҷайраҳои ҳамроҳак, нахи лиф, ҳуҷайраҳои захиракунанда), ҳосилкунанда (камбия), чӯб (найчаҳо, нахҳо, ҳуҷайраҳои захиракунанда), ҳуҷайраҳои захиракунандаи дилак дохил мешаванд.

Ба туфайли боавҷ тақсим шудани ҳуҷайраҳои камбий танаи (пояи) буттаву дарахтон ва пояи гиёҳҳои бисёрсола ғафс мешавад. Рушди чӯбро аз рӯйи солҳалқа муайян мекунанд. Тавассути солҳалқа синну соли дарахту шохаҳои аррашуда шароити иқлимии солҳои дури гузашта ва чун қутбнамо (компас) самти уфуқро муайян мекунанд.

Об бо моддаҳои маъданӣ ва органикии дар он ҳалшуда аз реша тавассути чӯби поя ба тамоми узвҳои поя ҷорӣ мешавад.

Маҳлули моддаҳои органикӣ аз баргҳо ба тамоми узвҳои рустанӣ тавассути лиф, бо найчаҳои элакшакли он мегузарад.