Овоз чист? Харф чист? Ин хама маълумот инҷо >>
Овозҳоро мо талаффуз мекунем ва мешунавем. Масалан, мо дар калимаи модар овозҳои м, о, д, а, р -ро талаффуз мекунем.
Овозҳоро бо ҳарфҳо ифода менамоем. Овозҳои калимаи модарро бо воситаи ҳарфҳои м, о, д, а, р менависем. Ҳарфҳоро мебинем ва менависем.
Дар давраҳои қадим хат набуд ва одамон фақат аз нутқи шифоҳӣ истифода мебурданд.
Ҳарфҳо аломатҳои шартие мебошанд, ки овозҳоро ифода мекунанд. Овозҳоро дарозу кӯтоҳ, баланду паст талаффуз карда метавонем, аммо ҳарфҳо чунин хусусият надоранд. Онҳо хурду калон, чопиву дастӣ мешаванд.
Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст